фарҳанг
НАВРӮЗ - ҶАШНИ ФАРОИҶТИМОӢ
Наврӯз тӯли қарнҳои зиёд василаи ба вуҷуд овардани ҳусни тафоҳуму якдилӣ ва иттиҳоду ҳамбастагӣ дар байни ақвоми ориётабор буда, ҳамзамон, фазои андешаи қавму миллатҳои зиёдеро ба ҳам гароиш додааст. Дар оянда низ Наврӯз бо ин рӯҳу ҷавҳари ваҳдатофари худ барои халқу миллатҳои мухталиф, ки дар шароити кунунӣ бо таъсири раванди тезу тунди глобализатсия ва бархӯрди манфиатҳои сиёсиву иқтисодӣ дар муқобили ҳам қарор доранд, метавонад ҳамчун омили муҳиму муассири ҳамоҳангсоз хидмат карда, боиси иттиҳоду ҳамбастагӣ ва ба ҳам наздик шудани онҳо гардад.
Ҷашни Наврӯз аз замони пайдоиши худ то ба имрӯз дар ҳаёти фарҳангиву маънавӣ ва сиёсии мардуми мо саҳми бузургу боризе дошта, василаи фавқулода муҳими тарбияи эҳсоси меҳанпарастиву худогоҳии миллӣ ва талқини ваҳдату иттиҳоди аҳли ҷомеа будааст. Наврӯз як достони пуровозаву оламгири ҳастии миллати соҳибфарҳангу тамаддунофари мост. Наврӯз рамзи пирӯзии рӯшноӣ бар зулмот, бедорӣ бар ҷаҳолат, меҳру муҳаббат бар кинаву адоват, хушнудӣ бар ғаму андуҳ аст.
Наврӯз ба тафовут аз дигар идҳо як ҷашни воқеан ҳам табииест, ки аслан бидуни тасмими фардиву ҷамъиятӣ арзи ҳастӣ кардааст ва барои мондагор будан ҳеҷ гуна эҳтиёҷе ба ҳеҷ гуна қарордоди иҷтимоӣ надорад. Ҷашни Наврӯз ҳамоҳангиву омезиши воқеияти зебои табиат ва хиради зебоипарасти мардуми ориёнажод аст, ки тӯли ҳазорсолаҳо иртиботи самимиву солими инсон ва табиатро ба вуҷуд оварда, башариятро дар рӯҳияи зебоипарастӣ ва эҳтиром ба аносири табиӣ тарбия мекунад.
Дар миёни идҳои халқҳои ҷаҳон Наврӯз ягона ҷашнест, ки на дар робита ба омилҳои зеҳнӣ, балки дар заминаи омилҳои айнӣ ба вуҷуд омадааст. Ҷашни Наврӯз як ҷашни воқеиест, ки бо эҳёи табиату эътидоли шабу рӯз, шукуфтани гулҳову чакомаи булбулҳо, гулрези баҳорону садои обшорон шурӯъ шуда, олами ҷамодоту наботот ва умуман, кулли мавҷудотро ба ҳаракату ҷунбиш ва таҳаввулу такомул водор мекунад, яъне Наврӯз дар зоти худ ниёзе ба пардозҳои сунъӣ ва расмиёти таҷлили қолабии башарӣ надорад.
Наврӯз ҷашнест фароинсонӣ ва фавқулиҷтимоӣ. Наврӯз таҷаллии эъҷоз ва зебоипарастии хиради кайҳонист. Наврӯз ҷашнест азаливу абадӣ ва мондагор. Дарвоқеъ, пойдориву мондагории арзишҳои Наврӯз дар тӯли ҳазорсолаҳо аз воқеиятҳои камназирест, ки асрори он дар ҳикмат ва фалсафаи Наврӯз нуҳуфта аст. Наврӯз далели бузургии хирад ва зеҳни ориёист, далели бузургии хирад ва зеҳне, ки дар он гузаштаҳои хеле ва хеле дури таърихӣ айёми эҳёи табиату эътидоли шабу рӯзро аз лиҳози илмӣ ва нуҷумшиносӣ бисёр дақиқу саҳеҳ муайян карда буд. Хирад ва зеҳне, ки асолату воқеияти эҳёи табиат ва даврони такомулу таҳаввули онро дарёфт ва онро бо ҳама зебоиву назокати табииаш пазиро шуд ва ҳарчи бар он афзуд, низ хеле табиӣ ва зебо буд.
Ҷашни Наврӯз қадимтарин ва зеботарин ҷашни дунёст, ки бо фарорасии хеш аз оғози фасли зебои баҳор мужда медиҳад. Ин мужда рамзи офариниши ҳаёт, эҳёи табиат ва оғози тозаи зиндагист. Наврӯз як ҷилваи рангину марғуби эҳсосу идрок ва завқи зебоипарасти мардуми ориёист. Наврӯз нахустин рӯзи моҳи фарвардин ва оғози Соли нави аҷдодӣ, эътидоли шабу рӯз, тантанаи ҳусну тароват ва муждаи файзу баракат аст, ки бо ташрифи худ ба ҳар хонадон шодиву нишот меоварад. Аз суннатҳои ин рӯз аст, ки мо ба ҳамдигар хушнудӣ ато намоем, ба эҳтиёҷмандону камбизоатон ва бепарасторон дасти ёрӣ дароз кунем. Наврӯз иди мардумиест, ки ба дастархони ҳар хонадон файзу баракат меорад, аз зиндагии осоиштаву осуда мужда мерасонад ва ба кишоварзону деҳқонон оғози корро талқин месозад.
Назрӣ АСАДЗОДА, муҳаққиқ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 20.03.2020 №: 58 Мутолиа карданд: 787