logo

фарҳанг

УБАЙДУЛЛО РАҶАБ. ҲУНАРМАНДЕ, КИ НОТАКРОР МОНД!

Дар бораи Убайдуллои Раҷаб, ҳунари худододияш, эҷодаш, шахсияташ навиштанду навиштанд, менависанду менависанд ва гуфтанду гуфтанд, мегӯянду мегӯянд. Ва мепиндоранд, эътироф мекунанд, ки аз ҳазор якеро нанавиштанду нагуфтанд. Табиист, албатта. Ӯ дар навиштаҳо, дар гуфтаҳо намегунҷад. Ин ҳақиқат чун оина барои ҳама нависандагон, муҳаққиқон ва ҳаводорони ҳунари волояш равшан аст.
Бо эътимоду боварӣ изҳор медоранд: «Ҳунарпешаи асил, эҷодкори ҳақиқӣ дар як садсола як бор зуҳур мекунад». Дар асри рафта ҳеҷ ҳунарпешае ба пояи баланди ҳунараш расида натавонист. Яъне, ҳатто ин имконро пайдо накарданд, ки бо ӯ даъвии баробарӣ намоянд. Дар қарни навин, ки инак, бист сол аз он мегузарад, ҳамчунон нотакрор мондааст. Муҳаббати мардум, хосса аҳли эҷоду таҳқиқ, барояш ҳамеша неруву тавоноӣ мебахшад ва илҳоми саршор. Аз ин рӯ, бо хастагинопазирӣ ҳанӯз ҳам эҷод мекунад, нақш меофарад.
Мегӯянд: «Марги ҳунарманд замоне фаро мерасад, ки ҳунараш мемирад ва аз ёдҳо меравад». Ба бахти мо ӯ ҳанӯз ҳам дар айни камолоти эҷодӣ мебошад. Ин ҳақиқатро хосу ом  пазируфтаанд ва ниёз ба исбот надорад. Бешак, дар ин ҳол аз ёдҳо ҳеҷ гоҳ нахоҳад рафт.
Ба осонӣ ба ин қуллаи дастнораси шуҳрат нарасидааст. Монеаҳо зиёд буданд. Он ҳамаро аз миён бардошт ва ба мақсуд расид.
Убайдуллои Раҷаб, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ, дорандаи ордени «Ситораи Президенти Тоҷикистон» чанд сол пештар, дақиқтараш соли 2016 75-солагии зодрӯз, 55-солагии фаъолияти эҷодияшро нахуст дар кинотеатри «Зебунисо» ва баъд дар Кохи Борбаду Амфитеатр дар сатҳи бас баланд доир кард. Онҳо як навъ ҳисоботи эҷодӣ ва дидорбинӣ бо ҳаводорони ҳунари асилаш буданд. Дар ин хусус ҳам навиштанду гуфтанд ва бори дигар эътироф  карданд, ки ӯ дар олами эҷоду ҳунар ҳеҷ поён нафаромадааст, баръакс, ҳамеша ба боло рафтаву рафта ва ба қуллаҳои наву бас баланд расидаву расидааст.
Барҳақ, ҳунарпешаест, ки зебоиро бисёр хуб мешиносад ва ҳам зебоӣ меофарад. Дониши васеву амиқ дорад. Расму оинҳоро дар сатҳи  баланди касбӣ медонаду мефаҳмад. Нақшҳои зиёди нотакрору фаромӯшношуданӣ офаридааст. Ба намоишҳои театрӣ, намоишҳои бузурги оммавӣ, барномаҳои ҳунарии ҳукуматӣ коргардонӣ кардааст. Муассиси нахустин театри минётурӣ бо номи «Оина» мебошад.
Чун «мушт - намунаи хирвор» аз навиштаҳои шахсиятҳои маъруф, мухлисони асил иқтибос мешавад, то андак барои шинохти беҳтараш мусоидат бикунанд:
Давлатманди Хол, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон:
- Устод Убайдуллои Раҷабро бо як дидану сад шунидану панҷсад тамошои ҳунарнамоияш дарк кардан, фаҳмидан ва кашф намудан пур душвор аст. Аммо устод бо як нигоҳ қудрати дарку кашфи ин ҳамаро дар каси дигар дорад. Ва ҳам боз он чиро метавонад бубинад, ки худи он ҳунарманд ҳатто дар худ даркаш накардааст. Ба ҷуз ин, бо дили кушод онро барои он шахс нишон медиҳад… Ӯ ҳам метавонад нав биандешад, нав бубинад ва нав бигӯяд.
Саидмурод Фаттоҳзода, сиёсатшинос:
- Убайдуллои Раҷаб ҳамчун чеҳраи шинохтаву дӯстдоштании ҳунар ҳанӯз  ҳам ношинохта мондааст. Фикр мекунам, ки аз ҷониби мутахассисони ҳирфавӣ бояд паҳлуҳои гуногуни ҳунари ӯ таҳқиқи ҷиддӣ бишавад.
Чун сиёсатмадор низ ӯ шинохта шудааст. Месазад, ки ин ҳама мавриди омӯзишу пажӯҳиши махсус қарор бигирад. Ва, албатта, бовар ҳаст, ки бо рушди бештари илму фарҳанг ин умедҳо бароварда мешавад.
Аслиддин Низомов, доктори илмҳои санъатшиносӣ:
- Убайдуллои Раҷаб моро садҳо маротиба водор кардааст, ки рӯи қазияҳои иҷтимоиву фарҳангӣ, лаҳзаҳои муқаррарии оилавӣ ё худ ҷанҷолҳои бузурги сиёсӣ андеша намоем, барои ҳалли онҳо ақлу заковати хешро истифода барем.
Ҳамин тавр, оинае дар дасту оинае дар дил ӯ дар роҳи обод сохтани олами маънавии миллаташ далерона ва устуворона қадам мезанад.
Саидқул Билолов,  Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон:
- Дар ҳақиқат, устод Убайдуллои Раҷаб барои пешравии санъати тоҷик саҳми бузурге гузоштааст ва ин хидмати бисёр олияш дар таърих мемонад. Ӯ на барои худ, балки барои ин мардум зист ва имрӯз ҳам барои онҳо зиндагӣ дорад.
Қурбон Собир, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, профессор:
- Ба гумони ман ҳамин истилоҳи «Артист»-и русӣ ба истилоҳи «Ҳунарманд»-и тоҷикии мо рост мегирад. Вақте ҳунарманд мегӯем, пас, соҳибашро пуропур аз завқ, аз истеъдод, хоксорӣ, тамкин ва ниҳоят инсон дармеёбем. Устод Убайдуллои Раҷаб бо ҳарфи калон Артист – Ҳунарманд аст.
Иброҳим Усмонов, доктори илмҳои таърих, профессор:
- Дар эстрадаи тоҷик Убайдулло яке аз нахустинҳо буд, ки ба пародияи мусиқӣ даст зад. Жанрҳои истифодабурдаи Убайдуллои Раҷаб далолат медиҳанд, ки ӯ ҳам муаллиф, ҳам режиссёр, ҳам актёр, ҳам таҳлилгари он зарринаҳои санъат аст, ки ба хазинаи ҳунари тоҷик рехтааст.
Гуландом Сафаралиева, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон:
Туҳфа Фозилова, ки дар нақши асосӣ, нақши Танҳобегим («Шаби гирифтани моҳ»-и Мустай Карим) буд, ҳамеша мегуфт: «Ман фақат мехоҳам, ки бо Убайдулло (дар нақши Девона) дар саҳна ҳунарнамоӣ бикунам. Бо Убайдулло дар саҳна ба ҳангоми нақшофаринӣ ман роҳат мекунам».
Аз оғоз ӯ (Убайдуллои Раҷаб) яке аз шогирдони дӯстдору сазовори Ефим Исаевич Мителман буд. Устод бо ин шогирдаш ифтихор мекард ва ояндаи дурахшони ӯро бисёр рӯшан медид.
Мо аз Убайдулло ҳамеша меомӯхтем ва меомӯзем.
Муродбек Насриддинов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон:
-Аз ҳамаи намоишҳои ӯ, ҳунарнамоиҳояш мо як ҷаҳон лаззат бурдаем ва мебарем.
Пештар барои намоишҳои калони оммавӣ коргардонҳоро аз мулки дигар, аз хориҷа меоварданд, ки гумон мекунам, хуб набуд. Барои он аз ҷумҳурии мо пули калон талаб мекарданд. Сад шукр, ки Убайдуллои Раҷаб бо намоишҳои бисёр олӣ исбот кард, ки дигар ниёз ба коргардонҳои беруна намондааст.
Абдувалӣ Абдурашидов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон:
- Фикр мекунам, ки Убайдуллои Раҷаб дар ҷумҳурӣ ягона касе аст, ки консертҳои ҳукуматӣ ва бузургро ва низ намоишҳои калони оммавиро дар сатҳи баланди профессионалӣ гузошта метавонад.
Ҳар консерти гузоштаи ӯ нотакрор буд ва яке аз дигаре дар сатҳи баландтаре қарор мегирифт. Ин барои он аст, ки диди режиссёр нав аст ва низ ӯ дар ҷустуҷӯ мебошад.
Муҳаммадулоҳи Табарӣ, мунаққиди театр:
- Уилям Ҷеймс манфиати асосиеро, ки шахс метавонад аз зиндагӣ ба даст орад, чунин шарҳ медиҳад: «Онро бояд сарфи коре намуд, ки аз худи инсон умри бештар бинад!» Ҳунарманди шаҳири тоҷик Убайдуллои Раҷаб бо ҳунари нотакрори хеш исмашро дар таърихи ҳунари тоҷик ба таври абадӣ ҳаккокӣ намудааст.
Сирри муваффақияти ӯ хеле сода аст: истеъдоди худодод, меҳнатқаринӣ, дӯст доштани касби худ ва зиндагӣ. Ҳирфавияте, ки ӯ дар саҳна зоҳир менамояд, аз фарҳанги воло, маънавиёти рангин, одоби баланд ва самимияташ маншаъ мегирад».
Ба ҳеҷ сурат ва ҳеҷ васила ҳеҷ кас наметавонад, ин ҳақиқатро нодида бигираду рад бинамояд, ки Убайдуллои Раҷаб туҳфаи Илоҳӣ аст барои миллати тоҷику фарҳанги волояш. Ба бахти мо онро ҳама бо муҳаббату самимият мепазиранду тасдиқ мекунанд.

Абдулқодири РАҲИМ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.03.2020    №: 56    Мутолиа карданд: 998
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед