фарҳанг
5 СОЛИ НУФУЗАФЗО
Баланд бардоштани эътибор ва нуфузи Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар ҷомеа ва фазои иттилоотии кишвар, ки яке аз ҳадафҳои асосии роҳбарият ва аҳли эҷоди он аст, дар панҷ соли охир шомили муваффақиятҳои чашмрас гардид.
Дар пайи талошҳои натиҷабахш оид ба рангорангии матолиби рӯзнома он дар миёни мардум маҳбубияти бесобиқа касб карда, мавриди эътирофи доираи вассеи хонандагон ва алоқамандон шуд, ки натиҷаи назарсанҷиҳо дар фазои расонаи кишвар ба он далолат мекунанд. Чунончӣ, дар натиҷаи як таҳқиқоти фарогир, ки аз ҷониби Маркази тадқиқоти сотсиологии «Зеркало» ҳар сол анҷом дода мешавад, ду сол пай дар пай (солҳои 2017 – 2018) нашрияи серхонандатарин эътироф гардидани рӯзномаи «Ҷумҳурият» танҳо як мисоли равшан дар роҳи расидан ба ҳадафи пешгузошта аст. Гузашта аз ин, «Сармуҳаррири сол – 2018» эътироф гардидани сармуҳаррири рӯзнома Қурбоналӣ Раҳмонзода ва «Нашрияи сол – 2019» эълон шудани рӯзнома ҳамин андешаро тақвият мебахшад.
Дар робита ба ҷойгоҳи баланди рӯзнома, ки дар ин давра соҳиб гардид, аҳли эҷоди он мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта, ба таври бесобиқа бо мукофотҳои давлатӣ, унвону ифтихорномаҳо ва дипломҳои махсус сарфароз гардиданд. Аз ҷумла, боиси ифтихори аҳли эҷод аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сармуҳаррири рӯзнома Қурбоналӣ Раҳмонзодаро бо Медали «Хизмати шоиста» сарфароз намуданд ва шореҳи масъалаҳои иҷтимоӣ – фарҳангӣ Абдулқодири Раҳим баландтарин ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон – Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутиро ба даст овард.
Агар танҳо ба омори унвону мукофотҳои соҳавӣ назар андозем, дар панҷ сол 24 нафар корманди рӯзнома бо унвони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», 26 нафар бо унвони «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» сазовор гардида, 17 нафар бо Ифтихорномаи вазорати фарҳанг ва 14 нафар бо Ифтихорномаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд, ки ин ҳама аз нуфузи афзояндаи «Ҷумҳурият» дар ин давра аст.
«ҶУМҲУРИЯТ»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 15.03.2020 №: 54 Мутолиа карданд: 701