logo

иқтисод

ТОҶИКИСТОН КИШВАРИ ОБҲОИ МУСАФФО

14 март Рӯзи - байналмилалии дарёҳо
 
Рӯзи байналмилалии дарёҳо аввалин маротиба 14 марти соли 1998 дар беш аз 50 кишвари ҷаҳон ҷашн гирифта шуд. Яке аз ҳадафҳои асосии таъсис ва таҷлили ин ҷашн тоза нигоҳ доштани дарёву соҳилҳо, гузарондани ҳамоишу ҳашар ва маъракаҳои (аксияҳои) «Тозагии соҳил ва дарёҳо» мебошад. Айни ҳол гузарондани чунин маъракаю ҳашарҳо дар аксари кишварҳои пешрафта ва рӯ ба инкишоф, аз ҷумла Бразилия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Испания, Мексика, Норвегия, Таиланд, Тоҷикистон, Федератсияи Россия, Франсия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, ба ҳукми анъана даромадааст.
Дарё ва умуман - об сарчашмаи асосии пайдоиш ва мавҷудияти ҳаёт, сабзиши табиат ва рушди ҷомеа ба шумор меравад. Бахти мост, ки Тоҷикистон дар саргаҳи оби тоза ҷойгир аст. Беш аз 60 дарсади обҳои Осиёи Марказӣ маҳз дар кишвари мо ташаккул меёбанд.
Тибқи иттилои маркази матбуоти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар кишвари сабзу обшори мо 25227 дарё мавҷуд аст, ки қариб 1000 - тои онҳо аз 10 километр зиёдтар дарозӣ дорад. Дарозии умумии онҳо 28500 километрро ташкил медиҳад. Сарчашмаҳои асосии дарёҳои Тоҷикистон пиряхҳо, боришот ва обҳои зеризаминӣ мебошанд. Оби аксарияти дарёҳои мамлакат нӯшоист. Ҳамин аст, ки Тоҷикистонро дар ҷаҳон «Кишвари обҳои мусаффо» меноманд.
Аму, Сир, Панҷ, Вахш, Зарафшон, Кофарниҳон, Хингоб, Сурхоб, Исфара дарёҳои калонтарини Тоҷикистонанд. Аму серобтарин дарёи Осиёи Марказист, ки аз ба ҳам омехтани Панҷу Вахш дар қисмати ҷанубии Тоҷикистон пайдо шуда, то охири ҷараён 2325 километр масофаро мепаймояд.  Панҷ шохоби калонтарини Амуст, ки 921 километр дарозӣ дорад. Зарафшон (дарозиаш 877 км) ҳам аз дарёҳои калонтарини минтақа аст, аммо бинобар сабаби дар вилоятҳои Самарқанду Бухоро  комилан барои обёрӣ истифода шудан, то дарёи Аму рафта намерасад. Сир дарёи дарозтарини (2684 км) Осиёи Миёна аст. Аму ва Сир ба баҳри Арал мерезанд.
Бо кунҷи баланд сарозер шудан ва иқтидори бузурги энергетикӣ доштан хосияти вижаи дарёҳои Тоҷикистон аст. Танҳо рӯди Вахш 9 неругоҳи барқиро гардон мекунад, аз ҷумла «Роғун», «Норак», « Сангтӯда - 1», «Сангтӯда - 2», «Сарбанд», «Бойғозӣ»-ро, ки калонтарин неругоҳҳои кишвар маҳсуб меёбанд. Захираи умумии гидроэнергетикии Тоҷикистон 527 миллиард кВт- соатро ташкил медиҳад. Аз рӯи ҳаҷми захираҳои гидроэнергетикӣ Тоҷикистон дар байни кишварҳои ИДМ дуюм ва дар ҷаҳон ҳаштум аст.
Бале, Тоҷикистон кишвари обҳои фаровони мусаффост. Аммо дар ҳамин ҳол норасоӣ ва масъалаҳои дигари марбут ба об мушкилоти мубрамтарини ҷаҳони муосир ба ҳисоб мераванд. Дар байни мушкилиҳои обӣ масъалаҳои таъминоти сокинони сайёра бо оби нӯшоӣ ва фароҳам овардани шароит барои дастрасӣ ба санитария муҳимтаринанд. Мувофиқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, зиёда аз 1, 2 миллиард сокини сайёра аз норасоии оби тозаи нӯшоӣ азият мекашад, беш аз 5 миллион нафар аз ҳисоби нӯшидани оби ифлос ба ҳалокат мерасад ва 3 миллион нафари дигар ба касалиҳои дигар мубтало мешавад.
Яке аз масъалаҳои ҳассосу мавриди баҳсу низои дигар муносибат ба дарёҳои фаромарзист, зеро қариб 40 дарсади аҳолии ҷаҳон дар ҳавзаҳои дарёҳои марзӣ зиндагӣ мекунад. Умуман, бе ҳамкории густурдаи давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ барои истифодаи оқилонаи об ҳалли мушкили норасоии об ва бисёр масъалаҳои дигари марбут ба он имконнопазир аст.
Ҳамаи инро ба назар гирифта, сиёсатмадори хирадманду башарпарвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббусҳои ҷаҳонии ҳалли саривақтии масъалаҳои марбут ба об баромад намуданд. Созмони Милали Муттаҳид чор ташаббуси марбут ба оби Сарвари давлати моро пазируфт: «Соли байналмилалии оби тоза, 2003», Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт, 2005 – 2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013» ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018 – 2028».
Айни ҳол татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018 – 2028», ки бо иқдоми Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст, идома дорад. Ҷиҳати амалисозии ин ҳадафҳо мо – сокинони Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор ва ҳамчун инсони соҳибмаърифат вазифаю масъулияти азиму ифтихорӣ дорем. Вазифадорем, ки барои амалисозии ҳадафҳои даҳсола ва фаровонии об дарёю ҷӯйҳоро тоза нигоҳ дорем, дар маъракаҳои тоза кардани соҳили дарёҳо фаъолии хоса нишон диҳем ва ба насли наврас маърифати баланди муносибат ба обро омӯзонем.
 
С. РАҶАБЗОДА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.03.2020    №: 53    Мутолиа карданд: 812
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед