фарҳанг
САД СОЛУ ДУСАД СОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ДАР ПЕШ АСТ
Саргузашти 95 - солаи рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба гузаштаи муборизаҳои ҷонгудози миллати тоҷик дар роҳи нигаҳдошти ҳувияту асолати миллӣ, ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва дар зеҳнҳои мардум ҷой кардани андешаи хештаншиносии миллӣ пайвастагии ҷудонопазир дорад.
Гарчи ин нашрияи, ба ростӣ, ҳам мубориз дар дарозои таърихи шикастурехтҳои ба сад сол наздикаш, борҳо номи худро ба сони «Иди тоҷик», «Бедории тоҷик», «Тоҷикистони сурх»,«Тоҷикистони советӣ», «Тоҷикистони шӯравӣ» ва «Ҷумҳурият» тағйир дода бошад ҳам, самти асосӣ, дарунмояи он, асосан, ба Истиқлолияти давлатӣ, хештаншиносии миллӣ ва ормонҳои асосии соҳибдавлат гаштани тоҷикон нигаронда шуда буд.
«Ҷумҳурият» ба мавзӯи ҳамбастагии миллату давлат пайваста таваҷҷуҳи хоса мебахшад, зеро кишваре ба қуллаи осудагиву комгориҳо мерасад, ки мардумонаш бо роҳбарияти давлати худ ҳамдилу ҳаммаром бошанд.
Инак, 20 сол аст, ки «Ҷумҳурият» Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста шудааст, ки ин унвон боиси ифтихори кормандон, хабарнигорон ва ҳама алоқамандонаш мебошад.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми вохӯрӣ бо доираи васеи намояндагони ВАО-и давлатӣ, ки соли гузашта доир гардида буд, таъкид намуданд, ки намояндагони васоити ахбори омма бояд ба мардум, бинанда, шунаванда ва хонандаи худ мазмуну муҳтавои воқеии рӯйдодҳоро расонанд.
Бо масъулияти ҷиддӣ мебояд хотирнишон сохт, ки дар интишори мақолаҳои таҳлилӣ, ки баёнгари мавзӯи ваҳдати миллӣ, пайвастагии он ба худшиносии миллӣ, бозкушодани симои манҳуси ифротгароӣ ва террористӣ, мебошанд, «Ҷумҳурият» пешдаст аст. Бесабаб нест, ки қариб дар ҳар як шумораи «Ҷумҳурият», ба ин мавзӯъҳои сарнавиштсози тоҷикон, мақолаҳо ва мусоҳибаҳои ҷолиби олимона ба интишор расонда мешаванд ва бояд гуфт, он мақолаҳо нусхабардории якдигар набуда, муҳтавояшон аз далелҳои расову гӯё иборат мебошанд.
Яке аз дастовардҳои чашмгири нашрия дар он аст, ки силоҳи асосии рӯзноманигорӣ, баёни сода ва ҳамзамон, пурмуҳтаворо дар даст дорад. Сухансанҷонаш дар ҳунари ҷой кардани маънии жарф аз роҳи баёни мухтасар, чираманд мебошанд. Дигар ин, ки бо ошносозии хонандагон ба зиндагии пойтахтиён маҳдуд нагашта, бештар ба равшансозии кору бори деҳотиёну ба истилоҳ музофотиён, рӯ меоварад. Ҳатто барои ҷалб намудани сухангустарони боҳунар аз атрофу акнофи кишвар, дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру вилоятҳо, озмунҳо доир мегардад. Ин ҳама комёбиҳо бечунучаро ба ҳайати таҳририяи рӯзнома низ пайваста мебошанд, ки ҳар шумораи он аз назари пурбини шахсиятҳои баландмартабаи давлатдориву донишсолории кишвар, муаллима Раҳмон Озода Эмомалӣ, академик Абдуҷаббор Раҳмонзода ва раисони вилоятҳо мегузарад.
Мебояд ёдовар шуд, ки дар садсолаи XXI, қатъи назар аз «кисагӣ» шудани расонаҳои хабарӣ, яъне ҳатто ҳангоми нӯшидани чойи субҳона, бо пахш кардани тугмаи телефони ҳамроҳ, ба уқёнуси хабарҳои ҷаҳон сар зада тавонистан, мо дар таҷриба дидаем ва чунин бовари пурра дорем, ки рӯи даст гирифтани шумораи тозаи рӯзномаи «Ҷумҳурият», чун нони гарми аз танӯр кандашуда мазаи дигар дорад. Рӯзномаи тозаи миллӣ, сари хони субҳона ба сони косаи ширинӣ ё суманаки чанголӣ мебошад, ки онро наметавонад на шоколади фаронсавӣ ва на хурмои арабӣ иваз кунад. Барои ин орзу мекунам, ки нашрияи «Ҷумҳурият» дар ояндаи наздик, на танҳо ҳар субҳ як бор, балки чун нашрияҳои овозаманди Аврупо субҳу шом ду бор ба равшанӣ барояд. Сари ҳар гӯшаи чаҳорсӯи шаҳр, назди биноҳои театру бозорҳо (супермаркетҳо), мӯйсафеди бохираде рӯи курсӣ нишаста, ба раҳгузарон харидани рӯзномаи ба тозагӣ аз танӯри чопхона берун баромадаро пешниҳод кунад. Бавижа, рӯзномаеро чун «Ҷумҳурият», ки оинаи тамомнамои сиёсати давлатсозӣ ва миллатсозӣ буда, ҳам аз неруи ҷавонии 30 - сола ва ҳам аз хирадмандии бузургвори 95 - сола бархӯрдор мебошад.
Ва дар поён бояд ин воқеиятро ногуфта нагузорам, ки сардабири он муҳтарам Қурбоналӣ Раҳмонзода тавонистаанд беҳтарин сухансанҷонро ҳам аз миёни корозмудагоне чун Абдулқодири Раҳим, Муҳаммадулло Табарӣ ва ҷавонони доное ба сони Бузургмеҳри Баҳодур, Меҳрангез Қодирова, Шаҳнозаи Қурбон, Оҳистамоҳи Вафобек, дар гирди оташдони сухангустарӣ гирд оваранд, ки шоёни таҳсин мебошанд.
Ба «Ҷумҳурият», дастаи пуркору донои он ва «Ҷумҳурият» - парастони кишвар беҳтарин хушиҳои рӯзгор ва комёбиҳои нав ба навро орзу мекунам!
Зафар МИРЗОЁН, мушовири ректори Донишгоҳи
давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 16.03.2020 №: 55 Мутолиа карданд: 718