logo

иқтисод

 "НЕСТ КАРДАНИ ТУХМИ ВАТАНӢ ХАТОИ НОБАХШИДАНИСТ"


Матлаби «Нест кардани тухми ватанӣ хатои нобахшиданист», ки 26 феврали соли равон дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» (№ 42) ба нашр расидааст, дар ҷаласаи олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. Зикр гардид, ки матлаб ба яке аз масъалаҳои мубрами рӯз бахшида шудааст.
Дар ҳақиқат, тайи чанд соли охир хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) барои дарёфти тухмиҳои репродуксионӣ бо хоҷагиҳои тухмипарварӣ ва олимони соҳа ҳамкории зич надоранд, ки ин боиси коҳиш ёфтани ҳосилнокии зироатҳо мегардад.
Олимони соҳаи кишоварзӣ барои офаридани навъҳои серҳосил, тезпаз ва ба иқлим тобовар корҳои илмию тадқиқотиро вусъат бахшида, тайи 5 соли охир 25 навъи серҳосили зироатҳои кишоварзӣ, 7 навъи серҳосили дарахтони мевадиҳандаю зироатҳои сабзавотӣ ва 2 дурагаи дарахти тут офаридаро минтақабоб намуданд, ки ҳоло дар майдонҳои васеи истеҳсолӣ парвариш меёбанд. Ҳамзамон, дар Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон 37 навъи нави зироатҳои кишоварзии офаридаи олимони Академия мавриди санҷиш қарор дорад. Танҳо соли гузашта 5 навъи офаридаи олимони соҳаи селексия – навъҳои пахтаи миёнанахи гурӯҳи миёнапазу тезпази «Яҳё - 110», «Зебо», гандуми мулоимдонаи «Бобо С - 80», ҷуворимаккаи навъҳои «Истиқлол» ва «Тезрас» минтақабоб гардидаанд.
Ҳосилнокии навъҳои ватанӣ баланд аст. Масалан, аз онҳо дар ҳолати пурра риоя намудани агротехникаи парвариш аз ҳар гектар 60 – 70-сентнерӣ пахта ва дар заминҳои обёришаванда 60 – 80-сентнерӣ гандум гирифтан мумкин аст.
Тибқи тартиби муқарраргадида, пеш аз воридоти тухмиҳои хориҷӣ ба ҷумҳурӣ онҳо бояд аз тарафи мақомоти ваколатдор санҷида, 3 сол мавриди омӯзиш қарор гиранд. Танҳо баъд аз гирифтани хулосаи мусбат барои кишти чунин тухмиҳо дар хоҷагиҳо иҷозат дода мешавад. Дар ҳолати риоя намудани қоидаҳои воридоту минтақабоб намудани тухмиҳо эҳтимоли ворид гардидани навъҳои гуногуни касалию ҳашаротро ба ҷумҳурӣ пешгирӣ кардан имконпазир аст.
Дар мавриди ҳамкорӣ бо деҳқонон ва заминистифодабарандагони ноҳияҳои пахтакор ҳаминро зикр карданием, ки олимони соҳаи селексияи академия бо кишоварзони хоҷагиҳои деҳқонии «Дӯстӣ», «Агросаноат»-и шаҳри Турсунзода, «Муҳсинҷон», «Баҳор»-и ноҳияи Данғара, «Камола»–и ноҳияи Зафаробод, «Сорбон», «Бахт», «Шариф»-и ноҳияи Восеъ, «Озода», «Машҳур», «Кенҷа»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, хоҷагии тухмипарварии «Сабз – Н»-и шаҳри Кӯлоб ва чандин хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои дигари ҷумҳурӣ робитаи доимии корӣ доранд  ва дар натиҷаи ҳамкорӣ ин хоҷагиҳо ҳамасола ҳосили хуб (42 – 54 - сентнерӣ пахта, 50 – 65–сентнерӣ ғалла) мерӯёнанд
Олимони академия омодаанд, ки минбаъд низ тадқиқотро оид ба офаридани навъҳои серҳосил, тезпаз ва мутобиқ ба шароити тағйирёбии иқлим тақвият ва ҳамкориҳоро бо хоҷагидорон вусъат бахшида, дар болоравии истеҳсолоти кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳми муносиби худро гузоранд.
Н. АСОЗОДА,
президенти Академияи илмҳои
кишоварзии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.03.2020    №: 51    Мутолиа карданд: 817
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед