logo

фарҳанг

"ҶУМҲУРИЯТ" ИШТИРОКДОРОНИ ОЗМУНРО АЗ ДУШАНБЕ ТО САМАРҚАНД БУРД

Сафари аҳли қалами «Ҷумҳурият»  бо чанде  аз  адибону олимони шинохта моҳи сентябри соли 2018 ба шаҳри Панҷакент барои ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявӣ бахшида  ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва аз он ҷо ба шаҳри бостонии Самарқанд аз ёдҳо зудуда нахоҳад шуд.
Бо ташаббуси созмон-диҳандагони озмун, пеш аз шаҳри Панҷакент роҳи деҳаи Панҷрӯдро пеш гирифтем. Барои зиёрати мақбараи Одамушшуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ.  Баробари ба деҳа ворид гаштани автобуси мо гунбази сабзу  муҳташами мақбараи шоир пеши назар омад ва садои дафу карнай ба само печид. Духтарони  зебою хушлибоси панҷрӯдӣ дар даромадгоҳи боғи мақбара ҳайатро бо чеҳраи кушод, бо нону намак пешвоз гирифтанд. 
Мақбара дар баландӣ воқеъ гардида, аз хишти пухта бино ёфтааст.  Қабри шоир дар дохили он дар байни суфа бо мармари сиёҳу сафед бардошта шуда, хоксорона ва одӣ ба назар мерасид.
Ба осорхонаи устод Рӯдакӣ силсилакитобҳое, ки рӯзномаи "Ҷумҳурият" дар давоми солҳо ба табъ расондааст, тақдим шуд. Дар боғ маҳфиле барпо гардида, дар он Масрур Абдуллозода, мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, сармуҳаррири рӯзнома Қурбоналӣ Раҳмонзода, адибон Абдулҳамид Самад, Камол Насрулло, Барот Абдураҳмон, Маҷид Салим, олимон Холназар Муҳаббатов, Ҳамза Камол, Маҳмаддовуд Саломов, рӯзноманигорон Ҷонибеки Асрориён, Умари Шерхон сухан гуфтанду мутрибону сарояндаҳои панҷрӯдӣ бо шеъру таронаҳои ҷадди бузургворашон хотири ҳозиронро болида гардонданд.  Бо таассуроти хуш баъди шом ба шаҳри Паҷакент расидем.
Субҳи рӯзи 21 сентябр ба тамошои шаҳри Самарқанд раҳсипор гардидем. Шукр ба ҷо овардем, ки ба шарофати сиёсати хирадмандонаи сарварони ҳар ду мамлакати бо ҳам дӯсту бародар – Тоҷикистону Ӯзбекистон муносибату равуо барқарор ва ҳама гуна садду монеаҳо аз байн бардошта шуд. Инак, мо як гурӯҳ кормандони рӯзномаи «Ҷумҳурият» бо чанде аз адибону олимон дар майдони «Регистон»  - и Самарқанди бостонӣ қадам мезадем. Ҳама ҷо сабзу хуррам, ҳаво тозаву фараҳафзо. Насими сабоҳӣ машомро бо бӯйи хуши  гулу  райоҳин  ва сабзаҳои навдамида муаттар месохт.
Моро дар куҳаншаҳр Абдуваҳҳоб Воҳидов, роҳбари Ҷамъияти тоҷикони шаҳри Самарқанд, Адаш Истад, нависанда, Ҷумъа Ҳамроҳ, профессори Донишгоҳи давлатии  Самарқанд ва Шаҳло Аҳророва, корманди барномаҳои тоҷикии телевизиони шаҳр истиқбол гирифтанд.
Самарқанд бо осору тамаддуни  ғании таърихию фарҳангӣ, аз ҷумла се мадрасааш дар Регистон садсолаҳост, ки аз тамоми ҷаҳон сайёҳонро ба худ ҷалб кардааст. Аз ин иморатҳо куҳансолтаринаш Мадрасаи Мирзо Улуғбек мебошад, ки сохтмони он соли 1417 ба охир расида, корҳои кошинкориву тазйин боз се соли дигар давом кардааст.
Зимни гаштугузор дар кӯчаҳои Самарқанд ва зиёрати Осорхонаи устод Садриддин Айнӣ, мақбараи Хоҷа Аҳрори Валӣ ва дигар амокини таърихӣ Шаҳло Аҳророва  гузарҳои шаҳрро ба мо муаррифӣ  кард, ки ҳамааш тоҷикианд.
Қариб ҳар як гузар зодгоҳу қадамҷои ягон шоир ё олим аст. М. Абрамов дар китоби “Гузарҳои Самарқанд», аз ҷумла оид ба гузари Ғотифар навиштааст, ки номи яке аз сарлашкарони Самарқанд будааст ва дар ин гузар дар асри XI Умари Хайём зиндагӣ кардааст. Номи гузари Ғотифар дар “Маснавии маънавӣ”- и Ҷалолиддини Балхӣ низ ёд шудааст, ки аз машҳуртарин гузари Самарқанд будани он гувоҳӣ медиҳад. Дар гузари Фақеҳ Абулайс зиндагӣ кардани Алишери Навоӣ дар бисёр манбаъҳо акс ёфтааст. М. Абрамов ҷои зисти шоир Нақибхон Туғрали Аҳрориро гузари Боғи Майдон нишон додааст.
Нисфирӯзӣ сари хони пурнозу неъмат маҳфиле барпо гардид, ки аз суханронию  шодбошиҳои  адибону олимон ва шунидани сурудҳои тоҷикӣ – тараннуми дӯстии ду халқи ҳамсояю бародар як ҷаҳон маънӣ бардоштем. Баъди хайрухуш  бо дӯстони самарқандӣ ҷониби Панҷакент раҳ гирифтем.
Рӯзи дигар дар назди Маҷмааи фарҳангӣ - фароғатии «Кохи Лоиқ» , ки бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле зебо ва муҳташам бунёд гардидааст, ҷамъ омадем. Адибон Абдулҳамид Самад ва Камол Насрулло, ки ҳамдаму ҳамнафас ва рафиқи наздики шоир буданд, ба пояи ҳайкалаш гул гузоштанд. Воқеан, пайкараи шоир хеле зебову табиӣ ва гӯё порае аз ҳаёташ бошад, китоб дар даст ва шеър дар лаб бо ғурури тоҷикона ва сари баланд офарида шудааст. Баландии пайкара 6,3 метр буда, онро ҳайкалсозон Рустам Маҷидов ва Мансур Ҳоҷибоев аз маъдани ранга сохтаанд.
Ҷамъбасти озмуни рӯзномаи «Ҷумҳурият» бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 22 сентябр дар Рӯзи Рӯдакӣ рост омад. Дар толори зебову барҳаво ғолибон ва иштирокдорони фаъоли озмун бо ҷоизаҳо ва туҳфаҳои хотиравии созмондеҳони озмун қадр гардиданд.
Ҳамин тавр, озмуни вижаи нашрия аз марзи ду кишвар убур карда, иштирокдоронро то Самарқанди бостонӣ бурд. Он дар таърихи матбуоти муосири тоҷик нахустин озмуне буд, ки ду кишвар, ду шаҳр ва ду халқро ба ҳам овард.

Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.03.2020    №: 55    Мутолиа карданд: 630
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед