logo

фарҳанг

"ҶУМҲУРИЯТ" ВА ЗАМИМАҲОИ ОН

Нашрияи «Ҷумҳурият» дар низоми матбуоти даврии муосир аз ҳар ҷиҳат бартарӣ ва афзалият дорад, ки инро метавон дар мундариҷа, ороиш, тарзи таҳия, гуногунжанрии мавод ва қобилияти нигорандагии журналистони он нисбат дод. Муносибати рӯзнома ба воқеаҳои иҷтимоӣ холисона буда, дар инъикосу баррасии муҳимтарин масоили рӯз ва ба ин васила барои ташаккули маърифати иҷтимоии ҷомеа ҳамвора талош меварзад.
Агар ба таърихи 95 соли фаъолияти нашрия назар афканем, мебинем, ки он барои рангорангии мундариҷааш аз роҳу василаҳои гунгун кор гирифтааст. Пеш аз ҳама, бо таъсиси замима ва гӯшаву саҳифаҳои алоҳида ва ҷустуҷӯйи усулҳои наву ҷолиб тавонистааст, ки аз як тараф, мундариҷаи мавзӯоташро мувофиқ ба завқи аудитория шакл диҳад, аз ҷониби дигар, дар низоми матбуоти даврии тоҷик нақши матбуоти гуногунтипро ба ҷо орад.
Таҳқиқи замимаву гӯшаҳои таъсиснамудаи рӯзнома барои баҳо додан ба муҳтавои нашрия, ашколи жанрӣ, рангорангӣ ва ҷолибияти мундариҷаи он метавонад ёрӣ расонад. Дар таъсиси замима ва саҳифаҳои махсус рӯзномаи «Ҷумҳурият» анъанаи матбуоти гузаштаи тоҷикиро тавъам бо талаботи замона инкишоф додааст.
«Ҷумҳурият» аввалин нашрияи тоҷикӣ мебошад, ки баъди таъсиси Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар сарзамини имрӯзаи мо рӯйи чоп омад. Вазъият дар ҷумҳурии навташкил душвор буд, хусусан шароити моддиву маънавӣ он солҳо имкони якбора ба роҳ мондани нашри рӯзномаҳои алоҳидаро барои доираҳои гуногуни ҷомеа надошт. Аз як тараф набудани шароити чопхонаву кадрҳои соҳаи матбуот ва аз ҷониби дигар сатҳи дониши ҷомеа аз монеаҳои ҷиддӣ дар ин раванд буданд. Дар натиҷаи таваҷҷуҳи ҳукумат ба мактабу маориф ва сол ба сол тараққӣ ёфтани сатҳи донишу саводнокии омма талабот ба рӯзномаву маводи чопӣ низ меафзуд. Аз ин рӯ, ходимони рӯзномаи «Ҷумҳурият» бо назардошти завқу салиқаи қишрҳои гуногуни ҷомеа, аз қабили ҷавонон, бонувон талош мекарданд, ки дар нашрия гӯшаву бахшҳои алоҳидаро таъсис диҳанд. Ин саҳифаву гӯшаҳо барои пешрафти ҳаёти маънавии омма, бахусус ҷавонон, дар роҳи саводнок кардан ва ба корҳои ҷамъиятӣ ҷалб сохтани онҳо дар он солҳои душвору тангӣ мадад кардааст.
Баъдан ҳар кадоме аз ин саҳифаву замимаҳо ба сифати матбуоти алоҳида рӯйи чоп омаданд. Яке аз муҳаққиқони таърихи матбуоти шӯравии тоҷик А. Қодиров заминаи пайдоиши рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон»-ро, ки шумораи нахус-тинаш 5-уми апрели соли 1930 нашр шудааст, ба саҳифаи «Ҷавонони ленинии Тоҷикистон», ки дар дохили рӯзномаи «Тоҷикистони сурх» аз соли 1926  нашр мешуд, нисбат додааст. Таъсиси рӯзномаи ӯзбекии «Қизил Тожикистон» (соли 1929, ҳоло «Халқ овози») низ ба фаъолияти рӯзномаи «Ҷумҳурият» алоқаманд аст. Бо назардошти аҳолии ӯзбектабори Тоҷикистон дар соли 1926 рӯзномаи «Бедории тоҷик» барои ӯзбекҳо ба забони онҳо низ мавод нашр мекард. Баъдан дар моҳи октябри соли 1928 қарори Ҳукумат дар хусуси ҳамчун иловаи «Тоҷикистони сурх» ба нашр расидани ҷаридаи «Қизил Тожикис-тон» ба тасвиб расид. Баъди ба «Тоҷикистони сурх» табдили ном кардани рӯзномаи «Бедории тоҷик» аз 8-уми октябри соли 1928 бахши ӯзбекии он «Қизил Тожикистон» низ дар ҳаҷми ду саҳифа ба ин рӯзнома илова мешавад. Баъди ташкили ҶШС Тоҷикистон ин рӯзнома ҳамчун органи ӯзбекии КМ ҲК  Тоҷикистон ва КИМ-и ҷумҳурӣ мустақил мешавад.
Дар соли 1929 рӯзномаи «Тоҷикистони сурх» замимаи иловагие бо номи «Ҷаҳоннамо» таъсис медиҳад, ки дар шакли маҷалла нашр шудааст. Худи нашрия низ дар яке аз шумораҳояш аз 27-уми январи соли 1929 ба хонандагон аз ба роҳ мондани нашри маҷаллаи «Ҷаҳоннамо» мужда дода, онҳоро огоҳ мекунад, ки маҷаллаи мазкур иҷтимоӣ, сиёсӣ ва илмӣ буда, ҳар моҳ як шумора бо расмҳои зебо нашр мешавад.
Аз таҳлили мундариҷаи матолиби маҷаллаи «Ҷаҳоннамо» ба чунин хулоса метавон расид, ки ин нашрия дар таърихи матбуоти тоҷик аз нахустин кӯшиш барои таъсиси матбуотест, ки сирф ба масъалаҳои дорои аҳамияти ҷаҳонӣ ва байналмилалӣ бахшида шудааст. Мундариҷаи онро мақола ва хабарҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва илмии бо расмҳои зебо ороишёфта ташкил медиҳанд.
Рӯзномаи «Ҷумҳурият» аз рӯзи таъсисаш дар баробари иҷрои аҳдофаш, ҳамзамон, бо таҳияи даҳҳо гӯшаву саҳифаҳои махсуси адабӣ, фарҳангӣ ва ҳаҷвӣ дар таъсиси матбуот барои қишрҳои гуногуни ҷомеа замина фароҳам овардааст. Маҳз ба ин хотир устод Садриддин Айнӣ, ки худ ходими фаъоли рӯзнома буд, онро «модари матбуоти Тоҷикистони советӣ» номидааст. Аз нигоҳи илмӣ мавриди омӯзишу баррасӣ қарор додани мундариҷа, шакл, таносуб ва ороиши матолиби ин гӯшаҳо барои рӯшанӣ андохтан ба як паҳлуи маърифати рӯзноманигории тоҷик аз манфиат холӣ нахоҳад буд.

Фаридуни УМАРБЕК, унвонҷӯйи ДМТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.03.2020    №: 54    Мутолиа карданд: 721
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед