logo

фарҳанг

ШОДБОШӢ

Бовар бикунед, ман ҳанӯз ҳам чун рӯзномаи «Ҷумҳурият» («Тоҷикистони советӣ») – ро ба даст мегирам, дилам аз нури шодӣ равшан мешаваду лаҳзаҳои аввали ба ин даргоҳи муқаддас қадам ниҳоданам пеши назар меоянд. Охири солҳои 60 – уми асри бист донишҷӯ будам ва гоҳ – гоҳ дар сафи ба таъбири он замон «мухбирони коргаҳу деҳқон» хабару мақолае навишта, беҷуръатона, вале бо умеду орзу ба ин ҷаридаи муътабар мебурдам. Навиштаҳоям норавону ислоҳталаб буданд ва гоҳе бо таҳрир дар чанд ҷумла бо ному насабам чоп мешуданд. Эҳа, аз ин болу пар мебаровардам. Муваффақият! Лекин он вақт дар дил ҳавову ҳавас ё нияти оянда рӯзноманигор, нависанда ё шаҳрнишин шудан надоштам. Пас аз нашри чанд мавод ва иҷрои супоришҳои пирони матбуот, - воқеан, фидоӣ буданд! – иншои мақолаҳое дар  мавзӯъҳои тозагии кӯчаву хиёбонҳои пойтахт, одоби ҷавонон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, заҳмату рӯзгори одамони дар касбу пешаи хеш номдор, олимону рассомон аз имтиҳон ё санҷиш гузаштам. Омади бахт!

Муҳаррири рӯзнома зиндаёд Шодӣ Саид бо нома пас аз хатми донишкадаи омӯзгорӣ маро ба кор даъват кард. Ана ҳамин барор роҳи зиндагии маро дигар намуд ва тухми орзуҳои навро дар дилам кошт.
Устод Айнӣ таъкид кардаанд: «Рӯзномаи ҳар миллат забони он миллат аст». Бешак, рӯзномаи «Ҷумҳурият» аз соли 1925 чун давоми сазовори нахустрӯзномаҳо ба забони тоҷикӣ дар ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки дар бунбаст ҷой дошт ва аз матбуоту воситаҳои ахбори омма маҳрум буд, ба забони арзу ниёзи мардум, омили босавод шудани ҷомеа, майдони муборизаҳои шадид алайҳи бадхоҳони миллат дар таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳиби марзу бум будан табдил ёфт. Ва дар роҳи бедорӣ, худшиносиву ҳақталошӣ, баланд бардоштани савияи маърифати сиёсии миллат, сипас, бунёду пойдории республикаи навтаъсиси Тоҷикистон саҳми бузург гузошт.
Имрӯз низ «Ҷумҳурият» ин рисолати азалии хешро барои пойдорӣ ва беш аз пеш ободу пуриқтидор шудани давлати навини Тоҷикистони соҳибистиқлол, амалӣ шудани сиёсати созандаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошарафона иҷро мекунад. Ҳар шумораи «Ҷумҳурият» бо маводи рангини хондание, ки ҳадафи ғанӣ гардондани маънавиёти хонанда, баланд бардоштани донишу биниши сиёсии замонавии ҷомеаро таҳким мебахшанд, зиёда аз ин рӯҳи Ватану миллатдӯстӣ, худшиносӣ, эҳтиром ба таъриху расму суннатҳои миллӣ, шахсиятҳои барӯманд, ҳушёриву зиракӣ, маҳкум кардани падидаҳои зишти тундравиву бегонапарастӣ доранд, ба нашр мерасанд. Дар маводи рӯзнома набзи ҳаёти сиёсӣ, ҳолати равонии мардуми бунёдкорамон, садоқати онҳо ба Меҳан, ҳидоятҳои Президент, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон возеҳу нишонрас дарҷ мегарданд. Ин хеле муҳим аст.
Рӯзномаи «Ҷумҳурият» солҳои охир ба минбари фаъоли  тарғиб ва густариши ташаббусҳои наҷиб, ки муқаддас будани забони давлатӣ, шинохту арҷгузории шахсиятҳои номвари илму адаб ва сиёсати миллат табдил ёфтааст. Озмунҳои маърифатии рӯзнома танҳо дар пойтахт не, дар маркази водӣ, ноҳияву вилоятҳо ҷамъбаст шуда, оммаи васеи хонандагонро ҷалб мекунанд. Бешубҳа, ин аз заҳмати ҳалол, садоқати кормандони рӯзномаи "Ҷумҳурият» ба сиёсати давлату Ҳукумат ва касбу пешаашон башорат медиҳад.
Инак, «Ҷумҳурият» - и гиромӣ 95 - сола шуду банда шогирди камтарини мактаби бузургаш ба синни 73 расидам. Ва имрӯз ба хулосае омадам, ки маҳз мактаби рӯзномаи воломақоми «Ҷумҳурият» ва ҳайати кормандони зиндагидидаву хайрхоҳи он дар тӯли 10 соли фаъолиятам чун омӯзгори сахтгиру хирадманд маро ва мисли ман бисёр ҷавононро зина ба зина худшинос, миллату ватандӯст кард, моро ба омӯхтани ҷиддии таъриху адабиёт, эҳтирому эҳёи беҳтарин суннатҳои ниёгон ҳидоят намуд, дар диламон ниҳоли масъулияти бузурги Ватану миллатдорӣ, шинохтани мардум, гиромидошти забону арзишҳои фарҳангиро парварид. Магар ин некиву хизмати волоро фаромӯш мекунам? Ҳаргиз не! Ба пиндорам, ба ҳар появу ҷое аз баракати мактаби «Ҷумҳурият» расидаам. Ва муборак бод мегӯям ҷашни фархундаи «Ҷумҳурият» - ро ба кормандон ва хонандагони бешумораш. Бигузор «Ҷумҳурият» ҳамеша дар появу мақоми баландтарин ба хизмати миллати тоҷику давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон содиқу муваффақ бошад.

Абдулҳамид САМАД, Нависандаи халқии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.03.2020    №: 54    Мутолиа карданд: 608
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед