logo

сиёсат

САТРҲОИ СИПОС

Аҳли эҷоди Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» бо як ҷаҳон меҳру муҳаббат, самимияту садоқат ба Шумо, узви ҳайати таҳририяи ин рӯзнома, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ барои дастгирӣ ва ғамхории ҳамешагиятон изҳори сипос менамояд.
Бо роҳнамоӣ ва маслиҳатҳои судбахшатон ҳамчун узви ҳайати таҳририя теъдоди нашри рӯзнома аз 30 ҳазор нусхаи солҳои пешин ҳолиё ба наздики 50 ҳазор нусха расид, ки дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар дастоварди назаррас ба шумор меравад. «Ҷумҳурият», ҳамчунин,  дар ин давра пайваста бе ҳеҷ мушкилии моддиву маънавӣ ҳафтае 5 маротиба сари вақт нашр гардид ва минбаъд низ ба табъ мерасад. Бо ҷалби насли наву ҷавони эҷодкор дар муҳтавои матолиб ба маънои мусбаташ тағйироти ҷиддӣ ворид шуд. Ҳамзамон, бо дарки бештару беҳтари сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳли эҷод барои боло бурдани сатҳи хештаншиносӣ, муҳаббат ба Ватану сарзамини аҷдодӣ ва маърифати аҳли ҷомеа тамоми тадбирҳоро андешидаву меандешаду амалӣ месозад.
Маҳз туфайли ҳамин гуна ғамхориву дастгирии пайвастаи Шумо ва дар маҷмӯъ, аъзои ҳайати таҳририя дар Рӯзи матбуоти тоҷик бо эътирофу қадрдонии махсус «Ҷумҳурият» - ро «Нашрияи сол – 2019» донистанду пазируфтанд ва эълон карданд.
Замон ва, аз ҷумла дастовардҳои бесобиқаи рӯзномаи «Ҷумҳурият»,  бори дигар равшантару возеҳтар собит сохт, ки Шумо чун сиёсатмадори асилу варзидаву эътирофгардида дар кишвару берун аз он, ба тамоми донишу таҷрибаву неруву сарсупурдагӣ ба нафъи миллат хидматҳои шоёну мондагорро анҷом медиҳед.
Инчунин, дар боло рафтани сатҳи касбияти аҳли эҷод, беҳтар шудани сифату муҳтаво, ҷолибу хонданӣ шудани рӯзнома ва афзудани ҳаводоронаш ба ҳамаи масъулияти зиёди ба дӯшдошта фурсат пайдо мекунед ва саҳм мегузоред.
Дар ин рӯзе, ки нахустин рӯзномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне «Ҷумҳурият» 95 – сола мешавад, ба Шумо аҳли эҷод бори дигар изҳори сипос менамояд  ва  бо табрику таҳният бароятон тандурустӣ, ривоҷи кору осоиши рӯзгорро таманно мекунад. Ҳамчунин, бо боварӣ ва итминони комил изҳор медорад, ки бо ғамхорӣ ва дастгириву маслиҳатҳои Шумо аҳли эҷоди Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муассисонаш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати кишвар мебошанд, дар пойдории Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдат ва дигар арзишҳои миллӣ минбаъд низ бо садоқати бепоён хидмати арзанда менамояд.

Бо эҳтиром, аҳли эҷоди рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.03.2020    №: 54    Мутолиа карданд: 852
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед