logo

ҳуқуқ

АМАЛИЁТИ "КОРД". ИН НАВБАТ 70 СИЛОҲИ САРД МУСОДИРА ГАРДИД

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе барои пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ миёни ноболиғону ҷавонон, ахиран амалиёти шартии бо номи «Корд» - ро роҳандозӣ намуда, дар як муддати муайян миқдори зиёди силоҳи сардро дарёфту мусодира кард. Аз ҷумла, дар амалиёти навбатие, ки давоми 7 - рӯз (1 – 7 март) дар муассиаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ гузаронда шуд, мутаассифона, дар баробари ҷавонони ба истилоҳ «кӯчагард», аз баъзе хонандагон низ силоҳи сард (корд) мусодира гардидааст.
Воқеан, ин боиси таассуф ва нигаронӣ аст. Хонандаи муассисаи таълимӣ ба ҷои илмомӯзӣ бо худ корд мегардонад. Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки ин амалашон танҳо бадбахтӣ меораду халос. Ин кори хонандагон бори дигар падарону модарон ва нафароне, ки дар таълиму тарбияи фарзандон масъуланд ҳушдор медиҳад, то назоратро бештар намоянд. Зеро ғафлати  яклаҳзаина боиси пушаймонӣ ва доғи якумрӣ дар ҷомеа мегардад.
Таҳлилҳо муайян намуданд, ки дар бештари маврид маҳз бо худ гирифтани корд сабаби асосии сар задани ҷиноят мешавад. Ҳатто баъзе аз ҷавонон ҳангоми нофаҳмиҳои лафзӣ аз силоҳи сард истифода мекунанд, ки оқибати хатарбор дорад.
Маркази матбуоти раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе иттилоъ медиҳад, ки давоми як ҳафтаи амалиёт 13 ҷавону ноболиғ, ки бо худ силоҳи сард доштанд боздошт гардида, аз онҳо 70 адад силоҳи сард, (67 корд, 2 табар, 1 чӯбдаст (бита) дарёфт ва мусодира шуд. Бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбат ба он нафароне, ки дар рафти амалиёти «Корд» аз онҳо чунин силоҳҳо дарёфту мусодира гардид, чораҳои гуногуни таъсиррасони қонунӣ, аз қабилӣ ҳабс ва ҷаримаи маъмурӣ татбиқ гашт. Инчунин, нисбат ба волидони ноболиғон протоколи маъмурӣ бо моддаи 90 – и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода шудааст.
Дар доираи амалиёт барои бепарвоӣ дар таълиму тарбияи фарзандон тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» нисбат ба 12 падару модар протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.  Инчунин, барои бо худ гардондани корд 14 ҷавон ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ гирифт.
Дарвоқеъ, амалиёти «Корд» қобили дастгирист, чунки пас аз гузарондани амалиётҳои пайдарпай мубориза бо он натиҷаҳои қобили қабул ба даст омада, назорати тартиботи ҷамъиятӣ пурзӯр гардид. Дар робита ба ин, мағозаву дуконҳое, ки ба фурӯши корд, кастет ва чӯбдаст машғул буданд баста шуданд.

Маҳмуд БАҲРОМ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.03.2020    №: 57    Мутолиа карданд: 1126
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед