logo

иқтисод

ТАҲЛИЛ. НИҲОЛШИНОНӢ ҲАНӮЗ БОҒДОРӢ НЕСТ

Имсол муҳлати татбиқи «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои солҳои 2016 - 2020» ба охир мерасад.  Бино ба маълумоти оморӣ, дар доираи татбиқи барнома майдони боғоти кишвар  аз 140 ҳазор гектари соли 2015 соли гузашта ба зиёда аз 160 ҳазор  гектар расид. Аммо дараҷаи ҳосили дарахтони мева дар сатҳи 40 сентнер аз як гектар боқӣ монда, сифати маҳсулот паст гардидааст, ки боиси коҳиш ёфтани содироти он шуд.  Ҳарчанд дар ин муддат  ҳаҷми истеҳсоли мева  беш аз 173 ҳазор тонна бештар гардид, содироти он  ҳамагӣ  500 тонна зиёд шудааст. 

Ба гуфтаи Сайдалӣ Гулов, профессори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, доктори илмҳои биологӣ, дар шароити Тоҷикистон ба ҳисоби камтарин аз як гектар боғ 100 – 150 сентнер меваи хушсифат гирифтан мумкин аст.
- Омили асосии камшавии ҳосили мева ва поёнравии сифати он дуруст ва сари вақт иҷро накардани корҳои агротехникӣ мебошад. Махсусан, қоидаҳои истифода аз заҳрдоруҳо, дуруст риоя намешавад. Баробари ин, аксари заҳрдоруҳое, ки боғдорон истифода менамоянд, сифати паст доранд. Ҳамчунин, бештари боғҳо куҳна шудаанд. Онҳоро бо боғҳои нав, махсусан интенсивӣ, бояд иваз намоем, - изҳор дошт номбурда.
Мушоҳидаҳои айёми ҳосилғундорӣ низ нишон медиҳанд, ки қисме аз ҳосили дарахтони мева аз сабаби зиёд шудани ҳашароту касалиҳои зараррасон талаф меёбад ва ин дар маҷмӯъ, боиси коҳиш ёфтани истеҳсоли мева мегардад. Тибқи иттилои муассисаи давлатии муҳофизати рустаниҳо ва химикунонии кишоварзии Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, бо сабаби паҳншавии ҳашароту бемориҳои зараррасон имрӯзҳо беш аз 30 дарсади ҳосил коҳиш меёбад. 
 Бино ба иттилои вазорат,  соли гузашта барои пешгирӣ ва мубориза бар зидди касалию зараррасонҳо масъулони соҳа ба вилоятҳои Хатлон 3313 литр,  Суғд 1640 литр,  ВМКБ  200 литр  ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 2033 литр заҳрдоруҳо дастрас намуданд, ки, мутаассифона, барои пешгирии паҳншавии беморию ҳашаротҳо нокифоя аст.
- Заҳрдоруҳое, ки барои кишоварзони вилоят аз ҷониби Вазорати кишоварзӣ дода мешаванд, ҳатто як дарсади талаботи онҳоро қонеъ намесозад. Қариб ҳамаи боғдорону рустанипарварон заҳрхимикатҳоро мехаранд, ки босифат будани онҳо ба гумон аст. Баробари ин, бархе боғдорон  чунин доруҳоро дуруст истифода бурда наметавонанд, ки боиси камтаъсирии онҳо мегардад, - гуфт Мирзо Киромиддинов, сардори бахши муҳофизати рустаниҳои раёсати кишоварзии вилояти Суғд.
Аз суҳбат бо боғдорони асил маълум гардид, ки  дар баъзе минтақаҳои дигар заҳрдоруҳои аз ҷониби вазорат  ройгон  ҷудогардида ҳатто ба дасти  кишоварзон  намерасанд. 
Мирзошоҳ Акобир, боғпарвар аз ноҳияи Рашт, ки  аз ҳисоби истеҳсоли себҳои навъи ватанӣ дар арсаи байналмилалӣ машҳур гардидааст,  кунун боре  ба ин заҳрдоруҳои ройгони вазорат дастрасӣ пайдо накардааст.
- Ҳеҷ гоҳ аз вазорат ё  идораи дигар чунин доруҳои ройгон барои пешгирии касалиҳоро нагирифтаам.  Имрӯзҳо ҳадди ақал барои бо пули худ харидани ин доруҳо шароит фароҳам оварда нашудааст. Заҳрдоруе, ки мехарем, намедонем он то куҷо босифату бехатар аст. Хуб мешуд, ки дар ҳар минтақа як озмоишгоҳи махсус барои санҷиш ва истифодаю фурӯши заҳрхимикатҳо ташкил карда шавад ва дар онҳо мутахассисони варзида фаъолият намоянд. Мутаассифона, имрӯзҳо ҳар кас бихоҳад, ин доруҳоро мефурӯшад ва аз пеши худ истифода намудани онҳоро тавсия медиҳад, ки хатарнок ва ҳам бар зарари соҳаи боғдорист, - гуфт ӯ.   
Имрӯзҳо дар гӯшаю канори ҷумҳурӣ   маъракаи ниҳолшинонӣ бомаром ҷараён дорад . Роҳбарони шаҳру ноҳияҳо дар ин кор  худро фаъол  нишон дода, аз шинондани ниҳолони бешумори мевадиҳандаю ороишӣ ҳисобот медиҳанд. Вақте дар мавсими баҳор аз паҳлуи ин боғзорон  мегузарем, навдаю дарахтони меваро ғарқи гул мебинем.  Ин зоҳиран пешрафти соҳаи боғдорист. Аммо  дар фасли тирамоҳи заррин  дар майдони дарахтони мева кам ба назар мерасад, ки мисли солҳои гузашта шохи навдаҳо  аз бори гарон сар ба зер бошанд, яъне масоҳати боғҳо меафзояду самари онҳо не. Як қисми мева пурра пухта нарасида  аз сабаби суст шудани бехааш ба  рӯи замин рехта, помол  мешавад. Қисми дигарро  кирмҳо  захмдор намуда, дар ҳамон шохи дарахт маҳв месозанд. Дар маҷмӯъ, ҳашароту касалиҳо  қариб нисфи ҳосилро  талаф  дода,  ба сифати мева зарари ҷиддӣ мерасонанд. Азбаски сифати маҳсулот паст аст, бисёри боғдорон маҳсулоташонро содирот карда наметавонанд. Соли гузашта  содироти мева  ба хориҷи кишвар 11 дарсад кам шудааст.  Ҳамчунин, мевае, ки сифати паст дорад, барои коркард мувофиқ нест. Пас,  ниҳолшинонии  кӯр - кӯрона  маънои рушди боғдориро надорад. Пеш аз он ки ҳазорҳо гектар боғзор бунёд меёбад, заминаи ҳифзу парвариши дарахтони он аз лиҳози дастрасии кишоварзон ба дорую техникаҳо бояд ба инобат гирифта шавад. Ҳамчунин, бо истифода аз пешрафти илму техника  боғҳои куҳнаро аз байн бурда, майдони ниҳолҳои серҳосили интенсивиро, ки камхарҷу сердаромаданд, васеъ намудан зарур аст.    
Ин ҷо матлабро бо банди якуми чорабиниҳои  Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016 – 2020 хотима медиҳем, ки  идораҳои мутасаддӣ  - вазоратҳои молия, кишоварзӣ, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва  идораи амволи давлатӣ, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар иҷрои он саҳлангорӣ намудаанд:
«Ба роҳ мондани бунёди боғу токзор бо назардошти боғҳои интенсивии муосир ва дар ин замина рӯёндани ҳосили на кам аз 250 -300 сентнер аз ҳар  гектар».

Ташрифулло  САЪДУЛЛОЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.03.2020    №: 55    Мутолиа карданд: 1113
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед