logo

фарҳанг

 МОДАР


Бузургони мо ҳамеша таъкид бар он мекарданд, ки модарро дӯст ва гиромӣ бидорем. Ҳурмати ӯро воҷиб мешумурданд.
Модар сабаби ҳастии мо дар рӯи олам аст. Ба вақти зодани фарзанд бо марг рӯ ба рӯ мешавад ва бархе аз онҳо ба ин ҳангом ба ҳалокат мерасанд. Агар ҳам аз ӯ бипурсӣ, ки дар интихоби зиндагии худ ва ё фарзанд мухторӣ, ҳатман зиндагии фарзандро мехоҳад. Ин дар ҳолест, ки аз он кӯдак, ки зинда мемонад, ҳеҷ некие, нафъе на дида ва на хостор аст.
Хирадмандон ҳамеша ба қадри модар, ин фариштаи заминӣ, расидаанд ва хоки пояшонро сурмаи чашмони худ кардаанд. Бар дигарон низ таъкид доштанд, ки бо ӯ меҳрубон бошанд, сар аз амру хидматаш барои як лаҳзае натобанд. Биҳишт дар зери қадамҳояш мебошад. Кӣ ба ҷуз модар ба ин шараф ноил гардидааст? Ҳеҷ кас.
Бо ғурури ҷавонӣ агар бар ӯ бонг задаем, оё узрашро хостаем? Ва ҳам дидаем, ки ба ин  ҳангом сиришк аз дидагон рехтааст? Оҳ, агар ин фурсатро наёфта бошему модар аз дунё реҳлат карда бошад. Агарчи ӯ моро бо он меҳру шафқати модарӣ, ки дорад, мебахшад, аммо магар мо метавонем худро бубахшем. Не! Танҳо бехирадон бо ҳар баҳонаву ҳар тасалло барои худ посухи мусбат меҷӯянд ва хоҳон мешаванд.
Аз ҳикоёти Шайх Саъдист барои панду андарзи мо: «Вақте ба ҷаҳли ҷавонӣ бонг бар модар задам. Дилозурда ба кунҷе нишаст ва гирён ҳамегуфт: Магар хурдӣ фаромӯш кардӣ, ки дуруштӣ мекунӣ?». Ҷойи бас таассуф аст, ки мехонему мешунавем ва аз ёд мебарем ва ё бар ин гуна фармудаҳо амал намекунем. Бар забонамон низ амр наменамоем, ки бигӯяд: «Модар, ин бор ҳам фарзанди хашмгину хатокоратро бубахш!».
Агар ҳам баъдҳо бар сари гӯраш бо дуо узри гуноҳамонро мехоҳем, куҷо дили шикастаи ӯро пайванд карда метавонем. На дигар он чашмро дорад, ки бубинад ва на он гӯшро, ки бишнавад.
Ӯ, модар, соҳиби амр низ ҳаст, бояд аз амраш сар напечем.
Ӯ моро ба хубиҳо амр мекунад,  то ҳақро аз ботил бишносем ва дар зиндагӣ роҳи дурустро биёбем.
Ӯ аз мо на моли дунёро хостор аст ва на ашёи рӯзгорро.
Ӯ ба мо роҳ рафтану сухан гуфтанро омӯхт.
Ӯ шабҳо нахуфт, то мо хуш бихусбем.
Ӯ ҳастияшро барои мо бедареғ бахшид.
Боре аз худ пурсидаем, ки мо дар ивази ҳама заҳмату ранҷаш чӣ кардем. Ба қадри якшаба ранҷаш ранҷ набурдаем ва мислаш дар оташи дардҳо насӯхтаему ашк нарехтаем.
Бечора модар, гаҳвора ҳам ҷунбонду суруди «Алла»-ро ҳам бо ҷисму рӯҳи хаста бароямон хонд. Худ нахӯрд, то мо нахӯрдем. Худ напӯшид, то мо напӯшидем, пӯшида нагаштем.
Агар ҳам дарз дӯхт, ба хотири мо дӯхт, агар ҳам дарав кард, ба хотири мо кард.
Бечора модар, баробари ҳар фарзандаш, агар мемирад, мемирад. Не, ба ҳар рӯз сад бор мемирад.
Дар ҳама ҷангҳо, дар ҳама набардҳо фарзандони ӯ ба ҳалокат мерасанд, қурбон мешаванд.
Бечора модар, агар фарзандаш хиёнат мекунад, бори ранҷашро ҳазорон бор, балки бештар ӯ ба дил мебарад ва дар пеши мардум аз ин гуна вазнинии бор сар боло наменамояд.
Модарро бояд бартар аз хеш бидорему болотар аз худ бидонем.
Модар як аст, дар ҳама дунё як аст. Бар ҳеҷ фарзанде, агар ҳам ба рангу нажод, миллат фарқ доранд, бадиеро намехоҳанд, раво намедоранд.
Ҳаққи модарро, ҳамчу фарзанди асил бояд бишносем.
Агар ҳаққи ӯро намешиносем, пас наметавонем ҳеҷ ҳақро бишносем.
Мо барои модар ҳамеша чун кӯдакем, хурдем ва ин ҳақиқатро ҳамин гуна бояд хуш бипазирем. Мабодо ӯро дар пирӣ заиф дарёбему бишуморему аз итоаташ сар бипечем, ки ин гуноҳест, ки агар модар худ набахшад, ҳеҷ кас бахшида наметавонад. Бо он заъфи пирӣ моро неруи бузург мебахшад ва такягоҳи қавиамон мебошад. Агар ҳам чашмони хирабин дораду дасташ ларзону пояш норавон аст, моро аз бузургтарин хатарҳо метавонад ҳифз бикунад, наҷот бибахшад.
Дуои неки ӯ дар ҳаққи мо ба даргоҳи Худо зуд пазируфта ва иҷобат мешавад.
Агар ӯ аз мо биранҷад, Худо ҳам аз мо меранҷад.
Тоҷи шарафро бар сари мо танҳо аз хидмату иҷрои амрҳои модар мегузоранд.
Ин мабод бубинем, модар бо чашмони ашкбор аз пеши мо меравад, ки он гоҳ ва ҳам пас аз он дигар маломати худ суд намебахшад. Бо ӯ дар ин ҳол замину осмон ва ҳама мавҷудот мегиряд ва моро нафрин мехонад.
Модар чун гавҳарест дар дасти мо - тифлон, ки қиматашро намедонем, аммо бояд эҳтиёт бикунем, то он аз дастамон наафтад ва рӯи санге нашиканад. Шикасти ӯ шикасти мо ва ҳама дунёст.
Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 6.03.2020    №: 49    Мутолиа карданд: 933
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед