logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ва ҶАЗО

БОЗДОШТИ ХИЁНАТКОР
Австрия узви ҷинояткори ҲНИ - ро ба Тоҷикистон таслим кард

Шовализода Ҳизбулло Абдулло, узви ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ, ки барои содир кардани ҷиноятҳои хиёнат ба давлат (моддаи 305 қисми 1), иштирок дар фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (моддаҳои 3073 қисми 2 – и Кодекси ҷиноятӣ) дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дошт, дар Ҷумҳурии Австрия боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шуд.
Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нашри изҳороти расмӣ дар ин бора хабар медиҳад, ки «номбурда соли 2016 ҳангоми дар муҳоҷират қарор доштанаш, ба ташкилоти террористию экстремистии ҲНИ ҷалб шуда, бо мақсади минбаъд содир намудани актҳои террористӣ, ноором гардондани вазъи ҷамъиятӣ - сиёсӣ ва бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2019 дар марказҳои террористии кишвари муайяни хориҷӣ омодагии махсуси террористӣ - тахрибӣ гирифтааст».
Ба таъкиди манбаъ, Ҳ. Шовализода чорумин аъзои гурӯҳҳои террористӣ мебошад, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон истирдод гардид. Қаблан шаҳрвандон - Шералӣ Лоиқӣ, Мустафо Ҳаётов ва Комрон Зуҳуров, ки барои содир кардани ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремистидошта аз таъқиби ҷиноятӣ дар Аврупо паноҳ мебурданд, дастгир ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон супурда шудаанд. Гуфта мешавад, ки ин афрод дар пойгоҳҳои махсуси хориҷи кишвар омодагии ҷангиву диверсионӣ гирифта, қасд доштанд бо убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ вориди хоки Тоҷикистон шуда, амалҳои террористӣ анҷом диҳанд, ки хушбахтона тирашон хок хӯрд.

ТАМАЪҶӮӢ
"корманди ВКД" - ро даҳ сол паси панҷара бурд
Суди шаҳри Ҳисор шаҳрванд Фирдавс Саидзодаро, ки бо шаҳодатномаи қалбакӣ худро корманди Вазорати корҳои дохилӣ муаррифӣ намуда, дар чанд маврид бо роҳи тамаъҷӯӣ аз шаҳрвандон пул ситондааст, 10 сол аз озодӣ маҳрум кард.
Дар ин бора маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ хабар дод. Бино ба иттилои манбаъ, маҳкумшуда аз мағозаи фурӯши маводи конселярӣ шаҳодатномаи рангаш сурхеро, ки дар он ҳеҷ ному насабе сабт нашудааст, гирифта, ба чунин амали ҷинояткорона даст задааст. Ф. Саидзода дар самти амалӣ намудани нақшаҳои тамаъҷӯёна бонувонро ҳадаф қарор дода, бо роҳи таҳдид (бадном накардан) аз онҳо маблағ талаб намудааст. Вале, чунин амали ғайриқонунӣ дер давом накарда, ӯ аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастгир гадид.
Нисбат ба Ф. Саидзода бо моддаи 250 қисми 2 банди «а» - и Кодекси ҷиноятӣ (барои тамаъҷӯии такрорӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, баъд аз анҷоми тафтиши пешакӣ, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол шудааст.

ҚАЛЛОБӢ
ба миқдори 54 ҳазор доллари ИМА
Кормандони  мақомоти милитсия ҷавонзани 28 - солаеро  боздошт намуданд, ки дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ гумонбар мешавад.
Тибқи иттилои маркази матбуоти ВКД, боздоштшуда сокини кӯчаи Меҳргони шаҳри Бӯстон буда, қаблан низ бо чунин ҷурм бар асоси моддаи 247 қисми 4 - и  Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст. Номбурда, аз моҳи октябри соли 2018 то моҳи июни соли 2019, бо роҳи фиреб ба боварии зани 63 – сола, сокини кӯчаи Шамсии шаҳри Душанбе даромада, барои тиҷорат аз ӯ 54 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол барнагардондааст.
Ҳоло нисбат ба гумонбаршаванда бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятӣ (қаллобӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.03.2020    №: 52    Мутолиа карданд: 790
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед