фарҳанг
"НАШРИЯИ СОЛ - 2019"
Рӯзи тантанаи матбуоти тоҷик, ки 11 март дар Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов бо иштироки васеи кормандони воситаҳои ахбори омма ва ниҳодҳои дахлдор баргузор шуд, Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» «Нашрияи сол - 2019» эътироф гардид.
Масрур Абдуллозода, мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва кор бо ҷомеа, дар баробари табрику таҳният намудани матбуотчиёни кишвар, ҳамчунин, ба таърихи 108 - солаи ибратбахши матбуоти тоҷик руҷӯъ карда, аз ҷумла гуфт: «Ҳарчанд рӯзномаи аввалини тоҷикии «Бухорои шариф» 153 шумора нашр шуд, аммо дар таърихи фарҳанги миллӣ ва рӯзноманигории ватанӣ нақши босазо гузошт. Анъанаи рӯзноманигорӣ, ки қаламкашони ин ҷарида дар «Бухорои шариф» ва дар рӯзномаҳои «Шуълаи инқилоб», «Бедории тоҷик» ва «Раҳбари дониш» ҷорӣ карданд, минбаъд давом ёфт. Имрӯз матбуот ба як низоми шаклгирифта ва таъсиррасони ҷомеа табдил ёфтааст, ки дар ин роҳ нақши қалами ҳамаи шуморо мебинем».
Ҳамчунин, зикр гардид, ки дар замони муосир матбуот дар ҳама шаклҳо барои тағйиру танзими афкори ҷомеа нақши бузург дорад. Ин аст, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ, махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин соҳаи муҳим пайваста таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд. Далели рӯшани ин ғамхорӣ вохӯрии махсуси Пешвои миллат бо намояндагони васоити ахбори омма аст, ки соли 2019 ба вуқӯъ пайваст.
- Тавре, ки Пешвои миллат зикр кардаанд, воситаҳои ахбори омма, чи ҳукуматӣ ва чи мустақил мисли ду боли муқтадир буда, дар назди Ватан ва ҷомеа баробар бори масъулият мекашанд. Касе, ки иттилоотро идора карда метавонад, имкон дорад дар идоракунии афкори ҷомеа даст дошта бошад, - афзуд Масрур Абдуллозода.
Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода журналистони кишварро бо Рӯзи матбуот муборакбод гуфта, аз хидматҳои устодон Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ ва дигар хомакашон, ки аз аввалин рӯзноманигорони тоҷик буданд, ёд кард.
Мавсуф, ҳамзамон, зикр кард, ки кормандони матбуот ва табъу нашри ҷумҳурӣ бо неруи эҷодии худ дар ислоҳи камбудиҳои ҷомеа ва пешрафти мамлакат ҳиссаи шоистаи худро мегузоранд.
Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар 11 номминатсия пурсиш гузаронда, беҳтаринҳои соли 2019 - ро эълон кард. Раиси ин ниҳод Зинатулло Исмоилзода дар баробари эълон кардани натиҷаҳои пурсиш ба собиқадорони матбуот Нур Табаров, Расул Фозилов, Раҷаб Мардон, Гулчеҳра Фозилова ва дигарон туҳфаҳои хотиравӣ супурд.
Мувофиқи натиҷагириҳо, рӯзномаи “Ҷумҳурият” - нашрияи сол, агентии иттилоотии сол - “Авесто”, телевизиони сол - ТВ “Синамо”, радиои сол – радиои “Ватан”, маркази матбуотии сол - маркази матбуотии Бонки миллии Тоҷикистон, сармуҳаррири сол - сардабири ҳафтаномаи “Минбари халқ” Бахтиёр Ҳамдамов, маҷаллаи сол - “Бонувони Тоҷикистон”, нашрияи соҳавии сол - ҳафтаномаи “Омӯзгор”, ношири сол - нашриёти “Адиб”, коршиноси сол Абдуллои Раҳнамо ва журналисти сол Валиҷон Баёнӣ эълон гардиданд.
Ҳамзамон, чанде аз вазорату ниҳодҳо барои ҳамкории судманд бо матбуот рӯзноманигорони фаъолро ҳавасманд намуда, Зинатулло Исмоилзода гирандагони ҷоизаҳои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ва Воҳид Асрориро эълом дошт. Мувофиқи он, дар бахши матбуот Эҳсон Сафарзода, дар бахши радио Фазилат Иброҳимзода ва дар бахши телевизион Вера Исмоилова соҳиби ҷоиза гардида, бо мукофоти пулӣ ва нишони сарисинагӣ қадр шуданд.
Рӯзномаи “Ҷумҳурият” дар баробари нашрияи сол эълон шуданаш, ҳамчунин, сипосномаҳои Вазорати фарҳанг ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаро барои ҳамкории судманд гирифт.
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
“Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.03.2020 №: 52 Мутолиа карданд: 880