logo

ҳуқуқ

НАЗМУ СУБОТ ДАР БАРГУЗОРИИ ҶАШНУ МАРОСИМҲО

Бунёди ҷомеаи мутамаддин тақозо мекунад, ки расму оинҳоро аз зуҳуроти барои имрӯз ва ояндаи ҷамъият номатлуб тоза созем, онҳоро мутобиқи вазъи сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ танзим намоем.
Эмомалӣ РАҲМОН

Ташаккул ва инкишофи давлат дар марҳилаҳои гуногуни таърихӣ аз омилҳои объективӣ ва субъективии худ вобаста мебошад. Таҷрибаи имрӯзаи ҷаҳони муосир нишон медиҳад, ки баъзе аз кишварҳои хориҷӣ, бинобар сабаби надоштани захираҳои зеризаминӣ, оби нӯшданӣ ва  замини ҳосилхези таъйиноти кишоварзӣ, то ҳол дар сатҳи пасти рушд қарор доранд. Албатта, ин омилҳои айнӣ монеи пешравии иқтисодиёти давлатҳо мегарданд. Хушбахтона, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози мавқеи ҷуғрофӣ дар минтақае ҷойгир шудааст, ки тамоми имкониятҳои ба давлати мутараққӣ табдил гардидан дар он мавҷуд мебошанд, яъне аз лиҳози объективӣ ҳеҷ унсуре монеи пешрафти мо шуда наметавонад. Танҳо моро мебояд, ки якдилона бо саъю кӯшиш ва азму иродаи қавӣ аз ин унсурҳои заминавии иқтисодӣ истифода бурда, Тоҷикистонро ба кишвари азими саноатӣ табдил диҳем.
Мутаассифона, баъзе аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои пасошӯравӣ ба ҷои роҳи дурусти зиндагиро интихоб намудан, зери таъсири худнамоӣ, тақлидкорӣ, ҳавову ҳавас қарор гирифта, ба таънаю маломати ҷамъият пардохтанд. Дар вазъияте, ки 87%-и  аҳолии кишвар дар соли 1999 дар сатҳи камбизоатӣ қарор дошт, иддае аз афроди зоҳирпараст ва худхоҳ вобаста ба доир намудани анъана ва ҷашну маросим дар ҷомеа як навъ рақобати носолимро ба роҳ монданд. Шаҳрвандоне, ки имконияти баргузории бошукӯҳи ҷашну маросимро надоштанд, зери таъсири афкори ҷамъиятии «мардум чӣ мегӯяд?», «мо аз дигарон чӣ камӣ дорем?», «аз ҳамсоя хубтарашро доир карданамон лозим» маҷбур буданд ба ин хурофоту исроф пайравӣ намоянд. Бо ин вазъи нигаронкунанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мо наметавонистем ба он мақсадҳое, ки дар Стратегияи миллии паст кардани сатҳи камбизоатӣ (СМПКСК) барои солҳои 2002-2006 ва Стратегияи миллии паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (СМПКСК дар ҶТ) барои солҳои 2007-2009 гузошташуда буданд, бирасем. Ин буд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  9 июли соли 1999 ҳангоми вохӯрӣ бо аҳли ҷамоатчигӣ ва зиёиёни кишвар зикр намуданд: «Худ гуруснагӣ мекашанд, ба қарзу қавола меғӯтанд, маҳрумияти зиёдро ба дӯш мебардоранд, вале тамоми расму оини даркору нодаркори зиёфатро барои ҳаққу ҳамсоя адо мекунанд».
Дарвоқеъ, роҳи ягонаи пешрафти ҷомеа ва беҳтар гардондани шароити зиндагии шаҳрвандон ба як низоми муайян даровардани ҷашну маросимҳои миллӣ буд. Чунки назму субот дар баргузории анъана ва ҷашну маросимҳо омили муҳиме буданд, ки ба паст гардидани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон таъсири мусбат мерасонданд. Бинобар ин, Роҳбари давлат сари вақт барои ислоҳи ин вазъи ҷойдошта иқдом намуда, дар назди давлат ва ҷомеа масъалаи қабули қонуни махсус дар самти танзими анъана ва ҷашну маросимро ба миён гузоштанд. Хушбахтона, 8 июни соли 2007 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон падидаи нодир дар низоми ҳуқуқии кишвар - Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  ба тасвиб расид.
Соли равон аз қабули ин қонуни миллӣ 13 сол пур мешавад, ки дар ин муддати кӯтоҳ санади меъёрии мазкур тавонист афкори шаҳрвандонро тағйир дода, онҳоро аз хурофоту таассуб раҳо созад. Шаҳрвандони мамлакат акнун имкон пайдо намуданд, ки маблағи аз ин ҳисоб сарфашударо барои таъминоти зиндагӣ, тарбияи фарзандон, беҳбудии саломатӣ ва дигар эҳтиёҷоти рӯзгори худ сарф намоянд. 

Машраби ДАВРОН, мутахассиси пешбари раёсати
Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.03.2020    №: 56    Мутолиа карданд: 971
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед