фарҳанг
САБАҚҲОИ ЯКУМРӢ
Тақдир бароям имкониятеро ҳадия карда буд, ки ҳанӯз аз даврони донишҷӯӣ (1977) ба ҳайати кормандони рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» (ҳозира «Ҷумҳурият») ворид гардам. Тирамоҳи соли 1977 маро ба сифати тарҷумон ба кор гирифтанд. То он дам ин вазифа ба уҳдаи тарҷумони моҳир Мидҳат Беҳбудӣ будааст. Ҳамин тариқ, бо тадриҷ дар рӯзнома бо тарҷумаи ман мақолаҳо, очеркҳо, памфлетҳои байналхалқӣ ва фелетонҳои мухбирони махсуси ТАСС ва АПН, мухбирони махсуси нашриҳои марказӣ – «Правда», «Известия» ва ғайра ба табъ мерасиданд. Дар ҷараёни кор ман ба тарзи баён ва андешаи муаллифони ботаҷриба шинос мешудам, услубашонро меомӯхтам ва кӯшиш менамудам, ки махсусиятҳои жанрҳои «шакли хурди» адабиёти бадеию публитсистиро бифаҳмам.
Ҳоло, бо гузашти вақт, ман дарк мекунам, ки «Ҷумҳурият» чӣ гуна мактаби олиҷанобе барои рӯзноманигори навқалам будааст. Аммо он вақт дурнамои фаъолияти тарҷумонӣ таваҷҷуҳамро он қадар ҷалб намекард, мехостам, худ мақолаҳо нависам, бетоқатона интизори дидани ному насабам дар саҳифаҳои рӯзнома будам.
Мансур САЙФИДДИНОВ, нависанда, тарҷумон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 15.03.2020 №: 54 Мутолиа карданд: 662