logo

фарҳанг

 СИТОИШ


Гумон меравад, ки  ситоишу бузургдошти модар аз замони ронда шудани Одаму Ҳавво аз биҳишт ва зода шудани Қобилу Ҳобил то имрӯз идома дорад ва паямбарону шоирон, суханофарону таронасароён кӯшидаанд, дар намоёнсозии нозукиҳои меҳри модарӣ ва меҳрварзӣ ба модари  сина пур аз меҳр, нуктаи ноберо дарёбанду баён созанд.
Ниёкони дури мо бо назардошти офаранда будани зан, ӯро ҳамбару ҳампояи Замин хондаанд. Ҳамин аст, ки саросари китоби «Авасто» пур аз суханоне дар ситоишу гиромидошти Зан ва Замин аст. (Воқеан, нахустин одамони Заминро «модар» хонда, аз миёни ориёитаборон, тоҷикон ва русҳо мебошанд.) Ончуноне ки дар Фарвардин яшти «Авасто» (бандҳои 153, 154), хонда мешавад:
«Эй Аҳурамаздо! Занонро меситоям. Занонеро, ки аз беҳтарин ошо (офариниши нек), бархурдоранд, меситоям.»
Дар сурудаҳои «Авасто» занро барои фарзандоварӣ зиндагибахш донистаанд ва аз ин рӯ, тоҷикон дар бостон фарзандро пушти модарӣ мешуморидаанд, на падарӣ. Ва Заминро бад - он хотир низ модар хондаанд.
Яке аз ояҳои нахустини ин китоби муқаддаси тоҷикони бостон, «Ниёиши модари зиндагӣ» унвон дорад ва ҳикмати Заминро чунин бозгӯ мекунад, ки аз Замин ҳама чиз меояд ва бад-он ҳама чиз бозмегардад ва ҳар ду зояндаи зиндагианд ва чун Зану Замин аз зоиш бозмонанд, ҷаҳон аз гардиш бозмемонад ва одамону ҷонварону гиёҳон нобуд мешаванд. Ва ҳамчунон омадааст, ки «Эй мардум, дар он рӯзгороне, ки зиндагӣ бароятон ба поён мерасад, фарзандон тавони нигаҳдоштани пайкари беҷонатро дар хона надоранд. Танҳо Модар – Замин аст, ки пайкари ба ҳама нодаркори туро дар синаи худ ҷой мекунад».
Ба пиндори мо дар миёни тавсифҳову ситоишҳои бешумори модар, дар ин ҳазорсолаҳо, намоди аз ҳама беҳтарро тоҷикони бостон дарёфтаанд, зеро он гузаштагони дури мо дар баробари се Худои асотирии худ, ба Худобонуи (эзадбонуи) обҳои пок ва бороварию фаровонӣ - Аноҳид (Аноҳито, ё Ноҳид) намоз мегузоштанд.
Сухансароёни шинохтаи ҷаҳон барои бозгӯ намудани паҳлуҳои нозуктарини рисолати модар, тобиши меҳри зиндагибахш ва худфидоии ӯ, талош доштаанд, зеботарин марворидҳои суханро аз жарфнои дарёи маънӣ берун оваранд. Ва модар аст, ки ситоишҳои фарзандро дар поктарин гӯшаи дил ҷой медиҳад. Занон аз ҳама беш ба он сухансароёне арҷ мегузоранд, ки тавонистаанд, меҳри модарро бо суханони самимӣ ва гӯёву нағз ороста бошанд.
Ҳамон гуна ки солҳои 50 – уми садсолаи гузашта шоири бузург Эраҷ Мирзо, ҳангоми бозгашт аз Аврупо, дар истгоҳи роҳи оҳани Теҳрон мебинад, ки анбӯҳи садҳазораи занон барои пешвозгирии касе воистода буданд. Шоир ҳамин ки аз зинаҳои вагон поён мешавад, як гурӯҳ  занон ӯро рӯи даст бардошта, ба самти майдони марказии пойтахт раҳсипор мешаванд. Касе ба хоҳишу зориҳои ӯ барои раҳо карданаш гӯш фаро намедиҳад ва чун ба майдон мерасанд, шоирро поён фароварда, хоҳиш мекунанд, ки аз силсилашеърҳои ба модар бахшидааш, чанде бихонад. Эраҷ Мирзо дар баробари якчанд шеърҳои овозаманди худ шеъри «Дили модар» - ро мехонад. Ҳамон манзумае, ки ошиқи бехиради маст аз банг, барои расидан ба висоли дилдода, бо шарти гузоштаи вай, ба сарманзили модар рафта, дили ӯро аз сина барканда пеши маъшуқааш гузоштанӣ мешавад. Аммо чун шитоб дошт, пешпо хӯрда дили модарро аз рӯи каф ба замин меафтонад ва оринҷаш, каме харошида мешавад. Ва аз дили пурхуни модар, ки ҳанӯз ҷон дошт, садое оҳиста берун меояд:
Оҳ, дасти писарам ёфт харош!
Воҳ, пои писарам хӯрд ба санг!
Шоирони имрӯз модарро хеле зебо ба фаришта ташбеҳ додаанд, вале ба пиндори мо модар аз фаришта фаротар аст, зеро фаришта он ранҷҳои кашидаи модари рӯи Замин  зиставу ранҷҳои модарӣ кашидаро, надидааст. Шоире дар поёни солҳои 90 - уми садсолаи сипаригашта модари фариштасони худро бо болу пар дармеёбад, аммо нокомии ӯро дар парвоз аз бори сангини парасториву парвариши фарзандону шавҳару хонадон мебинад:
Модарам фаришта аст...
Вале, ҳеҷ вақт надидам парвоз кунад...
Зеро ба пояш....
Манро баста буд...
Хоҳарамро...
Падарамро...
Ва ҳамаи зиндагиашро...
Ва шоири вораста бузургтарин кашфиётҳои зиндагисози олимони ҷаҳонро дар пеши мақоми модари худ ҳеҷ шуморидааст:
Маъзарат мехоҳам, Ниютон..!
Рози ҷозиба модари ман аст!
Маъзарат мехоҳам, Эдисон!
Чаро, ки модари ман аввалин чароғи зиндагии ман аст!
Шоири овозаманди Доғистон  Расул Ҳамзатовро мардум барои гуфторҳои пурэҳсосаш дар бораи модар мепарастиданд. Расул Ҳамзатов – дӯсти устод Мирзо Турсунзода дар манзумаи  «Модаронро эҳтиёт кунед!» чунин гуфтаҳои омӯзандаро овардааст: «Даҳшатноктарин дарди дил онест, ки ту бо чашми худ ба гиряҳои модар менигарӣ, вале чорае надорӣ вайро ором созӣ. Мебояд насли наврасро омӯзонд, ки на танҳо модари худро дӯст бидоранду  арҷ бигзоранд, балки бо модари бегона низ арҷгузору дӯстдор бошанд».
Зафар МИРЗОЁН,
мушовири ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб
 ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 6.03.2020    №: 49    Мутолиа карданд: 837
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед