фарҳанг
РӮЗИ ОЗОДИИ ЗАНОН ДАР ТАҚВИМИ АВЕСТО
Дар гоҳномаи авестоӣ 12 моҳи сол, рӯзҳои ҳафта ва сӣ рӯзи моҳ ба Худо ва як фаришта бахшида шудаанд. Маълум мегардад, ки дар гузашта низ рӯзи озодии бонувон будааст. Он бо номи фариштаи Исфандормуз машҳур аст. Рӯзи панҷуми моҳи дувоздаҳуми гоҳномаи Авесто озодии бонувон қабул шуда буд. Дар ин маврид Фирдавсӣ чунин фармудааст:
Сипандормуз посбони ту бод,
Зи Хурдод рӯшан равони ту бод.
Дар Авасто номи ин фариштазанро Спента Арматӣ (Spenta Armati) ва дар забони паҳлавӣ Спандор ва дар тоҷикии форсӣ Спандормуз гӯянд. Калимаи «спандормат» аз ду ҷузъ иборат аст: «спант» ба маънои «муқаддас» ва «орматӣ» «фурӯтанӣ» ва «фидокорӣ» мебошад. Дар Авасто ва Ригведо Спандорматӣ фариштаи замин аст. Спандормуз дар олами минуӣ мазҳари муҳаббат ва бурдборӣ, тавҷеҳи Аҳуромаздо дар олами ҷисмонӣ, фариштаи муваккили замин ва занҳо шумурда мешуд.
Вазифаи ин фаришта хуррам, обод, пок ва боровар нигоҳ доштани замин мебошад. Ҳар касе кишт мекунад, ниҳол шинонад, заминро обод кунаду ҳосил гирад, фариштаи Спандормузро хушнуд мекунад. Вожаи зан аз калимаи замин реша мегирад ва ба монанди замин боровар мебошад, аз ҳамин ҷиҳат, фариштаи Исфандормуз ҳомии дӯшизаҳо, занон, бонувон низ будааст.
Дар сарчашмаҳои юнонӣ низ Спандормуз фариштаи пуштибони занҳо нишон дода шудааст. Дар қадимулайём - рӯзи ҷуфт омадани номи рӯзу моҳ иди бузурги занҳо баргузор мешуд ва онҳо озодона ҷуфти худро интихоб намуда, оила барпо мекарданд. Новобаста аз табақаи иҷтимоӣ, ҳар нафар худаш ҳамсари ояндаашро интихоб мекард. Дар ин рӯз ҳамаи корҳо ба дӯши мардон гузошта мешуд ва занҳо ид мекарданд.
Занҳо расм ва ҳайкали ин Модархудоро бардошта, ба майдон мерафтанд, сурудхонон ба рақс медаромаданд. Ин ид ҷашни ҳамаи занҳо буд. Ба ғайр аз майдони назди маъбади Исфандормуз ҳайкал ва расмҳои фариштаи зикршударо дар тамоми кӯчаҳо мегузоштанду меовехтанд. Дар ин рӯз мардони муҷаррад низ ба майдон меомаданд ва бонуи ояндаи худро интихоб менамуданд.
Ин рӯзро ориётаборон рӯзи муқаддас ва бороварӣ мешинохтанд. Дар ин рӯз киштро сар мекарданд, ниҳол мешинонданд ва, умуман, корҳои заминиро оғоз мекарданд. Одатан дар ин рӯз дари маъбади Исфандормуз пур аз ҷавонписарону ҷавондухтарони ҷуфтхоҳ буд. Дар ҳамин ҷо, яъне дар маъбади ин фаришта, қарордоди заношавҳарӣ баста мешуд.
Миёни дастхатҳои аз кӯшки Абаргар, машҳур ба кӯҳи Муғ ёфтшуда, хати никоҳи духтари суғдӣ Дуғдонча мавҷуд буд. Дар ҳуҷҷатҳои суғдӣ ақди никоҳи озодазан боқӣ мондааст. Дар он давра мувофиқи оини зардуштӣ маросими аҳд бастани шаҳу арӯс дар маъбади фариштаи Миҳр низ баргузор мешуд. Се ҳуҷҷат тартиб дода мешуд, яке умумӣ, ки дар он чунин омадааст: “Подшоҳии Тархунро 10 сол шуд. Моҳи Масович, рӯзи Осмонроч (душанбе 25 марти соли 710) Утегин бо лақаби Нидан писари Кишик ба шоҳи Навкати писари Вахзанак ба зане, ки дар зери ҳомигии ӯ - Чор бо номи Дӯғдонча ва лақабаш Чат духтари Войюс мебошад. Доданд мувофиқи қонун бо шарте, ки бигзор Утегин ин Чатро ба занӣ қабул намояд, ҳамчун зани дӯстдошта ва комилҳуқуқ, ба ӯ хӯрок, пӯшок ва зинатвориҳо диҳад ва дар хона муҳтабар нигоҳ дорад, ҳамчун зани комилҳуқуқ, озодазан бо шавҳари озодамард. Бигзор Дуғдонча ин Утегинро ҳамчун шавҳари дӯстдошта, нигоҳубин намояд ва гуфтаҳои онро бо эҳтиром, қонунӣ баҷо биёрад, ҳамчун озодазан озодамардро. Агар Утегин бе иҷозати Дӯғдонча зане, маъшуқае гирад, ки сабаби норозигии Дӯғдонча шавад, онро дур кунад ва 30 дирҳами пок ба Дӯғдонча ҷарима диҳад (дар он замон як модагов 6 дирҳам арзиш дошт)”.
Дар ин ақд ҳақ ва ҳуқуқи ҳар ду тараф хеле мушаххас муайян шудаанд. Ғайр аз ин, боз дар ин ҷо ду ҳуҷҷати дигар: қасами мард ва зан навишта шудаанд. Қасами мард дар дасти зан ва қасами зан дар дасти мард нигоҳ дошта мешуд.
Дар замони ислом ин ид тамоман барҳам хӯрд ва ба ҳадия гирифтан аз шавҳарҳо табдил ёфт, аммо баъдан тамоман аз байн рафт. Хуб мешуд, дар ақдномаи заношавҳарии ҳозираи Тоҷикистон бандҳои барои бонувон муфидро ҳамроҳ намоянд, то фурӯпошии оилаҳо коҳиш ёбад.
Хулоса, дар Ориёи Шарқӣ - Суғду Бохтар, Хоразму Фарғона рӯзи озодии занонро озодона ҷашн мегирфтанд. Аз ситорагони бурҷи дувоздаҳгона гурӯҳи Тарозу - Мизон ба ахтари Исфандормуз рост меояд ва одамоне, ки дар ин рӯз ба дунё омадаанд, гармчеҳра, меҳрубон ва андешаманду оқил мешаванд. Дар зиндагӣ ба осонӣ ҷои худро меёбанд.
Занҳо хушмуомила ва нозуктабиат мешаванд. Зебу зинат ва либоси рангорангро дӯст медоранд. Насли дар ин моҳ таваллудшуда, одамони солим ва зебо меоянд. Дар тақвими имрӯза моҳи Исфандормуз аз 20 феврал то 20 март тӯл мекашад.
Юсуфшо ЯЪҚУБОВ,
академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 6.03.2020 №: 49 Мутолиа карданд: 874