фарҳанг
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ЭҲЁИ НАВРӮЗ
Оре, Наврӯз аз роҳ мерасад. Ба пешвозаш роҳҳоро об задаем, хонаҳоро покизаву сафед кардаем. Ошиқонаву содиқона ва шоирона ин омаданро интизор будем. Муқаддастарин ҷашни миллии мост, охир. Ҷашни оғози сол, баҳори дилрабо, эҳёи табиат, покӣ, зебоӣ аст. Наврӯз сабзиву сарсабзӣ меорад
ва ҳам ба дилҳо фараҳу нишот. Шабу рӯз баробар мегардад. Наврӯз – ҷашни миллии ҳазорсолаи мо расман мақоми байналмилалиро гирифтааст, яъне он шукӯҳи хосса дорад. Ба ҳама садду монеаҳои рӯзгори пешин ин ҷашн аз миён нарафт, фаромӯш нашуд ва муҳаббати мардум низ ба он кам нагардид. Ин ҷашн омили тақвияти ифтихори миллӣ, шинохти бештару бештари асолати миллӣ, таърихи пурғановати мо мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз оғози сарварияшон ба таҷлили ин ҷашни миллӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекарданд. То ба ӯ ҳеҷ сарвари ин кишвар Наврӯзро бо ин шукӯҳу ҷалол ҷашн намегирифт, ҳатто дар рӯзу солҳое, ки оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба пуррагӣ хомӯш нагашта буд, сулҳу ваҳдати миллӣ барқарор. Яъне, дар вазъияти на он қадар ороми кишвар, Наврӯзро махсус таҷлил мекарданд ва дар ин тантанаҳо худ ширкат меварзиданд. Дар ҳар суханронияшон ба ин муносибат моҳияти онро бештару беҳтар ба аҳли ҷомеа изҳор медоштанд ва таъкид менамуданд, ки Наврӯз бояд сол ба сол дар сатҳи баландтар ҷашн гирифта шавад.
Асолати миллии ин ҷашни ниёгони барӯмандамонро на танҳо эҳёву барқарор намуданд, балки бо иқдомашон ба он беҳтарин навовариҳоро ворид сохтанд. Ҳамасола баргузории мулоқоти Сарвари давлат бо намояндагони зиёиёни мамлакат дар арафаи Наврӯз аз ҷумлаи онҳост. Дар ин мулоқотҳо беҳтарину судмандтарин пешниҳодҳоро барои пешрафту ободонии давлату кишвар мепазиранд. Ҳамзамон, дастурҳои муфидро худашон медиҳанд. Аз ҷумла, соли 2007 дар мулоқот бо намояндагони зиёиёни мамлакат чунин изҳор доштанд: «Миллати мо аз қадимулайём тамоми масъалаҳои ҳаётӣ ва дигар масоили муҳими рӯзгори худро бо роҳи маслиҳату машварат бо донишмандону дӯстон ва шахсони муътабару рӯзгордида ҳал мекунад». Яъне, ба ин васила таъкид доштанд, ки оини амршудаи маслиҳату машварат бояд пойдор бошад ва ҳамзамон, аз он дуруст ва бо хираду дониш истифода бигардад. Агар қиёс бишавад, пештар чанд муддат масъулону сарварони вақт ин гуна маслиҳату машварати зиёиёнро на танҳо намехостанд, балки монеи баргузорияшон мешуданд.
Дар ҳамин мулоқот таҳияи «Энсиклопедияи миллии тоҷик», фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ ва дар навбати аввал гузоштани тарбияи ахлоқиро супориш доданд.
Дар ҳамин мулоқот таваҷҷуҳи зиёиёнро ба номгузории хиёбону кӯчаҳо, боғҳо, донишгоҳҳо, муассисаҳо ҷалб карданд ва ҳам таъкид доштанд, ки дар навиштани ному насаб аз имкониятҳои забони тоҷикӣ истифода шавад.
Дар ҳамин мулоқот таъкид доштанд, ки дар китоби дарсӣ бо истифода аз донишу малакаи пешиниён рӯҳи замон ба инобат гирифта, барои даҳсолаҳо бояд таълиф гардад.
Дар Наврӯзи оламафрӯз бо ташаббусу иқдом ва дастуру супориши Сарвари давлат ятимону маъюбон ва пирони бепарастор дастгирӣ ёфтанд.
Инчунин, хатнасури кӯдакони оилаҳои камбизоат ва тӯйи арӯсиву домодии оилаҳои ҷавони ниёзманд доир шуданд. Ин ҳама дигар ба ҳукми анъанаҳои наврӯзӣ ворид гардидаанд.
Маъракаи васеи ниҳолшинонӣ низ дар арафаи ин ҷашни миллӣ аз ҷумлаи ташаббусҳои Пешвои миллатанд.
Рамзу намоди Наврӯз қабул шуд, ки пештар аз ин собиқа надошт.
Халтаҳои махсусу зебои наврӯзӣ истеҳсол гардид. Дар он тақдими туҳфаҳо, бешак, ба ҳукми анъана медарояд.
Пештар аз Пешвои миллат ҳеҷ сарвари ин кишвар шаҳрвандонашро ба муносибати ин ҷашни миллӣ табрику таҳният намегуфт.
Барҳақ, бо ифтихори миллӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ таъкид медоранд: «Шояд дар олам мисли Наврӯз кам ҷашне вуҷуд дошта бошад, ки русуми дилчасп ва суннатҳои зиндагисози онро миллату халқҳои дигари олам чун дастоварди беназири фарҳангӣ пазируфта, бо ҳамин номи зебои тоҷикӣ таҷлил намоянд». Ва низ ин таъкиди бузургонамонро махсус ёдовар мешаванд: «Ҳар кӣ Наврӯз ҷашн кунад ва ба хуррамӣ пайвандад, то Наврӯзи дигар умр дар шодиву хуррамӣ гузорад». Оре, Сарвари давлат бо таҷлили ин ҷашн, гиромидошти он мехоҳанд тамоми шаҳрвандони кишвар шоду хуррам бошанд ва ҳамчунон бимонанд.
Наврӯз, тавре зикр шуд, чун рӯзи нав, оғози сол, оғози киштукор, оғози баҳори оламафрӯз, эҳёи табиат азизу муътабар аст. Аз ин рӯ, ҳар фарди бедордили кишвар бо як меҳру муҳаббату садоқат чашм ба роҳи омадани он аст. Бо ин ободиву пешрафту амнияти кишвар ва омодагиҳои махсус ҳатман бо шодмонӣ мегӯем: «Гӯед ба Наврӯз, ки имсол биёяд!» Ва Наврӯз ин даъватро, ки бас самимӣ аст, бешак, ба ҷону дил мепазирад. Мо онро имсол аз ҳама солҳои пешин бо сарварии Пешвои миллат беҳтару шукӯҳмандтар ҷашн хоҳем гирифт.
Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 4.03.2020 №: 47 Мутолиа карданд: 766