logo

иқтисод

САНОАТИ САБУК. НОРАСОИИ МУТАХАССИС АЗ МУШКИЛОТИ КАЛИДӢ БОҚӢ МЕМОНАД.ЧАРО?

Ин проблемаи куҳна – нарасидани кадрҳои баландихтисос дар пешорӯи ҳадафи нави кишвар – саноатикунонии босуръат чун сангаре истодааст, ки бе бартараф сохтани он ноил гаштан ба рушди соҳа амри маҳол аст, хусусан вақте дар як сол 149 корхона фаъолият намекунаду 128 корхонаи дигар ҳисоботи сифрӣ пешниҳод менамояд. Бармало эҳсос мешавад, ки соҳаи саноати кишвар ба кадрҳои ҷавобгӯи талаботи бозори меҳнат беш аз пеш ниёз дорад. Ин мушкилӣ дар соҳаи саноати сабук низ равшан ба назар мерасад.
 
АЗ 408 ХАТМКАРДА 15 – 20 НАФАР БА ИСТЕҲСОЛОТ РАФТ?
Ба таъкиди таҳлилгарон, яке аз мушкилоти асосие, ки садди рушди соҳа гардидааст, камчинии мутахассисон, аз ҷумла нарасидани муҳандис – технологҳои соҳаҳои ресандагию бофандагӣ, дӯзандагию кешбофӣ, тарроҳи матоъ, тарҳсоз – коструктор, муҳандис – механики дастгоҳи технологӣ, менеҷери идоракунии корхонаҳои истеҳсолӣ, мебошад. 
Ба андешаи сардори департаменти корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон Абдулло Муҳаммадиев, сатҳу сифати тайёр намудани кадрҳои соҳаи саноати сабук ба талаботи бозор ҷавобгӯ набуда, кайҳо зарурати аз стандартҳои миллии нав кор гирифтан пеш омадааст. Номбурда муайян намудани ниёзи соҳаро ба мутахассисон зарур шумурда, тибқи дархости корхонаҳо тайёр кардани онҳоро ба манфиати кор медонад. 
- 7 донишгоҳу донишкадаи олии кишвар аз рӯи 12 ихтисос мутахассиси соҳаи ресандагӣ, бофандагӣ, кешбофӣ ва дӯзандагӣ омода мекунад. Танҳо дар зинаи бакалавр 2480 нафар таҳсили илм дорад. Агар ин донишҷӯён мувофиқи талаботи корхонаҳо тайёр шаванд, проблемаи кадр дар соҳа пурра ҳалли худро меёбад. Аммо аз 406 нафаре, ки соли 2019 муассисаҳоро хатм кард, ҳамагӣ 15 – 20 нафар ба истеҳсолот рафт, ки ин вазъ хеле нигаронкунанда аст. Ва ин ҳам дар ҳолест, ки қариб ҳамаи корхонаҳо аз камчинии муҳандис – технологҳои ресандагӣ, бофандагӣ, кешбофӣ ва дӯзандагӣ танқисӣ мекашанд. 
Гузашта аз ин, соли сипаригашта дар ҷумҳурӣ 2651 дӯзанда, 59 бофанда ва 20 қолинбоф омода шуданд ва аксари дӯзандаҳо тариқи курсҳои омӯзишӣ соҳибкасб гардида, дар хона фаъолият мекунанд. Пас, қазоват кунед, бо теъдоди ангуштшумори бофандаю қолинбоф, ки ба истеҳсолот пайвастанашон низ гумон аст, пешрафти соҳаро чӣ гуна таъмин созем?
Истеҳсолотчиён низ мавҷуд будани ин проблемаро тасдиқ карданд:  
«Онҳое, ки пас аз хатми донишгоҳ ба кор меоянд, мутаассифона, аз одитарин нозукиҳои соҳа бехабаранд. Гӯё дастгоҳи ресандагию бофандагиро бори аввал медида бошанд. Бо чунин ҳол на ҳаҷми истеҳсолотро зиёд карда метавонему на имкони истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазирро ба роҳ мондан дорем. Ҳамин аст, ки маҳсулоти корхонаҳо ба фурӯш нарафта, дар анборҳо хобанд», - шиква намуданд онҳо.
 
ОМӮЗИШИ ФАНҲОИ УМУМИИХТИСОСИРО АЗ БАЙН БУРДЕМ, ЧАРО?
Аз омӯзиши мавзӯъ бармеояд, ки барои омодасозии мутахассисони баландихтисос мушкилиҳои зиёде ҷой доранд. Камбудии барномаҳои таълимӣ яке аз онҳост, ки солҳо боз омӯзгорону коршиносонро нигарон кардааст.
- Тайи даҳсолаи охир сатҳи донишандӯзии мутахассисони соҳа ба қадре поён рафт, - ба масъала рӯшанӣ андохт декани факултети технология ва дизайни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон профессор Холназар Иброҳимов. - Зеро дар низоми таҳсилоти кредитӣ омӯзиши фанҳои умумиихтисосиро қариб аз байн бурда, ба фанҳои ҷомеашиносӣ рӯ овардем, ки таъсири манфии худро дар раванди таълим бармало гузошт. Донишҷӯ ду соли аввал ҳамон фанҳоеро, ки дар мактаби миёна хонда буд, бори дигар меомӯхту танҳо ду соли охир нозукиҳои касбашро аз худ мекард. Аз ин рӯ, Вазорати маориф ва илм тасмим гирифт, ки нақшаҳои таълимиро бо иштироки доираи васеи корфармоён омода созад, яъне бо ба инобат гирифтани талаботи истеҳсолгарон ба мутахассис. Бо назардошти ин, аз моҳи июн 12 соат кам кардани омӯзиши фанҳои ҷамъиятшиносӣ ва ба фанҳои тахассусӣ зам намудани ин соатҳо дар назар аст. Ин иқдом, бешубҳа, ба беҳтар гаштани сифати таҳсилот мусоидат хоҳад намуд.
 
ТАҶРИБАОМӮЗӢ БО ДАСТГОҲҲОИ ФАРСУДА Ё ЧАРО МУТАХАССИСОН БЕМАҚСАД ОМОДА МЕШАВАНД? 
Дар баробари номукаммалии барномаҳои таълимӣ, масъалаи дигари ташвишовар бо таҷҳизоти муосири техникию инноватсионӣ муҷаҳҳаз набудани пойгоҳҳои истеҳсолӣ, озмоишгоҳҳо ва паркҳои технологӣ мебошад. Яъне, таҷрибаомӯзии донишҷӯ на ҳама вақт мувофиқи мақсад ба роҳ монда мешавад. Дар ҳоле ки илму истеҳсолот бояд якҷоя пеш раванду донишҷӯ назарияи азхудкардаашро дар амалия санҷад. Ҳарчанд баҳри рафъи ин мушкил кӯшишҳо шуда истодаанд, вале нокифоя. Барои мисол, Донишгоҳи технологӣ бо як қатор корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла “ИИ Нассоҷии тоҷик”, “Гулистон”, “Файзи истиқлол – 2011”, “Дунёи нав”, “Ҳосилот”, шартномаҳои ҳамкорӣ баста, барои гузарондани таҷрибаомӯзӣ синфхонаҳо таъсис додааст. Аммо ин корхонаҳо низ на бо ҳамаи дастгоҳҳои ҳозиразамон муҷаҳҳазанд. Дар ин иртибот, Холназар Иброҳимов аз дидаҳояш дар ҳамсоякишвар нақл кард, ки қобили омӯзиш аст: 
- Дар назди Донишкадаи нассоҷӣ ва саноати сабуки шаҳри Тошканд Маркази сертификаткунонии Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъсис ёфтааст, ки дар минтақа назир надораду ҳатто Россия барои дар он гузарондани таҷрибаомӯзии донишҷӯёнаш ҳавасманд аст, - гуфт ӯ. – Айни замон бунёди чунин марказ дар ҷумҳурӣ хеле зарурист. Аммо барои ин маблағи ҳангуфт сарф мешавад, ки донишгоҳу донишкадаҳо чунин маблағ надоранд. Вале метавон аз таҷрибаи кишвари ҳамсоя, ки ҳамкориамон бо он сол ба сол густурдатар мегардаду яке аз пешсафони саноати сабук дар минтақа аст, босамар истифода бурд.
Тавре ба мо иттилоъ доданд, барои таъсиси чунин марказ миёни Ҳукумати мамлакат ва Ҷумҳурии Корея ба маблағи 6 миллион доллари ИМА шартнома ба имзо расидааст ва татбиқи лоиҳа аз моҳи июл оғоз меёбад. Ин маркази ҷумҳуриявии нассоҷию сертификаткунонӣ ва тренингӣ дар Донишгоҳи технологӣ таъсис хоҳад ёфт. Вале бо ин танҳо мушкили як донишгоҳ осон мешавад, зеро на ҳамаи донишҷӯёни манотиқи дурдаст ба он дастрасӣ пайдо карда метавонанд. Ва боз ҳам ниёз ба гузарондани таҷрибаомӯзӣ дар корхонаҳо боқӣ мемонад, ки  дурусту бамаврид роҳандозӣ намудани он ҳамкории мутақобилаи муассисаҳоро бо ширкатҳо тақозо дорад. 
Воқеан ҳам, норасоии мутахассисони соҳаи саноати сабук аз масъалаҳои умдае боқӣ мемонад, ки соҳаро ба қафо кашида истодаанд. Ҳалли ин мушкилот барои истеҳсол намудани маҳсулоти  рақобатпазир ва бо иқтидори пурра ба кор андохтани корхонаҳо мусоидат мекунад.
 
Меҳрангез ҚОДИРОВА, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.03.2020    №: 53    Мутолиа карданд: 1120
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед