logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ва ҶАЗО

ҚАЛЛОБӢ
Боздошти боз як заминфурӯш бо 40000 сомонӣ
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боздошти Додаржон Саидов танзимгари идораи давлатии беҳдошти замин дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо 40000 сомонӣ хабар дод.
Тибқи иттилои маркази матбуоти агентӣ номбурда ин маблағро бо мақсади ба даст овардани молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ва суиистифодаи боварӣ барои ҷудо карда додани қитъаи замин аз шаҳрванд «А» талаб намуда, ҳангоми гирифтани маблағ дар ҷои ҳодиса дастгир шудааст.
Додаржон Саидов ин амалро дар ҳамдастӣ бо шаҳрванд Ашурбой Солиҳов анҷом додааст, ки ҳоло нисбат ба ҳар ду бо моддаи 247 қисми 4 банди «б»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қаллобие, ки ба миқдори махсусан калон содир шудааст) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад. 

МУНОҚИША
Милитсия ба дасти ҷавони кордбадаст завлона зад
Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳри Хуҷанд ҷавони 19 - солаеро бо гумони қасдан расондани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир намуданд.
Бино ба иттилои сомонаи ВКД, ҳодиса дар маҳаллаи 19 - уми шаҳри Хуҷанд рух дода, гумонбар дар натиҷаи муноқишаи баамаломада бо истифода аз корд як ҷавони 20 - соларо шадидан маҷрӯҳ кардааст. Боздоштшуда сокини Ҷамоати деҳоти Пошкенти шаҳри Истаравшан буда, алайҳи ӯ бар асоси моддаи 110 қисми 1 – и Кодекси ҷиноятӣ (қасдан расондани зарари вазинин ба саломатӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст. Ин банди қонун ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то ҳашт солро пешбинӣ менамояд.

ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ
Дуздии 600 килограмм меваи хушк
Дар шаҳри Конибодом дуздии 600 килограмм меваи хушк ошкор шуд, ки зани 39 - сола дар содир намудани ин кирдор гумонбар мешавад.
Ҳодисаи дуздӣ аз ҷониби кормандони милитсия ошкор шуда, дар ин бора маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ хабар медиҳад. Бино ба иттилои манбаъ, гумонбар охирҳои моҳи феврали соли ҷорӣ бо роҳи пинҳонӣ ба ҳавлии истиқоматии зани 43 - солаи сокини ҳамин шаҳр даромада, аз он ҷо ин миқдор меваи хушкро дуздидааст. Зарари расондашуда дар пайи ин амал 6 ҳазору 800 сомонӣ ҳисоб мешавад.
Вобаста ба ин ҳолат нисбат ба гумонбаршаванда бо моддаи 244 қисми 2  Кодекси ҷиноятӣ (дуздӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот давом дорад.

Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.03.2020    №: 56    Мутолиа карданд: 922
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед