logo

фарҳанг

НОМУ НОМГУЗОРӢ. АЗ РИСОЛАТ ТО ҲАЛЛИ МУШКИЛОТ

  Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 13 сол пеш, яъне соли 2007 дар мулоқот бо намояндагони зиёиёни мамлакат ба масъалаи навиштани ному насаб бо истифодаи имкониятҳои забони давлатӣ махсус таваҷҷуҳ зоҳир карда, ҳамзамон таъкид доштанд, ки ин амал ба хотири эҳё ва тақвияти асолати миллӣ мебошад.
Дар ин мулоқот махсус таъкид доштанд: «Номгузории хиёбонҳо, кӯчаҳо, боғҳо, донишгоҳҳо, мактабҳо, муассисаҳо ва монанди инҳо бояд мутобиқ ба хизмати таърихӣ ва мақому манзалати шахсиятҳои сиёсӣ, илмӣ ва фарҳангии давлатамон бошад».
Сарвари давлат дар ҳалли ин масъала, яъне баргаштан ба ному насаби тоҷикӣ худ намунаи ибрат шуданд. Пас аз он бисёре аз намояндагони аҳли зиё, хизматчиёни давлатӣ дар ин кор ба ӯ пайравӣ карданд. Дар матбуоти даврии баъзе аз кишварҳои хориҷӣ ба ин амал бо нашри матолиб изҳори норизоӣ намуданд, вале ин ҳама ба ҳеҷ сурат монеи иқдоми дурусту пешгирифта нашуд. Баръакс, намояндагони аҳли зиёро водор сохт, ки дар иҷрои ин дастури Пешвои миллат тамоми тадбирҳоро биандешанд.
Дар ин сол узви пайвастаи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ Имомзода Муҳаммадюсуф Сайидалӣ дар ин маврид беҳтарин таҳқиқи лингвистию иҷтимоиро ба фарҷом расонд. Китоби ӯ бо номи «Пажӯҳише дар номшиносӣ ва номгузорӣ» натиҷаи ин таҳқиқ мебошад. «Ному насаби ҳар як халқ дар радифи дигар нишонаву хусусиятҳои миллӣ яке аз нишонаҳои миллат мебошанд, чун дар маъно ва шакли номҳо таъриху фарҳанг ва хусусиятҳои миллии халқ акси худро меёбад ва дар асоси ному насаб, унсурҳои номсозу насабсоз ба ин ё он миллату халқият мансуб будани соҳибномро муайян кардан мумкин аст» - менависад муҳаққиқ.
Бешак, дар ин самт кор батадриҷ пеш рафта, он самари дилхоҳ дода истодааст. Аммо бояд тамоми аҳли ҷомеа моҳияти ин иқдоми миллатсозро бо ифтихори шаҳрвандӣ, забони давлатӣ, дӯст доштани Ватану сарзамини аҷдодӣ, боло рафтани ҳиссу масъулияти хештаншиносӣ дуруст бифаҳмаду дарк бикунад. Дар баробари ин набояд номҳое талқину амр барои гузоштан бишавад, ки ба динҳои мансух иртиботи қавӣ доранду ба иззати нафс ва эътиқоди мардум мерасанд. Натиҷаи ин амал мусбат нест ва аз чунин раванди миллатсозӣ ба ҳар сурату васила изҳори норизоӣ мешавад.
Агар ба гузаштаи начандон дур бинигарем, равшан мебинем, ки бархе аз зиёиёни ҷасуру матиниродаи мо ба номгузории тоҷикии шаҳру ноҳияҳо, хиёбонҳо, кӯчаҳо, боғҳо, донишгоҳҳо, мактабҳо, муассисаҳо на танҳо таваҷҷуҳ зоҳир карданд, инчунин, матолибашонро дар саҳифаҳои матбуот ба нашр расонданд. Бо вуҷуди ин ба ҳеҷ натиҷаи дилхоҳ нарасиданд, баръакс мавриди итобу сарзаниш қарор гирифтанд.
Ба бахти мо ба ин иқдом худи Пешвои миллат рӯ оварданд ва иҷрои дурусту мақсаднокро аз мо талаб доранд. Бо пешниҳоди махсусашон баъзе аз номҳо вобаста ба мақому манзалати шахсиятҳои сиёсӣ, илмӣ ва фарҳангӣ дигар шуданд. Бо ин, албатта, иктифо накарданд. Ба хотири рӯ овардан ба таърих ва шинохти дурусти он, боло бурдани маърифати сиёсии шаҳрвандон ва ҳисси ватандӯстии онҳо солгарди ин шахсиятҳову шаҳрҳо таҷлил гардиданду мегарданд.
Ҳар кадоме аз мо, хосса аҳли зиё, вазифадорем, ки дар ин амали хайру таърихӣ ва миллатсози Сарвари давлат саҳми назаррас бигирем. Мутаассифона, бархе аз мо манфиатҳои шахсиву қавмиву маҳаллиро болотар мепиндорему мешуморем. Саъю кӯшишҳоямонро ба ҳама васила ба он равона мекунем, ки номҳои наздикону пайвандонамонро ба кӯчаву мактабҳо, бозорҳову муассисаҳо ва ҳатто масҷидҳо низ бигузорем. Ҷойи таассуф аст, ки муваффақ ҳам шудаем. Баъзе аз ин номҳо бо истифодаи зӯриву зар, на зорӣ, гузошта шудаанд. Мисоли инро қариб дар тамоми шаҳру ноҳияи кишвар вохӯрдан мумкин аст. Биёед як бор аз рӯи инсоф таҳлилу баррасӣ бикунем, ки ин номҳо, тавре Сарвари давлат таъкид доштанд, воқеан, оё «мутобиқ ба хизмати таърихӣ ва мақому манзалати шахсиятҳои сиёсӣ, илмӣ ва фарҳангии давлатамон» гузошта шудаанд. Чунин нест, ки нест. Ба номи сарварони хоҷагиву бригадирони ин ё он соҳаи хоҷагии деҳот, ки аксар дар замони шӯравӣ ҳатто нақшаи муқарраргардидаро ба чандин сол иҷро накардаанд, хоҷагиву мактабҳоро гузоштаанд. Бар зами ин дар даврони сарвариву роҳбарияшон ҳеҷ адолат нанамудаанду мардум аз зулмашон то ба ҳанӯз ёдовар мешаванд. Дар муддате, ки ҳукмронӣ доштанд, ба ривоҷи соҳаҳои маорифу фарҳанг бо ғамхорӣ ҳеҷ таваҷҷуҳ зоҳир накарданд. Гузашта аз ин, дар ин хоҷагиҳо шахсиятҳое зиндагиву фаъолият доштанд, ки онҳоро мардум ба амалҳои хайру миллатсозияшон бештару беҳтар ёд меоранд. Азбаски он замон ворисони вазифадору сарватманд надоштанд, дар пайи номгузорӣ нашуданд ва ҳам саъяшонро беҳудаву бенатиҷа медонистанд. Бешак, бояд ҷойи тааҷҷуб бошад, ки номи як бригадир ба мактаб чӣ иртибот дошта метавонад. Агар, воқеан, ворисон бисёр хоҳон бошанд, ки мактаб номашро дошта бошад, аз ҳисоби маблағҳои худ барои аҳолии ин ё он деҳ мактаб бисозанд.
Яке аз мактабҳои наву замонавӣ ба номи як коргари одии рӯзномаи ноҳиявӣ низ гузошта шудааст, ки номаш барои аксар рӯзноманигорон ошно нест. Ҳол он ки мактабро бо маблағи буҷет сохтаанд.
Баъзе аз ин номҳову насабҳо зебову тоҷикӣ нестанд, ки бояд дар ин маврид низ ба як хулоса ва қарори қатъӣ биёем.
Албатта, таърих дар мавриди муносиб ба ҳама чиз, ба ҳама кас баҳои дурусту мувофиқро мегузорад, аммо мо набояд ин мавридро интизор бишавем. Чаро? Чунки мо – намояндагони аҳли зиё, он замон бо ин амали бетарафӣ ба бадӣ ёд мешавем.
Дар хусуси номгузории шахсиятҳои маъруфу арзанда низ набояд суиистифода бикунем. Ин хатоеро, ки аз мо сар задааст, бояд ҳарчи зудтар ислоҳ бинамоем. Пайдо кардани ном дар ин маврид ҳеҷ мушкил нест.
Пешвои миллат барҳақ иброз доштаанд: «Имрӯз давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро беш аз сад давлати ҷаҳон ба расмият мешиносад. Ин чунин маъно дорад, ки ҷаҳон забони давлатии моро низ якҷоя бо давлатдории мо ба расмият шинохтааст». Яъне мо имконоти фаровону хуби забони давлатиямонро бояд ба ҷаҳониён низ бишиносонем. Ному номгузории зебову дуруст яке аз ин василаҳо маҳсуб меёбад.
Абдулқодири РАҲИМ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.03.2020    №: 51    Мутолиа карданд: 671
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед