фарҳанг
НАВРӮЗ МУЖДАЕ АЗ ОСОРИ КУҲАН
Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА,
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ
ва робита бо ҷомеа
Наврӯз яке аз ҷашнҳои бостонии сарзамини Мовароуннаҳру Хуросони бузург буда, аз давраҳои пайдоишаш то ба имрӯз мақому манзалати худро на танҳо ҳифз намудааст, балки ба шарофати истиқлолият ба он арзишҳои милливу фарҳангӣ ҳамроҳ гардидаанд. Тоҷикон аз давраҳои бостонӣ ба ин ҷашни накуиву рӯшноӣ эътимоду эътиқод доштанд.
Ҷашни Наврӯз, пеш аз ҳама, мавсимӣ буда, ба мардуми мо ва халқҳои тамаддуни ҳавзаи Наврӯз аз омадани фасли баҳор ва фаро расидани мавсими киштукор дарак медиҳад. Аз давраҳои хело қадим тоҷикон ба истиқболи омад - омади Соли нав тайёрӣ медиданд, хонаву кошонаи худро сафед, либосҳои нав ба бар мекарданд, шикастпораҳоро аз хона дур месохтанд, оташдону оташкадаҳоро таъмир, ҷӯю заҳбурҳоро тоза менамуданд ва бо ин рафтору кирдорҳои шоистаашон сиёҳиро аз хона дуру рӯшноиро дар манзили зисташон ҷой медоданд.
Бо дидани нахустин гулҳои баҳорӣ ва баробаршавии шабу рӯз, ки аз баҳор мужда медод, марди деҳқон тараддуди кишти баҳориро пеш мегирифт.
Дар аҳди бостон маросими зиёде вуҷуд дошт, ки дар онҳо ба Наврӯз арҷи махсус гузошта мешуд. Дар ин рӯзҳо густардани хони идона, барпо намудани базми наврӯзӣ (бо навохтани оҳангҳои наврӯзии Борбади Марвазӣ), эҳдои ҳадяҳои идона, баргузории мусобиқаҳои паҳлавонӣ ва дигар маросим роиҷ буданд, ки тоҷикон ҳамаи онҳоро бо ихлосмандӣ доир мекарданд. Ҳамин хусусиятҳои Наврӯз, ки аз давраи қадим ҷанбаҳои табиӣ ва халқӣ доштанд, дар «Осор-ул-боқия»-и Абурайҳони Берунӣ ва дигар сарчашмаҳои таърихӣ на танҳо таъкид шудаанд, балки тарзи баргузории онҳо ба таври муфассал нақл гардидаанд.
Баъди ҷорӣ шудани ислом низ мардуми тоҷик таҷлили Наврӯзро бомаром идома медоданд ва ҳатто аксари ҳокимони араб низ дар ин ҷашнҳо иштирок мекарданд. Наврӯз, бешак, ҷашни бузурги миллии ориётаборон, аз ҷумла тоҷикон ба шумор рафта, ҷанбаи диниву мазҳабӣ надорад ва танҳо иди мавсимии тоҷикон ва халқҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз мебошад.
Ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзишҳои зиёди миллии моро аз нав эҳё намуданд, ки дар миёни онҳо Наврӯз ҷойгоҳи хос дорад. Дар Тоҷикистон баъди расмиву давлатӣ гардидани ин ҷашн ҳамасола тамоми сокинони кишвар, аз хурд то бузург, ба таҷлили Наврӯз бо рӯҳбаландии хос омодагӣ мегиранд. Баъди таъкидҳои пайвастаи Роҳбари давлат, баргузории чорабиниҳои пуршукӯҳ, интишори китобҳои илмию оммавӣ ва маҷмӯаҳои ашъори шоирон имкон фароҳам овард, ки мардум ба асолати ин ҷашн бештар ошноӣ пайдо намоянд ва меҳру муҳаббаташон зиёдтар гардад. Ин аст, ки хурду бузурги кишвар интизори истиқболи Наврӯз мебошанд ва бо чорабиниҳои хотирмон тантанаҳои идонаро ҷамъбаст менамоянд.
Бисёре аз маросими наврӯзӣ, хислатҳои ин оини бостонӣ бо шаклу шеваи нав роиҷ шуда истодаанд. Аз он ҷумла, бо ибтикори Пешвои муаззами миллат тарҳи арчаи наврӯзӣ ва халтачаҳои солинавӣ таҳияву тасдиқ шуда, мавриди истифода қарор гирифтаанд.
Бо сабаби таҷлили ин ҷашн мардум ба корҳои ободонӣ шурӯъ ва ҷӯю каналҳоро тоза менамоянд, инчунин, дар боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва теппаҳои сарсабз чорабиниҳои идонаву базму шодии наврӯзӣ доир мекунанд.
Бо баракати Истиқлолияти давлатӣ, сулҳу суботи комил Наврӯз воқеан, ба ҷашни мардумӣ табдил ёфтааст. Рукнҳои он дар Ватани маҳбубамон устувор гардида, моро водор месозад, ки ба қадри ин оини ниёгон расида, бештару зиёдтар арзишҳои волои наврӯзиро тарғибу ташвиқ намоем. Хуб мешуд, ки дар ҳама шаҳру ноҳияҳо, ҷамоату деҳаҳо ва маҳаллаҳо мардум бо ободкорӣ машғул шаванд, дар хиёбонҳо гулу гулбуттаҳо шинонанд, кудуратро аз худ дур созанд ва бо меҳру муҳаббат дар фазои дӯстиву бародарӣ умр ба сар баранд.
Имрӯз чунин шароиту имконият ба шарофати сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат ба халқи тоҷик насиб гардидааст. Мо бояд ба қадри ин ҷашни миллӣ расем ва онро бо шукӯҳу ҷалол таҷлил намоем.
Умедворем, ки Наврӯзи имсола ба мардуми тоҷик фатҳу нусратҳои нав ба навро насиб мегардонад ва кишварамон боз ҳам рушду тараққӣ меёбад. Ба ин хотир, бо меҳру муҳаббат аз номи шоир мегӯем, ки:
Наврӯзатон фирӯз бод,
Ҳар рӯзатон Наврӯз бод!
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.03.2020 №: 57 Мутолиа карданд: 828