фарҳанг
ЯК ШАРОРАИ ХОТИРА
Чандин баҳору зимистон омаду рафт. Замона дигар шуд. Одамон дар тӯли ин солҳо гармию сардии бисёре диданд. Ҳатто ба сарашон нохушиҳову балои гуруснагӣ омаду гузашт. Дигар аз он одамону он рӯзгор ба ҷуз якчанд шахс, ки хушбахтона, ҳоло дар ҳисоби зиндаҳо ёдашон мекунанд, касеву чизе нишона намондааст. Аммо рӯзномаи "Тоҷикистони советӣ", ки "Ҷумҳурият" номгузорӣ шудааст ва мисли солҳои пешин мақому мартабаи баланд дораду ҳанӯз ҳам ин ҷо журналистони барӯманду ҷоннисор кор мекунанд, побарҷост. Табиист, ки одамон меоянду мераванд, лекин ин "гаҳвора" меҷунбаду меҷунбад ва наслҳои нави қаламкашро суруди алла хонда, тарбия мекунад.
Шоҳмузаффар ЁДГОРӢ, сармуҳаррири "Ҷумҳурият" дар солҳои 1995 – 2000
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 15.03.2020 №: 54 Мутолиа карданд: 728