фарҳанг
АЗ ИН РӮЗНОМА ҚАРЗДОРАМ
Дар рӯзномаи «Тоҷикистони сурх» ман ҳамроҳи Самад Ғанӣ (сармуҳаррир), Набиҷон Почоҷонов (муовини сармуҳаррир), Раҳмат Муҳаммадҷонов (мухбири махсус дар вилояти Ленинобод, баъд муовини сармуҳаррир), Расул Болтаев, Гавриелов (ёрдамчии котиби масъул), Р. Амонов (котиби масъул), Мерган Султонов (ходими шуъба), Ҷунайдулло Исоев (мудири шуъба), Суҳайлӣ Ҷавҳаризода (ходими шуъба) кор мекардам.
Афсӯс,ки ҳоло ягон нафар аз инҳо дар қайди ҳаёт нестанд. Пеши назарам меоянд. Ба хотирам он рӯзҳо ҳамеша мерасанд.
Дар он солҳо, ки солҳои роҳбарии Бобоҷон Ғафуров буд, мусобиқаҳои сотсиалистӣ миёни ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ мешуд ва дар ин мусобиқаҳо чун намояндаи рӯзномаи «Тоҷикистони сурх» ҳамеша маро интихоб менамуданд.
Рӯзнома дер аз чоп мебаромад. Ҳамеша соатҳои 3 – 4 – и шаб нашр мешуд. Доимо аз ин хотир дар мизҳои кории мо нон ва дигар хӯрокиҳо буд. Маош барои рӯзгузаронӣ мерасид. Боз ҳаққи қалам мегирифтем ва он маро қонеъ менамуд.
Соли 1955 маро ба мактаби олии партиявии шаҳри Москва фиристоданд, ба факултаи журналистика. Баъд аз ин дар Комитети Марказии Ҳизби комунистии Тоҷикистон ба сифати инструктор кор кардам. Даврони дар рӯзномаи «Тоҷикистони сурх» кор карданам бисёр даврони хуб буд ва ман, тавре гуфтам, онро ҳамеша ба ёд меорам, зеро аз ин рӯзнома тамоми умр қарздорам.
Абдуҷаббор ҚАҲҲОРӢ, шоир
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 15.03.2020 №: 54 Мутолиа карданд: 684