logo

иқтисод

МАСТЧОҲ. ФАРДО АЗ ИМРӮЗ ЗЕБОТАР МЕШАВАД

- Даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба вусъат бахшидани корҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни сокинони ноҳия гарму ҷӯшон дастгирӣ ёфт, - гуфт зимни суҳбат ба хабарнигори «Ҷумҳурият» Шавкат Солеҳиён, муовини раиси ноҳияи Мастчоҳ.
 
Бино ба иттилои Ш. Солеҳиён, то Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ дар гӯшаю канори ноҳия сохтмон, навсозӣ ва таъмири 268 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз 236 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ҳоло дар тамоми шаҳраку деҳоти ноҳия корҳои сохтмонии иншооти ҷашнии хурду бузург бомаром идома дошта, соли равон 55 иншоот ба истифода супурда мешавад.
Дар арафаи Ҷашни 23 - солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Ҷамоати шаҳраки Бӯстон иншооти Парчами давлатӣ, қасри фарҳанг, биноҳои шуъбаи маориф, адлия, кӯдакистони хусусии «Офтобак», варзишгоҳи марказӣ, толори варзишии «Паҳлавонони Суғд» ва дар маҳаллаи  Ганҷободи Ҷамоати шаҳраки Суғдиён мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.
Майдони Парчами давлатӣ дар назди бинои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бо харҷи 1,2 миллион сомонӣ дар масоҳати 0,71 гектар сохта мешавад. Баландии сутунпояи  Парчами давлатӣ 50 метр буда, майдон  ба яке аз мавзеъҳои ободу зебои ноҳия мубаддал хоҳад гашт. Тибқи нақша, барои корҳои сохтмонӣ ва муҷаҳҳазсозии қасри фарҳанг бо 1000 ҷойи нишаст беш аз 30 миллион сомонӣ сарф мегардад. Фармоишгари иншоот Дирексияи сохтмони иншооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, паймонкор ҶДММ «Сохтмон» - и ноҳия мебошад. Айни замон дар бунёди иншооти фарҳангӣ наздики 50 сокини маҳаллӣ фаъолият дорад. Дар боғи назди қасри фарҳанг бунёди фаввора, гулгашт, барои кӯдакон шаҳраки афсонавӣ ва чархофалак ба нақша гирифта шудааст.
Бо ибтикори соҳибкори маҳаллӣ Абдуваҳҳоб Ҳасанов бинои муассисаи томактабии хусусии дуошёнаи «Офтобак» қомат афрохта, дар он 160 кӯдак ба таълим фаро гирифта, беш аз 30 кас бо ҷойи кори доимӣ таъмин мешавад. Баробари ин, соҳибкор то соли 2021 дар маркази ноҳия меҳмонхонаи замонавӣ бунёд карданист.
Барои бунёди варзишгоҳи марказӣ бо 10 000 ҷойи нишаст 15 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида, корҳои сохтмонӣ дар авҷанд. Толори варзишии «Паҳлавонони Суғд» дар шафати варзишгоҳи марказӣ аз ҳисоби буҷети вилоят бо харҷи беш аз 1 миллион сомонӣ  сохта мешавад.
Мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 720 хонанда дар ду баст дар асоси дастури Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масоҳати 3,83 гектар бо истифодаи дастовардҳои муосири меъморӣ бунёд гардида, атрофи он бо гулу буттаҳои ороишӣ ва дарахтони сояафкан зебу оро меёбад. Барои таълиму тарбияи  насли наврас шароити беҳтарин фароҳам оварда мешавад. Синфхонаҳо бо аёнияти таълимӣ, тахтаҳои электронӣ, компютер ва дастгоҳҳои лабораторӣ таъмин мегарданд. Барои корҳои сохтмонӣ аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 10 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст. 
Чанде пеш раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни корҳои сохтмонии иншооти ҷашнӣ шинос шуда, ба масъулон барои вусъат бахшидани корҳо супоришҳои мушаххас дод.
- Сокинони  меҳмоннавозу заҳматпешаи ноҳияи Мастчоҳ барои дар сатҳи  баланд ва  бо эҳсоси  гарми ватандӯстиву ватанпарварӣ истиқбол гирифтани Ҷашни  мубораку муқаддаси 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон азму талоши бештар карда, зодгоҳу диёри хешро боз ҳам ободу пешрафта мегардонанд, - гуфт Шавкат Солеҳиён.
 
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 4.03.2020    №: 47    Мутолиа карданд: 890
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед