logo

фарҳанг

 ТАЛАБОТИ ЗАМОН ВА ОМОДАГИИ КАСБИИ ЖУРНАЛИСТОН

 
Дар ҳар соҳа омодагии касбӣ дар рӯҳияи талаби замон ба роҳ монда мешавад. Ин усул тақозо мекунад, ки дар раванди таълим ҷанбаҳои назарӣ бо таҷрибаи амалӣ ва маҳсули тарбия ба бозори соҳа мувофиқ кунонида шаванд. Ҳарчанд ин усул ҳамеша мадди назар будааст, аммо бо он ки замон дар ҳаракат аст, ҳанӯз ҳам дар раванди омодагии касбии рӯзноманигорон мушкилот вуҷуд дорад. Мушкилоти ин раванд зиёд аст, аммо дар маҷмӯъ, онҳоро метавон ба тарзи қабули довталабон, вазъи моддиву техникии факултет ва шуъбаҳои журналистикаи макотиби олӣ, усули таълим ва робита бо ВАО нисбат дод.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки сол ба сол сафи донишҷӯёни тасодуфӣ дар факултету шуъбаҳои журналистикаи кишвар зиёд мешавад. Дар байни донишандӯзон ҳатто нафароне вомехӯранд, ки куҷо ва ба чӣ мақсад омаданашонро намедонанд. Баъзе аз ин тоифа маркази тестиро «гунаҳгор» медонанд. Таҳлилҳои Маркази тестӣ нишон медиҳанд, ки беш аз 90 дарсади довталабон ихтисосҳои журналистикаро эҳтиётан интихоб мекардаанд. Ин ҳолат бар он ишора мекунад, ки ё мавқеи журналистика дар ҷомеа коста шудааст ва ё қадри эҷоду эҷодкор паст рафтааст.
Барои ҳалли ин мушкилот, пеш аз ҳама, муносибатро ба қабули довталабони факултету шуъбаҳои журналисти-ка бояд тағйир дод. Рӯзноманигорони насли калон хуб медонанд, ки дар замони шӯравӣ довталаби журналистшаванда бо ҷузъдонҳои пур аз маводи эҷодӣ ба мактаби олӣ меомад. Ин ҷузъдон маҳсули ҳамкориҳои шогирдонаи ӯ бо ВАО буд, ки аз маҳорати касбиаш дарак медод. Дар баробари ин, барои фаҳмидани маърифати иҷтимоӣ, ҳолати равонӣ, дараҷаи фикрронӣ ва қобилияти нигорандагии дов-талаб комиссияи махсус ташкил мешуд, ки ин паҳлуи талаботи касбиро месанҷид. Дар натиҷа беҳтаринҳо ба сафи донишҷӯӣ шомил мешуданд. Дар солҳои аввали истиқлолият низ ин талабот дар амал буд,  аммо бо сабаби мушкилоти чопи матбуоти даврӣ, бештар аз усули суҳбат кор мегирифтанд.
Имрӯз барои ҳамкорӣ бо ВАО имконият ва шароити хубтар фароҳам шудааст. Ҳамкориҳои эҷодии наврасону мактабиён бо расонаҳои ахбори омма кам нест. Аммо маҳфилҳои эҷодии назди нашрияҳои даврии маҳаллиро фаъол бояд кард. Довталабони ихтисосҳои  журналистика  аз ҳисоби чунин наврасон бояд бароянд. Агар чунин аст, пас дар қабули довталабони ихтисосҳои журналистикаи макотиби олии кишвар барқарор кардани озмуни эҷодӣ ба манфиати соҳа хоҳад шуд. Шаклҳои озмунро метавон дар пешниҳоди матни чопӣ, маводи сабтӣ, видеоӣ, навиштани эссе, суҳбати шифоҳӣ муқаррар намуд.
Мушкилоти дигар дар ин самт чигунагии вазъи моддиву техникии факултету шуъбаҳои журналистикаи макотиби олӣ аст. Табиати ихтисоси рӯзноманигорӣ кор бо техникаи касбӣ ва технологияи замонавиро тақозо менамояд. Техника ва технология аз муҳассилини журналистшаванда донишу малакаи нави касбиро тақозо менамояд. Аммо ин ҷанбаи масъала дар муассисаҳои олии кишварамон то ҳол пурра ҳалли худро пайдо накардааст.
Имрӯз дар Тоҷикистон дар баробари факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар 8 донишгоҳи дигар: Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон, Донишкадаи фарҳанг ва санъати ба номи М. Турсунзода, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Донишкадаи тарбияи ҷисмонии ба номи Саймумин Раҳимов ва Донишкадаи омӯзгории Рашт кадрҳои журналистӣ тайёр мекунанд.
Агар баъзе аз ин мактабҳои олӣ 50 сол инҷониб барои ВАО кадр тайёр кунанд, бархе аз онҳо дар марҳилаи мустаҳкам кардани пойгоҳи моддиву техникӣ ва ҳайати илмиву омӯзгорӣ қарор доранд.
На ҳама муассисаҳои омодакунандаи кадрҳои журналистӣ, ба истиснои факултети журналистикаи ДМТ, Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд базаи хуби техникиву технологӣ доранд. Қариб дар аксари факултету шуъбаҳои журналистика техникаи замонавии аккосӣ, аудио ва видеоии ба талаботи журналистикаи амалӣ ҷавобгӯ вуҷуд надорад. Дар бораи студияҳои таълимӣ ҳоҷати гап нест. Ҳол он ки донишҷӯи журналистшавандаро бидуни дастгоҳи аккосӣ, сабти овоз ва, ҳамчунин, навор наметавон тасаввур кард. Набудани таҷҳизот на танҳо раванди машғулиятҳои амалиро бесамар мекунад, балки боиси касбан қафо мондани донишҷӯён дар давраи таҳсил низ мегардад.
Дар шароити имрӯз бо ташаккули журналистикаи чандрасонаӣ, технологияи мултимедиявӣ, раванди ҷаҳонишавӣ зарурати дар чанд шакл: хаттӣ, садоӣ, овозӣ ва тасвирӣ таҳия намудани матни журналистӣ ба миён омадааст. Барои фаъолият на танҳо маърифату донишҳои назариву иҷтимоӣ, балки маҳорати аз имкониятҳои техникаи компютерӣ самаранок истифода карда тавонистан ба кор меояд. Дар ин самт ҷалби мутахассисоне, ки таҷрибаи кофии кор бо барномаҳои ҷудогонаи компютерӣ ва сомонаҳои махсусгардондашуда доранд, ба манфиат аст.
Мутаассифона, на ҳамаи шуъбаҳои журналистикаи макотиби олии кишвар шароит ва имконияти омода намудани журналистони ба талаботи замон рақобатпазирро доранд. Аксари онҳо аз ҷиҳати таъминоти базаи моддиву техникӣ ва неруи илмиву таълимӣ танқисӣ мекашанд. Дар ин шуъбаҳо мактабҳои илмӣ вуҷуд надоранд, ҳамкорӣ бо идораҳои ВАО суст аст. Раванди таълим дар ин шуъбаҳо ҳамгун буда, бо усули анъанавӣ шакл мегирад.
Ҳарчанд омодагии касбии журналистон ба фаъолияти амалӣ сахт алоқаманд аст, аммо ин равандро бидуни тарбияи хос, яъне мактаби илмиву амалӣ наметавон тасаввур кард. Дар ин давра муҳассилин орзуву эҳсосоти қаблии худро месанҷанд, дар заминаи омӯзиш ҷаҳонбиниашонро васеъ мекунанд, донишҳои ихтисосӣ мегиранд ва ба ин васила қобилияту маҳорати касбиашонро дар амал озмуда сайқал медиҳанд. Аммо оё усули таълими имрӯзаи мо барои татбиқи ин орзуву ниятҳо ҳаматарафа мусоидат мекунад? Оё дар ҷараёни омодагии касбии журналистон аз усулҳои замонавӣ самаранок истифода мекунанд?
Дар раванди таҳсили ҳар гуна касб андешаи чиро бояд омӯзонд ва чӣ тавр омӯзонд, нақши дастурӣ дорад. Ҷавоб ба саволи "Чиро омӯзонд?" ба мундариҷаи нақшаҳои таълим, мазмуни фанҳои таълимӣ ва мавзӯи лексияҳои аудиторӣ иртибот мегирад. Ҳамаи инҳо ба мақсади омӯзиши журналистӣ, ки аз талабот ва дархости ҷомеаи муосир маншаъ мегирад, бояд мувофиқ бошад. Дархости имрӯзаи ҷомеа бо талаботи воқеии он чандон мувофиқ нест ва гумон аст, ки мувофиқати комил ҳам ҳосил шавад. Имрӯз дар фазои иттилоотии кишвар воситаҳои ахбори оммаи гуногун таъсир мегузоранд, онҳо аз рӯйи таъйинот, мавқеъ ва шакли пахш гуногунанд. Аз ин рӯ, дар раванди таълими фанҳои ихтисосӣ бояд ба сатҳи инкишофи ҷомеа ва тафаккури мардум эътибор дода шавад. Аз тарафи дигар, ба вуҷуд омадани ширкатҳои расонаӣ, ВАО-и хусусӣ боиси рақобати касбиву эҷодӣ дар фазои иттилоотӣ гардидааст. Баъзе аз ин расонаҳо мактабҳои худро таъсис додаанд, зеро ба назари онҳо усули тадриси макотиби олӣ ба талаби рӯзноманигории амалӣ мувофиқ нест. Ин ҳолат водор менамояд, ки дар раванди таълим дархости чунин ВАО-ро низ ба инобат гирем.  
Паҳлуи дигар дар самти омодагии касбии журналистон робита бо васоити ахбори омма мебошад. Албатта, дар ин бахш корҳои зиёде ба анҷом расонда шудааст. Аз ҷумла, аксари факултету шуъбаҳои журналистика бо ВАО шартномаҳои ҳамкорӣ доранд, ки дар заминаи он донишҷӯён ба таҷрибаомӯзӣ мераванд, ҳамкории эҷодӣ мекунанд. Ҳамчунин, дар ДМТ нашрияи «Ба қуллаҳои дониш», дар ДСРТ нашрияи «Студенские вести» интишор мегарданд, ки барои донишҷӯёни журналистшаванда ҳамчун лабораторияи эҷодӣ истифода мешаванд. Бо вуҷуди ин, дар самти иртибот бо ВАО баъзе мушкилот вуҷуд дорад, ки аслан ба расонаҳои электронии ахбори омма алоқаманд аст. Бояд гуфт, ки дар омодагии касбии журналистон на танҳо макотиби олӣ, балки идораҳои ВАО низ саҳмгузоранд. Аз ин рӯ, роҳбарияти ВАО новобаста ба шакли таъйинот ва пахшашон мебояд дар ин самт ҳамкориашонро бо факултету шуъбаҳои журналистика қавӣ гардонанд, на танҳо дар баргузории таҷрибаомӯзиҳо мусоидат кунанд, балки донишҷӯёни фаъолро ба шефӣ гиранд, дастгирии моддӣ намоянд. Дар ин бахш таҷрибаи шоёни нашрияи «Ҷумҳурият» қобили дастгирист.
Ташкили филиалҳои факултету шуъбаҳои журналистика дар идораҳои ВАО, ҳатто расонаҳои маҳаллӣ  метавонад дар самаранок гардидани раванди омодагии касбии журналистон таъсири мусбат гузорад.
Замони муосир тақозо менамояд, ки дар раванди омодагии касбии рӯзноманигорон ба ду ҷиҳат бештар таваҷҷуҳ шавад. Ҷиҳати аввал, салоҳи мафкуравӣ ва дуюм салоҳи техникиву технологӣ аст. Ба ибораи дигар, журналисти имрӯз дар баробари сухандон, суханвар, дорои ҷаҳонибинии васеъ будан, бояд маърифати баланди техникӣ низ дошта бошад, бо забонҳои хориҷии бонуфуз озодона муошират карда тавонад. Ҳарчанд рӯзноманигорӣ пешаи универсалӣ аст, аммо омода кардани журналисти универсал кори душвор ва ҳатто нашуданист. Зеро як нафар қудрати дар чанд мавзӯъ ва масъала, ҳамчунин, жанр ихтисосманд шуданро надорад. Аз ин рӯ, агар мо раванди омодагии касбии рӯзноманигоронро аз рӯйи соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ ба роҳ монем, ҳам ба манфиати журналистика ва ҳам ҷомеа хоҳад шуд. Журналистикаи чандрасонаӣ, ки ба шарофати интернет шакл гирифт, барои  фаъолияти соҳавии рӯзноманигорон шароит ва имконоти хубро фароҳам овард. Ба ин маънӣ, самти фаъолияти кафедраҳои факултет ва шуъбаҳои  журналистикаро мебояд тағйир дод. Самти феълии фаъолияти аксари кафедраҳо ва номгузории онҳо ба талаботи муосири журналистикаи амалӣ чандон ҷавобгӯй нест. Дар шароити феълӣ самти фаъолияти кафедраҳоро аз рӯйи мавзӯъ ва навъи фаъолият (масалан, таърих ва назарияи журналистика, журналистикаи иттилоотӣ, журналистикаи таҳлилӣ, публитсистикаи иҷтимоӣ) мушаххас намудан самаровор аст.
Самти омодагии касбии журналистон дар Тоҷикистон  низоми муайяни худро пайдо намуда бошад ҳам, раванди он аз мушкилот холӣ нест. Таҳаввули муносибатҳои иҷтимоӣ, инкишофи босуръати илму техника, ҷараёни ҷаҳонишавӣ ва таъсири он ба фазои иттилоотии кишвар моро ҳушдор медиҳад, ки дар ин самт муносибати ҷиддӣ дошта бошем ва талаботи ҷомеаи ватаниву ҷаҳониро ба инобат гирем.
Мурод МУРОДӢ,
профессор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.03.2020    №: 51    Мутолиа карданд: 743
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед