logo

фарҳанг

1925 – 2020 НАВАДУ ПАНҶ СОЛИ ПУРШАРАФ

Нашрияи расмии «Ҷумҳурият» яке аз бонуфузтарин рӯзномаи миллии кишвари соҳибистиқлоли мо ба шумор рафта, дар тӯли таърих ба хотири таҳкими озодиву истиқлолият, боло бурдани тафаккури миллии халқи тоҷик, арҷ гузоштан ба арзишҳои фарҳангӣ ва тарғиби дастовардҳои Ватани азизамон саҳми сазовор гузоштааст.
Нахустин шумораи он бо номи «Иди тоҷик» 15 марти соли 1925 ба нашр расид, ки чопи аввалинашро тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ба хубӣ истиқбол карданд ва таъсиси рӯзномаро як таҳаввулоти фикрӣ дар ҷумҳурӣ муаррифӣ намуданд. Дар ин рӯз Ҳукумати Тоҷикистони худмухтор ба пойтахти навтаъсис - шаҳри Душанбе кӯчид, бо мардум суҳбат орост ва расман ба кори худ шурӯъ намуд. Рӯзномаи «Иди тоҷик» дар пойтахти навбунёд, ки он рӯзҳо ҳанӯз ба шаҳр монандӣ надошту як деҳаи хурде буд, ба нашр расид. Маҳз дар Душанбеи навбунёд, қатъи назар аз мавҷуд набудани шароити мусоид дар 16 саҳифаи хурдҳаҷм, бо теъдоди 500 нусха чоп гардидану паҳн шудани он, аҳамияти бузурги сиёсӣ дошт ва дар боло рафтани рӯҳияи миллии мардуми тоҷик, ки соҳиби ҷумҳурӣ гашта буд, таъсири бузург гузошт.
Аз шумораи дуюм рӯзнома ба худ номи «Бедории тоҷик»-ро гирифт, ки ин ҳам бесабаб набуд, зеро вазифаи Ҳукумат ва аҳли зиёи вақти ҷумҳурии навтаъсис, ки дар қаламрави он ҳанӯз босмачиён бедодгарӣ мекарданд, бедору худшинос кардани мардум, ташаккул додани ҳувияти тоҷикӣ, ташкили ҳаёти нави миллӣ ва дар маҷмӯъ, рушди Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт.
Дар ин росто, хидмати равшанфикрони пешқадами тоҷик ба монанди Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Аббос Алиев (аввалин муҳаррири рӯзнома), Алӣ Исмоилзода, Саидбоғир Қосимов, Қосим Дайламӣ, Муҳаммадҷон Ҳасанӣ ва дигарон хеле бузург мебошад, ки бо нигоштаҳои худ дар саҳифаҳои рӯзнома мардуми тоҷикро ба сӯи худшиносиву худогоҳӣ ва ояндаи неку дурахшон раҳнамун месохтанд. 
Даҳсолаҳои минбаъда рӯзнома бо номҳои «Тоҷикистони сурх», «Тоҷикистони советӣ» ва «Тоҷикистони шӯравӣ» интишор ёфта, дар низоми матбуоти тоҷик чун нашрияи ҳамарӯза аз мақоми махсус бархӯрдор буд. Аз солҳои баъдиҷангӣ то даврони соҳибистиқлолии кишвар рӯзнома мавқеи худро боз ҳам устувор намуда, дар боло рафтани худшиносии милливу маърифати сиёсии аҳли ҷомеа саҳми босазо дошт. Дар ин ҷода хидматҳои Самад Ғанӣ, Ашӯр Ҳалимов, Ғоиб Қаландаров, Шодӣ Саид, Нур Табаров, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Мазҳабшо Муҳаббатшоев ва дигарон назаррас мебошанд.
Дар замони Истиқлолияти давлатӣ рӯзнома ба худ номи «Ҷумҳурият»-ро гирифта, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 марти соли 2000, мақоми Нашрияи расмии Тоҷикистони соҳибистиқлолро соҳиб гашт. Дар даврони истиқлолу озодии миллӣ нақши рӯзнома вобаста ба дастгирии сохти конститутсионӣ, қатъ намудани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ноил шудан ба сулҳу салоҳ, таҳкими ваҳдати миллӣ, инъикоси дастовардҳои беназири сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят бузург аст.
Ба ин хотир, вазифаи аввалиндараҷаи воситаҳои ахбори оммаи мамлакат, махсусан Нашрияи расмии кишвар – рӯзномаи «Ҷумҳурият», ба василаи мақолаву гузоришҳои пурмазмуну рӯзмарра боз ҳам вусъат додани инъикос ва таблиғи пайвастаи сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат мебошад.
Дар ин ҷода, кормандони эҷодии рӯзнома бояд ташаббусҳои Роҳбари давлатро вобаста ба саноатикунонии босуръати мамлакат, тақвият додани фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар самтҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, риояи маданияти баланди заминдорӣ, рушди соҳаҳои сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ, тандурустӣ ва илму маориф, ки дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии мамлакат баён намуданд, сармашқи фаъолияти ҳамарӯзаи худ қарор диҳанд.
Дар соҳаи илму маориф аҳли қалами рӯзнома, ба пешниҳоди Роҳбари давлат оид ба эълони «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф»  таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, тавассути маводи худ ба тавсеаи тафаккури техникии насли наврасу ҷавон бояд ҳарчи бештар мусоидат намоянд. 
Дар тӯли наваду панҷ соли таърихи худ рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба ҳайси нашрияи асосии кишвар роҳи пуршараферо тай намуда, ҳамеша ҳамнафаси мардуми кишвар будааст. Ҳайати кормандони эҷодиву техникии имрӯзаи он анъанаҳои наслҳои гузаштаро муваффақона идома дода, дар роҳи эъмори давлатдории навини тоҷикон, ки соли оянда мо 30-солагии истиқлоли онро ба таври бошукӯҳ ҷашн мегирем, саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Дар ин ҷода, ба аҳли қалами  Нашрияи расмии мамлакат-рӯзномаи «Ҷумҳурият» комёбиву дастовардҳои нав ба нав орзу менамоям.

Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА,
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ
ва робита бо ҷомеа


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.03.2020    №: 54    Мутолиа карданд: 647
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед