фарҳанг
ЁДИ ОН РӮЗҲО
Ғоиб Сафарзода байни ҳамкорон мавқеи хосса дошт. Баробари эҷоди шеърҳои дилписанд дар мавзӯъҳои бисёр муҳим мақолаҳои танқидӣ менавишт. Ёд дорам. Чанд муддат ӯ оид ба номгузорӣ, шиору лавҳаҳои нофаҳму ғалат як силсила баромадҳо кард, ки аз ҷониби хонандагони сершумор ҳамовозӣ пайдо намуданд. Тозагии забони модарӣ марому мақсади шодравон буд.
Аммо баъд нотавонбинҳо баромадҳои ӯро дар мақомоти боло оҳангу тобиши миллатчигӣ дода, обрӯи кормандони рӯзномаро паст заданд. Барои чунин баромадҳо сармуҳаррири рӯзнома Ашӯр Ҳалимовро аз вазифа озод намуда, рӯзноманигоронро огоҳ сохтанд, ки минбаъд ба чунин мавзӯъҳои «доғи рӯз» даст назананд.
Солҳо сипарӣ шуданд. Номи рӯзнома борҳо дигар шуд: «Тоҷикистони сурх», «Тоҷикистони советӣ», «Тоҷикистони шӯравӣ», «Ҷумҳурият». Банда ҳар гоҳе ин рӯзномаро ба даст мегирам, ёди он рӯзҳо ва шахсиятҳои варзида мекунам. Номҳои Ашӯр Ҳалимов, Ғоиб Сафарзода, Юлдош Зиёев ва онҳоеро, ки дар тарбияи ҷавонон, рушду нумӯи забон сина сипар намуданд, бо некӣ ёд менамоям. Онҳо барои худ не, барои оянда, ин рӯзҳои нек зистанд.
Раҷабалӣ АҲМАДОВ, собиқ корманди рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» («Ҷумҳурият»)
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 15.03.2020 №: 54 Мутолиа карданд: 638