logo

ҳуқуқ

 "ҲУКМИ СУД ИҶРО НАМЕШАВАД, ЧАРО?"


(Ҷавоб ба муроҷиати шаҳрванд Бибисоро Болтаева, ки 11 декабри соли 2019 дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» нашр гардидааст)
Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аризаи шаҳрванд Бибисоро Болтаева, сокини ноҳияи Темурмаликро вобаста ба иҷро нагардидани варақаи иҷро бо ҳукми суди ноҳияи Темурмалик аз 26 декабри соли 2017 оид ба аз ҳисоби собиқ келинаш маҳкумшуда Шаҳноза Сафарова ба фоидаи писараш Суҳроб Давлатов рӯёндани маблағи зарар ба андозаи 72465 сомонӣ, мавриди баррасӣ қарор дода, аз натиҷааш ба муаллиф 1 август, 17 сентябр ва 14 ноябри соли 2019 ҷавоб ирсол намуда буд.
Зимни баррасӣ муайян карда шуд, ки бо ҳукми суди ноҳияи Темурмалик аз 26 декабри соли 2017 Ш. Сафарова дар содир намудани ҷинояти бо моддаи 255 қисми 2 бандҳои «а, в» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда гунаҳгор дониста шуда, нисбат ба ӯ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати ду сол таъйин шудааст. Дар асоси моддаи 71 Кодекси ҷиноятӣ ҷазои таъйиншуда шартан татбиқ нашуда, як сол муҳлати санҷишӣ таъйин гардидааст.
Ҳамзамон, тибқи ҳукми суд аз ҳисоби маҳкумшуда Ш. Сафарова ба фоидаи С. Давлатов рӯёниши маблағи зарар ба андозаи 72465 сомонӣ муқаррар гардидааст. Варақаи иҷро бо ҳукми суд 4 марти соли 2019 барои таъмини иҷро ба иҷрочиёни Хадамоти иҷро дар вилояти Хатлон, ноҳияи Темурмалик ирсол гардида, мавриди иҷро қарор дода шудааст.
Омӯзиши истеҳсолоти иҷро нишон дод, ки иҷрочии Хадамоти иҷро дар ноҳияи Темурмалик бо мақсади таъмини иҷрои санади судӣ ҷиҳати аз ҳисоби қарздор Ш. Сафарова ба фоидаи С. Давлатов рӯёндани маблағи зарар дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» баҳри дарёфт кардани молу мулк, маблағҳои пулӣ ва даромади дигари қарздор, ки ба онҳо нигарондани ситониш мумкин аст, чораҷӯӣ намуда, ҷойи истиқомати қарздорро, воқеъ дар манзили истиқоматии волидайнаш аз назар гузаронда, аз мақоми бақайдгирандаи молу мулки ғайриманқул, Бозрасии давлатии автомобилӣ, бонк, нозироти андоз ва ҷамоат маълумоти заруриро дастрас намудааст. Амалҳои иҷро пурра гузаронда шуданд, аммо молу мулк, маблағҳои пулӣ ва даромади дигари қарздор Ш. Сафарова дарёфт нагардидааст.
Аз баёноти қарздор Ш. Сафарова бармеояд, ки айни замон донишҷӯи коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб буда, бо сабаби надоштани шароити молию пулӣ имконияти пардохти маблағи зарари расондаашро надорад.
Падари қарздор Ш. Сафарова Р. Сафаров низ дар баёноташ қайд кардааст, ки имконияти молиявии пардохти зарари расондаи духтарашро надорад.
Тибқи маълумотномаҳои пешниҳод-намудаи Ҷамоати деҳоти Л. Қармишеви ноҳияи Темурмалик аз 4 марти соли 2019, № 568 ва бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи мазкур аз 19 марти соли 2019 оилаи Ш. Сафарова ҳамчун оилаи камбизоат эътироф гардидааст.
Аз ин лиҳоз, бо қарори иҷрочии Хадамоти иҷро дар ноҳияи Темурмалик аз 18 марти соли 2019 варақаи иҷрои суди ноҳияи Темурмалик аз 26 декабри соли 2017 бинобар дарёфт нагардидани молу мулки қарздор ва ғайриимкон будани ситониш, дар асоси талаботи сархати 4 қисми 1 моддаи 32 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» ба ситонанда С. Давлатов – Б. Болтаева дар муроҷиаташ хоҳиш намуда буд, ки маблағи зарар аз ҳисоби молу мулки хешовандони наздики қарздор Р. Сафарова рӯёнда шавад.
Ба номбурда фаҳмонда шуд, ки қонеъ намудани ин талаботи ӯ имконнопазир аст. Зеро тибқи қонунгузорӣ ҳар шахси болиғи қобили меҳнат барои кирдор ва уҳдадориҳои молиявиаш шахсан ҷавобгар ва масъул мебошад.
Б. САИДВАЛИЗОДА,
муовини якуми сардори
Хадамоти иҷро


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 4.03.2020    №: 47    Мутолиа карданд: 816
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед