logo

фарҳанг

ПЕШВОИ ТОҶИКОН, КОХИ НАВРӮЗ ВА ҲАКИМ ФИРДАВСӢ

Наврӯз офаридаи фарҳанги ориёӣ - тоҷикӣ буда, ёдоварии он дар китоби бостонии «Авасто» аз пешинаи пайдоиши он гувоҳии бечунучаро медиҳад. Ҷуз китоби муқаддаси «Авасто» дар китобҳои дигари тоҷикону тоҷиктаборон, «Осор - ул - боқия» - и Абурайҳони Берунӣ ва «Наврӯзнома» - и Умари Хайём ёдкардҳои ҷолибе дида мешаванд. Аммо Наврӯз дар «Шоҳнома» - и Ҳаким Фирдавсӣ ҷилваи хосе дорад, зеро дар ин китоби бузурги мо дар баробари ҷараёни офарида шудани он, чигунагии бунёнгузории ин ҷашн ёд мешавад.
Дар «Шоҳнома» - и Ҳаким Фирдавсӣ ин ҷашн бо номи Наврӯз 33 бор ва чанд бори дигар бо таркибҳои «Сари соли нав» ва «Моҳи фарварддин», ки ҳамон Наврӯз дар назар аст, ном бурда мешавад. Гуфтан ба маврид аст, ки тоҷикони деҳнишини мо низ бештар Наврӯзро «Сари сол», «Соли нав» ном мебурданд ва ҳоло низ дар миёни бузургсолони кӯҳнишин ин номҳо зиндаанд.
Пеш аз ҳама, мебояд таъкид кард, ки достони падид омадани Наврӯзро дар замони подшоҳии Ҷамшед донистаанд, ки дар «Шоҳнома» - и Ҳаким Фирдавсӣ, «Осор - ул - боқия» - и Абурайҳони Берунӣ ва таълифоти донишмандони бузурге чун Маликушшуаро Баҳор, Алиакбари Деҳхудо ва дигарон ишораҳо мавҷуданд. Нишонгари ҷавҳари ин ҷашн дар он аст, ки аксаран шоҳони ба тахти каёнӣ нишаста, нахуст ба бузургдошту гиромидошти ин оини миллӣ пардохта, дар ҳолати тира гаштани шукӯҳи он, ки бештар ба сабаби шикасти шоҳони пеш аз ӯ рух медод, дубора ба боззоӣ ва бознигарии Наврӯз даст мебурданд.
Шоҳони ҳахоманишӣ ва каёниву сосонӣ на танҳо бо нишастан ба тахти шоҳӣ аз пайи барқарорсозии айвонҳову кохҳои наврӯзии вайронгашта мешуданд, балки оғози ҳар иқдому тадбирҳои  андешидаашонро ба замони Наврӯз вомегузоштанд. Ҳамон гуна ки ҳангоми ҷустуҷӯ кардану пайдо накардани Бежан, падараш Гев барои  чораҷӯӣ  назди  Кайхусрав  рафта,  аз  ӯ  мехоҳад  барои дарёфтани фарзанди гумшудааш ёрӣ расонад. Аммо шоҳ Кайхусрав то фарорасии Наврӯз наметавонад ба Ҷоми Ҷаҳоннамо нигариста Бежанро биёбад.
То замоне, ки Наврӯз фаро нарасидааст, Кайхусрав наметавонад ба Ҷоми Ҷам нигоҳ карда, ба ҷаҳон бингарад.Танҳо дар баҳор, ки омаданашро Наврӯз гувоҳ аст, ҷаҳонро тағйирот фаро гирифта, зиндагӣ бори дигар оғоз мегардад.
Чуноне дар «Шоҳнома» мехонем, дар замони подшоҳии Ардашери Бобакон дар баробари оташкада, Айвони Наврӯз ва Кохи Сада бунёд  карда шуданд.
Шоҳ Баҳроми Гӯр низ бад – он сон ба Наврӯз ва ҷашни Сада арҷ мегузошт, ки пас аз мушк пошидан ба оташи оташкада ба Айвони Наврӯз мешитобад:
Рафтанд яксар ба оташкада,
Ба айвони Наврӯз ҷашни Сада.
Ҳаме мушк бар оташ афканданд,
Ба Баҳром бар офарин хонданд. 
Ҳурмузд, ҳангоме ки хабари пирӯзии Баҳроми Чӯбинаро ба Совашоҳ шунавид, барои мардум хилъат дод. Работҳоро обод ва оташкадаҳову ҷойгоҳи Наврӯз ва ҷашни Садаро низ аз нав сохт:
Биёвард з - он пас саду сӣ ҳазор,
Зи ганҷе, ки буд аз падар ёдгор.
Сеяк з - он нахустин ба дарвеш дод,
Парастандагонро дирам беш дод.
Сеяки дигар аз баҳри оташкада,
Ҳамон баҳри Наврӯзу ҷашни Сада.
Хусрави Парвиз, ҳангоме ки Кохи Тоқдисро пас аз сад соли ба фаромӯшӣ супурдану ба вайрона табдил гаштан аз нав месохт, бофандагоне гирд омада, барои фарши он ба бофтани қолини зарбофти абрешимӣ пардохтанд. Ин қолин ба паҳноии 57 бар 57 (тахмин меравад 90 х 90 метр) бофта шуд, ки рӯи он нақши осмон бо ситорагон, дар маркази он нақшаи ҳафт кишвар ва симоҳои 48 подшоҳи сарзамини озодагон, дар дарозои ҳафт сол бофта шуда ба Баҳром подош гардид. Рӯзи барқарорсозии Кохи Тоқдис, ки ба Наврӯз рост меояд, ромишгарону таронасароён, аз ҷумла Саркаши овозамандро хоста, ба шоҳаншаҳ дуруд фиристоданду базму хушнудиҳои наврӯзӣ оростанд:
Бар он ҷома бар маҷлис оростанд,
Навозанда, рӯду май хостанд.
Ҳаме офарин хонд Саркаш ба рӯд,
Шаҳаншоҳро дод чанде дуруд.
Бузургон бар ӯ гавҳар афшонданд,
Ки Фарши бузургаш ҳамехонданд.
Дар аҳди бостон шоҳони сарзамини мо Наврӯзро дар дарбор бо маросими махсус ва ташрифоти фаровон ҷашн мегирифтаанд ва мардумони одӣ низ маросимҳои миллиро бо як шукӯҳи хосса ба ҷо меовардаанд. Таърихнигорони Юнони бостон менависанд, ки Юстиниани 2, императори Рум, каме баъд аз нишасти худ ба тахт, ки дар чаҳоруми ноябри соли 565 мелодӣ баргузор гардида буд, сафири худро ба дарбори Анушервон фиристод, ки бо шитоби тамом роҳ паймуда хабари ба тахт нишастани ӯро ба подшоҳ бирасонад. Вале сафир дар шаҳрҳое, ки дар сари роҳ буданд, бо сабаби баъзе тартиботе, ки ба фармони шоҳаншоҳ иҷро мегашт, ҳаракаташ ба таъхир афтод ва маҷбур шуд, ки дар шаҳри Доро бинобар маросими иди Наврӯз, чанде аз сафар бозмонд.
Аз ин ҷо маълум мешавад, ки дар аҳди Сосониён на танҳо дар пойтахт, балки дар вилоятҳову деҳот низ маросими бошукӯҳе барои гиромидошти Наврӯз ба ҷо меоварданд.
Ниёкони мо ин оини фархундаи худро чунон гиромӣ медоштанд, ки бо номи Наврӯз савганд мехӯрданд.Чуноне ки Хусрави Парвиз, ҳангоме ки бадкорону хиёнатпешагон чашмонашро кӯр мекунанд, Борбад, сарояндаи дарбор ва дӯсти ҳамнишини шоҳаншоҳ, дар шевани ӯ чунин савганд мехӯрад:
Ба яздону номи ту, эй шаҳриёр,
Ба Наврӯзу Меҳру ба хуррамбаҳор,
Ки гар дасти ман з - ин сипас низ рӯд.
Бисояд, мабодо ба ман бар дуруд.  
Паямбари сухани порсӣ ба нобудӣ расидани Наврӯзро ба хатари аз даст додани истиқлолияти миллӣ баробар дониста, бо дареғ эҳтимоли аз байн рафтани оини ниёконро изҳор кардааст:
Аз ин зоғсорони беобу ранг,
На ҳушу на дониш, на ному на нанг,
Ҳам оташ бимирад, ҳам оташкада,
Шавад тира Наврӯзу ҷашни Сада.
Ҳакими равшанбину оянданигар, бо тираву тор дидани ояндаи кишвараш васият кардааст, ки фарру шукӯҳи Наврӯзро, ҳамчун оини нигаҳ доштани асолати миллии хеш посдорӣ кунанд:
Нигаҳ доред оини ҷашни Сада,
Ҳамон фарри Наврӯзу оташкада.
Набояд аз ёд бурд, ки ҳашт ҳазорсолагони мо ҳамдигарро ҳамеша бо фарорасии Наврӯз шодбош мегуфтанд, ба онҳо дуои нек мехонданд:
Бад - ин шоҳ, Наврӯз фархунда бод!  
Дили бадсиголони ӯ ганда бод!
Ва ё чуноне шоҳ Кайхусрав сипаҳсолор Тӯсро ба ҳангоми ба разми душманон фиристоданаш, дуо медиҳад:
Ҳамасола бахти ту пирӯз бод,
Ҳама рӯзгори ту Наврӯз бод!
Бузургдошти шоистаи Наврӯз, метавон гуфт зиндасозии Наврӯз дар кишвари мо бидуни кадом бешнигарии шахсии нависандаи ин сатрҳо, ба хиради ориёии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди ногусастанӣ дорад. Равшанбинон ҳаргиз аз ёд нахоҳанд бурд, ки бо нишастан ба курсии сарварӣ, Раҳбари давлатамон Наврӯзи соли 1993 - ро, дар он рӯзгорони нооромиҳои кишвар дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифтанд. Ва аз оғоз, дар баробари ташвишҳои бартараф кардани даҳҳо хатарҳои ба давлатдорӣ таҳдидкунанда, аз ҷумла созмон додани неруҳои низомиву амниятӣ, эҷод намудани муносибатҳои дипломатӣ ва тиҷоратӣ бо кишварҳои ҷаҳон, баргардондани гурезаҳо аз мусофирати ночор, берун кашидани мамлакат аз буҳрони гулугири иқтисодӣ, бавижа таъмин намудани аҳолӣ бо озуқа ва монанди он садҳо душвориҳои давлатсозӣ, мардум дар майдонҳову варзишгоҳҳо гирд омада, сайругашти наврӯзӣ меоростанд. Кори қаҳрамононае, ки Пешвои тоҷикони ҷаҳон Президенти мо дар мавриди умри дубора бахшидан ба тоҷи оинҳои миллии тоҷикон, аз кардаҳои бузурги шоҳони ҳахоманишӣ, каёнӣ ва сосонӣ бузургтар аст. Акнун Наврӯз мартабаи ҷаҳонӣ дорад, дар маркази ҳар вилоятҳову ноҳияҳо ба шакли амфитеатрҳои Юнони бостон, наврӯзгоҳҳо сохта шудаанд ва ҳар сол ба Наврӯз Сарвари давлат дар ягон шаҳр, ноҳия ё маркази вилояте  дар миёни бошандагон хушнудӣ мекунад, ба ҳунармандон гулдастаҳо туҳфа мекунад. Аз ҳама беш рӯҳияи илҳомбахши миллии моро  бунёди шоҳаншоҳонаи Кохи Наврӯз, дар пойтахти Наврӯз болида месозад.

Зафар МИРЗОЁН, мушовири ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб
ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.03.2020    №: 58    Мутолиа карданд: 823
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед