logo

фарҳанг

 ҲАР ҚАВМЕ, КИ ПЕШ РАФТААСТ…


Яке аз вазифаҳои асосии нахустин рӯзномаи тоҷикӣ «Бухорои шариф» тибқи маромномааш инъикоси маориф мебошад ва баъди мутолиаи шумораҳои мавҷудаи нашрияи мазкур ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки вазифаи мазкур ба дараҷаи аъло иҷро шудааст. Дар мақолаи «Ғояи омол», ки тибқи номаш омоли рӯзномаро баён кардааст, пас аз баёни маслаку мақсад чунин фикре ифода ёфтааст, ки фикри ташкили рӯзнома дар замоне пайдо шуд, ки зарурати маориф ба миён омад: «Пас бар ҳасби авқот ва азмина пояи улуми маорифро бояд тараққӣ дод! Аз ҷумлаи асбоби тараққии маориф (бар ҳасби авқоти ҳолия) ҳамоно интишори рӯзномаҷот аст, ки ахбори ҳама ҷоро ба ҳама кас медиҳад!.. Мухтасар ин, ки рӯзнома беҳтарин асбобест  дар нашри таъмими маориф ва муовинати баннӣ навъи инсонӣ бидуни ҳоҷат ба хилтаву омезиши  зоҳирӣ… Чун алҳол матбаа ҳозир, уламо ва маориф ҳаводору муаввин, ҷониби амир ва элчии давлати олиҳазрат императури аъзами Рус намояндаи баҳияи Русия мусоид ҳастанд, вақти нашри маориф расида».  Аз он ки дар ин иқтибоси кӯтоҳ панҷ маротиба калимаи «маориф» такрор шудааст, пай бурдан метавон, ки маориф предмет ва мавзӯи асосии нашри рӯзнома мебошад. Дар қисмати охири ҷумла калимаи «маориф» ҳатто ба ҷойи «рӯзнома» омадааст. Аз ҳамин ба баъд дар афкори тамоми маорифпарварон мавзӯи маориф ба ҷойи аввал гузошта, он дар тамоми нашрияҳои солҳои аввали асри бистум калидӣ ва аввалиндараҷа ба ҳисоб мерафт.
Дар сармақолаи шумораи дувум «Ифтитоҳ» ҳам нуктаи муҳим он аст, ки ҳангоми баёни ҳадафу омоли хеш бештар ба калимаи «маориф» такя кардаанд. Ин ҷо ҳам на танҳо ин калима такрор ба такрор зикр мешавад, балки баъзан ба ҷойи калимаи «нашрия» ба кор рафтааст. Аз ин маълум мешавад, ки мавзӯи аввалиндараҷаи нашрия ҳалли мушкилоти маориф, таълиму тарбия аст. Дар сармақолаи мазкур ба таври равшан баён шудааст: «Нашриёти мо иборат аз масоили мухталифа ва маълумоти мутафарриқа хоҳад буд. Вале бояд ба тартиби вазъи таълим ибтидо намуд». Дар ин маврид дар масъалаи чӣ тавр расондани илму маориф, матбуот ба аҳолӣ низ андешаҳои ҷолиб изҳор шудаанд. Қайд мешавад, ки мо якбора ва бе тағйирот усули таълим ва расондани иттилоотро аз Ғарб нусхабардорӣ карда наметавонем.
Чӣ тавре ки зикр шуд, дар мақолаи «Тартиб лозим аст» (№ № 5, 6, 7 аз 16 марти соли 1912) Мирзо Ҷалол ифтихори аз ҳад зиёдро нодаркор ҳисобида, роҳҳои самарабахш намудани таълимро ҷустуҷӯ намудааст. Дар ин бобат, аз ҳисоби ихтисор кардану барҳам додани мавзӯъ ва барномаҳои зиёд дар низоми таълим афзун намудани малакаву ихтисосмандии толибилмон бо далелҳои аниқ исбот карда шудааст. Дар мавриди сабаби чунин унвон кардани номи мақола («Тартиб лозим аст») қайд мекунад: «Тартиби саҳеҳ ва дурусте ба таҳсилоти худ пайдо намоем, тартиберо ихтиёр намоем, ки мувофиқи Қуръон ва нақл ва виҷдону ақл бошад».  Аз он ки Мирзо Ҷалол «мо» гӯён ба худ ва ҳамроҳонаш ишора мекунад, хулосаи комил мебарояд, ки дар он замон, аллакай гурӯҳи тараққипарварон ва маорифпарварон ташаккул ёфта,  дар атрофи «Бухорои шариф» ҷамъ омада буд.
Сипас, марому мақсади «тараққихоҳон ва миллатпарастон» шарҳ дода шудааст. Дар навбати аввал бо иҷозати «Ҷаноби олӣ ҷамъияти «Нашри маориф» дар Бухорои шариф тартиб бидиҳем». Ниҳоят хулоса мекунад, ки агар маорифпарварон ин корро тасвиб намоянд, вазифаи худ медонад, ки маромномаи ҷамъиятро тартиб диҳанд. Ҳамин тавр, аввалин ташаббуси маорифпарварони Бухоро дар назди рӯзномаи «Бухорои шариф» дар мавриди таъсиси ҷамъияте бо номи «Нашри маориф» ба миён омад. Ҳарчанд он амалӣ нагашт, дар пешравии афкори мардум таъсири бузург гузошт.
Ногуфта намонад, ки ҳадафи муассисони «Бухорои шариф» мактабҳои усулҳои нав буд, ки аз соли 1907 дар Бухоро аввал ба таври ошкору баъд пинҳон ташкил шуда буданд. Маҳз аз ҳамон давра «қариб тамоми ҷомеаи Бухоро дар баҳсҳо дар мавриди он иштирок кард ва дар ин асос ба ду гурӯҳ тақсим шуд: ҷадид ва қадим». Маълум аст, ки «баъди бастани мактаби усули нави Мунзим (1908) тарафдорони усули нави таълим- ҷадидҳо дар оғози соли 1910 ҷамъияти пинҳонии «Тарбияи атфол» ташкил карда буданд, ки пас аз он мактабҳои ошкору пинҳони нави усули ҷадид кушода шудан гирифтанд». Бояд гуфт, ки яке аз фаъолони ин ҷамъият устод Садриддин Айнӣ буд, аммо он ба таври хеле пинҳонӣ амал мекард. Бо вуҷуди ин, ба қавли муҳаққиқ Н. Ғаффоров «зуҳури ҷамъияти пинҳонии ҷадидҳои Бухоро «Тарбияи атфол» ва фаъолияти маорифпарварии аъзои он, бешубҳа, қадами муҳиме буд дар инкишофи худшиносии халқи Бухоро». Аммо фарқи ҷамъиятҳое, ки ташаббускорони «Бухорои шариф» ташкил кардан мехостанд, аз он иборат буд, ки он бояд бо иҷозати ҳукумат ба таври ошкор амал мекард.
Ҳамчунин, мактубе ҳаст ба номи амир дар ин бора, ки ба муаллимон маош муайян карда шавад. Аз подшоҳ хоҳиш мешавад, ки барои кушодани чанд мактаб барои духтарон ва бо муаллима таъмин намудану додани маоши онҳо ҳаракат намоянд. Таҳти рубрикаи «Мактуб аз Бухоро» боз номае ба табъ расидааст, ки дар он омадааст: «Агар гуфта шавад ба ҷарида, рӯзнома чӣ эҳтиёҷ дорем, ман хоҳам гуфт: Бояд донист, ки ҳоҷатҳои инсонӣ ду қисм аст: эҳтиёҷи табиӣ ва эҳтиёҷи маданӣ». Эҳтиёҷи табииро зикр карда, дар мавриди эҳтиёҷи маданӣ менависад: «Имрӯз ҳеҷ мамлакате маданӣ ва ҳеҷ қавме маданӣ нест, ки ҷарида ва рӯзнома надошта бошад. Ҳар мамлакате, ки аз дигарӣ пеш рафтааст ва маърифати он тараққӣ кардааст, бешубҳа, ба воситаи ҷарида аст».
Бахтиёри АБДУРАҲИМ,
декани факултети филологияи тоҷики Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, номзади илми филология
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.03.2020    №: 51    Мутолиа карданд: 669
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед