logo

фарҳанг

 ШОМИ ШАНБЕ


ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ интизор аст.
 
ЧАЙНВОРДИ «РӮЗИ МОДАР»
(Аз боло ба поён ва поён ба боло)
1. Шоири халқии Тоҷикистон.
2. Ягона бонуи саханваре, ки Донишгоҳи адабии ба номи М. Горкийро хатм кардааст.
3. Яке аз бонувони муваффақи сиёсат дар Тоҷикистон.
4. Занҳои қадпасттарини ҷаҳон дар кадом давлат зиндагӣ мекунанд?
5. Ҷавондухтари ғолиби номинатсияи ровӣ дар озмуни «Тоҷикистон – Ватани азизи ман».
6. Аввалин зани кайҳоннаварди тоҷик.
7. Аввалин генералзани тоҷик.
8. Аввалин бонуи муштзани тоҷик.
9. Аввалин бонуи ровӣ дар ТВ – Тоҷикистон.
Таҳияи УМЕДҶОН ЮНУСАЛИЕВ
Донишҷӯи курси 2 – юми Донишкадаи
фарҳанг ва санъати ба номи Мирзо Турсунзода
 
Ҷавоб ба муаммои «Баробар ба 19» аз 28 феврали соли 2020
1+14+4=19                              3+10+6=19
4+8+7=19                                6+11+2=19
7+9+3=19                                2+12+5=19
                       5+13+1=19

ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ
Рубрикаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, ғолибон бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз гардонда мешаванд. Мувофиқи талабот, довталабон бояд номи муаллифони матнҳои пешниҳодшударо пайдо ва ба идораи рӯзнома пешниҳод намоянд.
Фирдавсӣ хост бидонад, ки интизории гузарондани «Шоҳнома» ба дарбор боз чӣ қадар тӯл мекашида бошад. Бо ин мақсад ӯ як пагоҳ ба кӯшки Унсурӣ рафт. Маликушшуаро ба саломи ӯ нимшунаво алайк гуфта, аз вай хомӯшона ва сард пазироӣ кард. Аз чӣ бошад, ки табъаш хира буд. Баъд аз сукут ба рӯйи Фирдавсӣ нигоҳ накарда гуфт...
* * *
Модар фаришта буд, фақат болу пар надошт,
Шояд ки дошт болу пар, аммо хабар надошт.
Ё дошт огаҳӣ зи пару боли хеш, лек
Майли ҷудо шудан зи ману аз падар надошт.
Ҷавоб ба рубрикаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз 28 феврали соли 2020
Ҷалол Икромӣ
Лоиқ Шералӣ
Масъули рубрика ЗУЛОЛА БОБОРАҶАБОВА
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru;  Бо мо ҳамкорӣ намоед! Телефон: 238-53-40
 

БО МОДАРИ ХЕШ МЕҲРУБОН БОШ!

Сарватманде ба шарафи зодрӯзи писараш зиёфати бошукӯҳе орост ва ашхоси маъруфи шаҳрро даъват кард. Барои фақирон низ дар майдони марказии шаҳр дастархони идона густурд. Ҳангоми авҷи ҷашни зодрӯз дарвозаи сарватмандро  пиразане, ки дар тан либоси дарида дошту сари худро бо рӯймоли куҳнае печонда буд, кӯфт. Дарбон ба пиразан фаҳмонд, ки барои онҳо на дар ин ҷо, балки дар майдони марказӣ зиёфат оростаанд ва шумо ҳам он ҷо равед.
- Ман ба ғизо эҳтиёҷ надорам, иҷозат диҳед то ба кӯдак боре назар андозам, - хоҳиш кард пиразан. - Ман ҳам модарам ва писаре ба дунё оварда будам. Ҳоло танҳо зиндагӣ дорам, солҳост писарам аз аҳволам бехабар аст.
Хизматгор дархости модарро ба хоҷааш расонд. Сарватманд аз пушти тиреза назар андӯхт ва пиразанро дида, табъаш хира гашту амр кард то ӯро аз қаср биронанд.
Пиразан аз чунин ранг гирифтани кор гирён шуд, вале дили бузург, ки дошт,  ба хизматгор гуфт:
- Ба хоҷаат бигӯ, ки ман ба писар ва набераам саломативу хурсандӣ мехоҳам. Боз бигӯ: «Ҳар касе модари хешро эҳтиром кунад, модари дигареро намеранҷонад».
Чун суханони пиразанро ба хоҷа расонданд, ӯ дарк кард, ки зан модараш аст. Зуд аз ҷояш бархеста занро ҷӯё шуд, аммо ӯро дигар наёфт.
Таҳияи Сайфулло АШУРОВ
 
МАНИЖА.
ТОҶИКДУХТАРЕ ДАР САҲНАИ БУЗУРГИ ҲУНАР

Ҳунарнамоии Манижа Аминова, навраси тоҷик аз вилояти Смоленск, ки ҳамроҳи Валерия Базикина дар барномаи охири “Голос. Дети”- и шабакаи 1-и телевизиони Россия суруди “Трава у дома”- и гурӯҳи “Земляне”-ро сароид, доваронро тасхир кард.
Озмуни The Voice Kids, ки дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон гузаронда мешавад, натиҷаҳои моҳи февралро дар ҷаҳон раддабандӣ карда, ҳунарнамоии Манижа ва Валерияро ба сегонаи пешсаф шомил намудааст. Дар ин раддабандӣ 10 навори сертамошобинтарини кӯдакону наврасон дар ҷаҳон тайи моҳи феврал ҷамъоварӣ шудааст.
Манижа ҳоло бо аҳли оила дар деҳаи Вёшкии ноҳияи Уграи вилояти Смоленск зиндагӣ мекунад. Ӯ дар баробари иҷрои сурудҳо бо забонҳои гуногун аз фарҳанги миллӣ низ канор намондааст ва сурудҳои тоҷикиро ҳам мехонад.
Таҳияи Лола РИЗОӢ
 
ТОҶИКДУХТАРИ КОКУЛДОР ВА РЕКОРДИ ҶАҲОНИИ Ӯ
- Шамоли сахт мевазид. Дар муқобили он истода аз камон тир паррондан бисёр душвор буд. Хусусан ин ҳол барои ман, ки вазни сабук доштам. Аз ин ҷиҳат, душворӣ мекашидам. Аммо, агар шахс пеши худ мақсад гузорад, комёбӣ насибаш хоҳад шуд. 28-умин чемпионати ҷаҳон оид ба камонварӣ (Интерлакен, Швейтсария, соли 1975) дар шароити шамоли сахт баргузор шуда буд. Лекин Худо ба ман қувват дод ва ғолиби мутлақи он шудам, - ёд меорад аз он рӯзҳо Зебунисо Рустамова.
«Аз рекорди ҷаҳонии тоҷикдухтар ҳама ангушти ҳайрат мегазиданд.  Ҳама омада мепурсиданд, ки ту аз куҷо ҳастӣ? Он замон Тоҷикистон дар харита набуд. Лекин ман харитаро гирифта, кӯҳҳои Помирро нишон медодаму мегуфтам, ки аз инҷо, аз Тоҷикистонам», - иброз дошт ҷаҳонқаҳрамон.
Боиси тазаккур аст, ки дар он чемпионати ҷаҳон тими мунтахаби Иттиҳоди Шӯравӣ маҳз бо маҳорати олии Зебунисо Рустамова аз ҳисоби медалҳо зинаи дуюмро касб кард.
Маҳмуд БАҲРОМ
 
ЗАН ШИШАИ ШАФФОФ АСТ, ӮРО НАШИКАН!
Аз ҳакиме пурсиданд, ки аз мафҳуми зан чӣ ҳикмате ҳувайдо мешавад?
Бо табассум гуфт:
- Зан лавҳе аз шишаи шаффоф аст, ки ботинашро метавонӣ бубинӣ. Агар бо оҳистагӣ ва мадоро бо ӯ муносибат кунӣ, дурахшҳояш афзун мешаванд ва сурати худро мисли ин ки дар он пинҳон шудааст, равшантар мебинӣ, аммо агар рӯзе онро шикастӣ, ҷамъ кардани пораҳояш бар ту сахт мушкил мешавад. Агар резаҳои он шишаро ҷамъ ҳам кардӣ, онро беҳис мебиниву байни шикастҳо фосила мемонад. Худро дар он порашишаҳо пора - пора мебинӣ. Мехоҳӣ бо даст фосилаҳоро наздик кунӣ, аммо дастонат захмӣ мешаванд, аз ин сабаб, занро ҳаргиз машикан ва бо ӯ меҳрубон бош!
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР
 
НИГОҲИ ЗАН
Марди ҳақиқӣ ҳамонест, ки зодрӯзи дӯстдоштаашро ҳамеша дар хотир дорад, вале ҳеҷ гоҳ намедонад, ки хонумаш чандсола аст!
 
МУҲАББАТИ МОДАР ВА ЯК ҲАРФИ ПУРҲИКМАТ
Духтаре бо самимияти хос ба модараш гуфт:
- Модарҷон,  шуморо аз ҳар касу ҳар чиз бештар дӯст медорам ва мутмаинам, ки  ин муҳаббатам ҳамеша бо ман мемонад.  Модар, ки  таҷрибаи зиёди рӯзгор дошт, посух дод:
- Рӯзе  фаро мерасад, ки ту бештар аз ман дигареро дӯст медорӣ.  Духтарак дар ҳайрат афтод ва андешид чӣ касест ӯ, ки вайро аз модараш ҳам бештар дӯст хоҳад дошт.  Солҳо сипарӣ мешуданд ва духтар бо ҳар касе, ки ошноӣ пайдо мекард, меҳри ӯро бо муҳаббати модараш андоза ва  муқоиса менамуд, вале меҳри модар ҳамоно дар мадди аввал қарор мегирифт. Чун ба шавҳар баромад, гумон кард, он нафаре, ки модар гуфта буд, бештар дӯсташ хоҳад дошт,  ӯ аст. Вале бо гузашти айём эҳсос кард, ки  муҳаббати шавҳар шабеҳи қатраву муҳаббати модар баҳр аст.  Вақте фарзанддор шуд  ҳастияшро ба ӯ бахшид. Меҳру муҳаббат нисбат ба  фарзанд қалбашро бештар тасхир кард ва ҳикмати ҳарфи модарашро шинохт.
Таҳияи Нигина РАҲМОН
 
ФАКТҲОИ ҶОЛИБ ДАР БОРАИ 8 МАРТ
• Дар Мадагаскар 8 март танҳо барои занон рӯзи истироҳат аст.
• Аз рӯи анъана дар Португалия рӯзи байналмилалии занонро дар ҷое ҷашн мегиранд, ки ягон мард ҳузур надошта бошад.
• 8 март дар Сурия – рӯзи инқилоб, дар Замбия – рӯзи ҷавонон, дар Малайзия  - рӯзи Султон, дар Ҳиндустон – рӯзи рангпошиву рангбозӣ аст.
• Рӯзи 8 март 44 дарсади занони ҷаҳон гулро интизоранд, 15 – 16 дарсади онҳо маснуоти заргарӣ. 55 дарсади мардон ҳар сол ба занон туҳфа мекунанд, 9 дарсад аз туҳфа кардан дурӣ меҷӯянд.
Таҳияи Сарвиноз ШОДМОНОВА
 
СЕБИ ШИРИН
Духтарак дар даст ду себ дошт. Модар ба ӯ гуфт:
- Духтарҷонам, як себашро ба ман деҳ!
Духтарак зуд як газ аз ин ва каме баъдтар як газ аз себи дигараш гирифт.
Модар аз чунин рафтори духтараш ба ҳайрат афтод ва  мехост ӯро барои ҳарисиаш  сарзаниш кунад, вале ҳамин вақт духтараш яке аз себҳоро ба ӯ дароз карду гуфт:
- Марҳамат, модарҷон, инашро гиред, ширинтар будааст.
Таҳияи Бахтовар КАРИМЗОДА
 
ИСТЕЪДОДИ ФАВҚУЛОДАИ БОНУИ НОБИНО, НОШУНАВО ВА ГУНГ
Хелен Келлер шаҳрванди амрикоӣ дар таърихи инсоният ҳамчун нависандаи нодир эътироф гардидааст. Ӯ дар хурдсолӣ ба беморие дучор мегардад, ки дар як вақт қобилияти шунавоиву биноӣ ва сухангӯиро аз даст медиҳад. Хушбахтона, ин маҳдудиятҳо барои донишандӯзиаш монеа нашуд. Келлер бо иродаи қавӣ ва қалби саршор ба зиндагӣ, тавонист муаллифи 12 китоб гардад. Ӯ аз истифодаи услуби Брайл хонданро ба якчанд забон аз худ намуд. Соли 1904 бошад, дар синни 24 - солагӣ Донишгоҳи Рэдклиффро бо баҳои аъло хатм намуда, дар миёни ашхоси имконияти маҳдуддошта яке аз аввалинҳо шуда маълумоти олӣ гирифт. Келлер ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқҳои инсонҳои имконияти маҳдуддошта, саҳми бориз гузошта, сазовори Ҷоизаи олии шаҳрванди ИМА - медали Озодии президентӣ гардидааст.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО
 
ШӮХИҲОИ ИДОНА
Азизам, 8-уми март барои шумо ид аст, имрӯз дастатро дар оби хунук назан. Зарфҳои чиркинро фардо дурӯза карда, якбора мешӯӣ.
* * *
7 март. Зан ишвакунон аз марди хона мепурсад:
- Ҷооон, пагоҳ барои ман чӣ туҳфа мекунӣ?
- Ту Парижро дӯст медорӣ, азизакам?
- Вааҳ, албатта, аз кӯдакиям мехоҳам онро тамошо кунам…..
- Барселонаро чӣ?
- Ваааҳ, мардакҷон, албатта, дӯст медорам, вале яктояшро бинам кифоя, боз шодикаф нашавам.
- Хайр, майлаш кифоя бошад, кифоя. 8 март ПСЖ-и Париж бо Барселона бозӣ дорад. Париж аз ту, Барселона аз ман.
* * *
Як пешниҳод!
Хоҳиш мекунам, ки 8 март ба 29 феврал гузаронда шавад.

ДАЪВОИ ҒАЙРИОДӢ БА СУД

Духтаре мехост худро зери чархи метро партофта, худкушӣ кунад. Вале чун муваффақ намешавад, шаҳри Ню-Йоркро ба суд медиҳад. Ӯ дар даъвояш талаб кардааст, ки барои аз метро зарба хӯрданаш ба вай 650 ҳазор доллар ҷубронпулӣ диҳанд.
Таҳияи М. МИРЗОЁН
 
МАШҲУРТАРИН ЗАНОНИ СИЁСАТМАДОР
ҲАСИНА ВАҶЕТ, САРВАЗИРИ БАНГЛАДЕШ
Зиндагиномаи ин бону пур аз ҷузъиёти фоҷиабор буд. Соли 1975 қотилон қариб тамоми аҳли оилаи ӯро куштанд. 17 аъзои оилаи ӯ ҳалок гашт. Падараш – шайх Муҷибур Раҳмон, ки сарвазири Бангладеш буд, писараш, се хоҳар ва модараш қатл шуданд. Вале Ҳасина Ваҷет ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, фаъолияти сиёсиашро устуворона давом дод. Соли 1996 бори нахуст ва соли 2009 маротибаи дуввум ба мақоми сарвазири Бангладеш расид.
ҲЕЛЕН ҶОНСОН СИРЛИФ, ПРЕЗИДЕНТИ ЛИБЕРИЯ
Ҳелен Ҷонсон ду донишгоҳи машҳур – Висконсин ва Гарвардро хатм намудааст. Соли 1970  вазири молияи Либерия таъйин гардид. Пас аз он ки мухолифони давлат қудратро ба даст оварданд, Ҳелен маҷбур шуд, ки кишварро тарк кунад. Ба Кения омада, дар он ҷо сарварии ширкати Ситибанкро бар уҳда дошт. Соли 1996 ба Либерия баргашт ва соли 2005 президенти ин кишвар интихоб гардид.
Таҳияи Гулистон МАВЛОНАЗАРОВА
 
ИН ТАВР ҲАМ МЕШАВАД!
САДАМА БО АЙБИ РОНАНДА ҚАРОРИ СУД БА ФОИДАИ Ӯ

Моҳи ноябри соли 2000 сокини иёлати Оклахомаи ИМА Мерв Гражинский бо фургонаш озими саёҳат шуд. Дар шоҳроҳ мошинро бо суръати 115 километр соат меронд, ки дилаш қаҳва хост. Дар ҳоле, ки мошин ҳаракат дошт, аз сари чанбарак бархост ва ба салон рафта, қаҳва омода мекард, ки самти ҳаракати мошин тағйир ёфт ва ба садама дучор гардид.
Мерв, ки ҷон ба саломат бурд, пас аз чанде бо аризаи даъвогӣ ба суд муроҷиат намуд. Дар ариза гуфта мешуд, ки дар дастурамали бехатарии мошин тайёр кардани қаҳва ҳангоми ҳаракат манъ нашудааст. Аз ин рӯ, ширкати истеҳсоли мошин бояд зарари расидаро ҷуброн намояд. Аҷиб ин аст, ки суд шикоятро қонеъ намуда, оид ба пардохтани 1 миллиону 750 ҳазор доллар ва тақдими чунин мошин ба Мерв қарор қабул кард.
Ширкат бо назардошти он ки пайдо шудани мизоҷоне мисли Мерв аз эҳтимол дур нест, маҷбур шуд ба дастурамалаш тағйирот ворид созад ва омода сохтани қаҳваро ҳангоми ҳаракат манъ намояд.
Таҳияи Меҳрангез ҚОДИРОВА
 
ФИНЛЯНДИЯРО ЗАНҲОИ ҶАВОН ИДОРА МЕКУНАНД
Бонуи 34 - сола Санна Марин ҷавонтарин сарвазири кунунӣ дар дунё маҳсуб мегардад. Ӯ қаблан вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Финляндия буд ва, ҳамчунин, сеюмин зане мебошад, ки вазифаи сарвазирии ин кишварро иҷро менамояд.
«Ман дар бораи синну сол ва ирсиятам фикр намекунам. Бароям муҳимтар аз ҳама ин аст, ки ба кадом хотир ба сиёсат машғулам ва ҳар кореро, ки анҷом медиҳам, барои дарёфти интихобкунандагон мебошад», - гуфтааст ӯ.
Ҳамаи сарварони коалитсияи панҷпартиявии Финляндия занҳо мебошанд ва синни чор нафарашон ҳанӯз ба 35 нарасидааст. Ли Андерссон, Мария Охисало, Анна – Майя Хенрикссону Кантри Кулмун мутаносибан роҳбарии партияҳои «Иттиҳоди чап», «Иттиҳоди сабз», «Партияи шведии халқии Финляндия» ва «Марказ»-ро бар уҳда доранд.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 6.03.2020    №: 49    Мутолиа карданд: 946
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед