logo

фарҳанг

"ДӮСТИИ ҶАВОНОНИ ҶАҲОН ПОЯНДА БОД!"

Таҳти ҳамин унвон дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, дар ноҳияи Данғара дуюмин Фестивали фарҳангии ҷавонони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, ки хеле  ҷолибу хотирмон буд.
Мавриди зикр аст, ки фестивали якум соли 2019 бо иштироки намояндагони 12 кишвари дунё  баргузор шуда буд. Дар фестивали дуюм меҳмонон дар ҳайати зиёда аз 350 нафар аз 17 кишвари ҷаҳон, бо шумули  сафирони кишварҳои хориҷӣ ва роҳбарону намояндагони ташкилотҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон, ҷавонони хориҷие, ки дар кишвари мо таҳсилу фаъолият доранд, инчунин, намояндагони вазорату идораҳои мамлакат ва ҷавонони фаъоли касбу кори гуногуни ҷумҳурӣ 17 март озими ноҳияи Данғараи  вилояти Хатлон шуданд. 

“ДАР ШАҲРИ НОРАК НАҲОРӢ МЕКУНЕМ”
Субҳ, соати 05:30, бояд дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ҷамъ меомадем. Ба роҳ баромадан соати 06:00 муайян гашта буд. Аз ин рӯ, аксари иштирокчиён изҳор доштанд, ки барои наҳорӣ фурсат наёфтанд. Масъулин инро ҳам ба инобат гирифта будаанд ки, “Наҳорӣ дар шаҳри Норак мешавад”, - гуфта, иштирокчиёнро хотирҷамъ сохтанд.
Меҳмононро дар шаҳри Норак роҳбарият ва сокинони он хеле гарму самимӣ, бо нону асал ва оҳангу тарона пешвоз гирифтанд. Вале дар ин ҷо рӯйдоди аҷиб ба амал омад, ки агар чунин намешуд, ин пазироӣ хотирмон намегашт. Ҳангоми  пешвозгирии меҳмонон дар соҳили дарёи Вахш ҳамин ки аз ҷониби санъаткорони шаҳр пешниҳоди суруду оҳангҳои шӯхи рақсӣ оғоз ёфт, ростӣ фаромӯш кардам, ки тоҷик кӣ асту русу чиниву ҳиндую афғон кадом. Ҳамагӣ, қатъи назар аз миллат, дар ҳавои оҳангу таронаҳои тоҷикӣ чунон тоҷикона рақсиданд, ки дар ҳайрат мондем. Мегуфтӣ ҳама аз як миллатанд, магар тафовути чеҳраҳо, рангҳо, забону оҳанги гӯишҳо ва қаду бастҳо намешуд. Як ҳампешаам ба ҳайрат омаду хандида гуфт: “Ба фикрам, дар тӯйҳои тоҷикӣ бисёр иштирок кардаанд ин ҷавонони хориҷӣ”.

ТАМОШОИ ОСОРХОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Инак,  мо  ба  маркази ноҳияи Данғара  ҳам  наз-дик шудем. Аз дур диққатамонро гурӯҳи пешвозгирандагон ҷалб сохт, ки дар даромадгоҳи маркази ноҳияи Данғара, назди маҷмаи “Хӯшаи гандум”  ҷамъ омада буданд. Масъулину сокинони ноҳия бо чеҳраи кушод, нону намак,  ҷавонону мактаббачагон дар дастҳо Парчами давлатӣ ва ҳунармандон бо сурнаю нақора  ба пешвози меҳмонон баромадаанд. Аз истиқболи самимиашон маълум буд, ки барои ин чорабинӣ омодагии ҷиддӣ гирифтаанд. Ҳайати иштирокдорон дар ноҳияи Данғара нахуст Осорхона – мактаби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тамошо карданд.
Ҳарчанд бори аввал ба дидани ин муассисаи фарҳангӣ мушарраф гаштам, вале таваҷҷуҳи маро ҷавонони тамошогари хориҷӣ боз ҳам бештар ҷалб кард. Ҷавонони афғону араб, ҳиндую покистонӣ, қазоқу қирғиз, русу ӯзбек, банғолаву франсуз, олмониву турк, кореягиву чинӣ ва ҷопониву туркман – ҳар яке бо таваҷҷуҳ, эҳсосот ва муносибати хос нигораҳоро тамошо мекарданд, дар назди онҳо акс мегирифтанд, барои як дафъа нишастан ва сурат бардоштан дар мизу курсии таърихӣ – ҳамоне, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он мактаби миёнаро хатм карда буд, навбат мепоиданд, нишастагон ифтихор мекарданд ва дар замон аксҳояшонро тавассути телефони ҳамроҳ бо зернавиштҳо ба наздикону пайвандонашон мефиристоданд. Бархе ба намояндагони воситаҳои ахбори омма аз таассуроти ин сафар, тамошои осорхона ва аҳамияти фестивал самимона сухан мекарданд.

«НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ – НАВРӮЗИ ҶАВОНӢ»
Пас аз тамошои осорхона бо як ҷаҳон таассурот меҳмонон тибқи нақша ба минтақаи сайёҳии Пушинги ноҳия раҳсипор шуданд.
Боиси зикр аст, ки деҳаи Пушинг бо ташаббуси фарзандони меҳанпарасту баномусаш тайи ду – се соли охир хеле зебову муназзам гаштааст. Қомат афрохтани Нишону Парчами давлатӣ, бунёди ду варзишгоҳ ва мактаби нав, таваллудхона, маҷмааи хизматрасонӣ, боғҳои фарҳангиву фароғатӣ, кӯли моҳипарварӣ ва ду обанбор барои таъмини аҳолӣ бо оби нӯшоӣ ва заминҳои кишоварзӣ бо оби полизӣ, таъмиру мумфаршсозии роҳҳои байни деҳа то маркази ноҳия ва чароғоннамоии кӯчаҳои он аз хидматҳои софдилонаи соҳибкорони саховатпешаву бонанги ин диёри зебоманзар дарак медиҳанд. Бар замми ин, боду ҳавои форам ва ёдгориҳои таърихӣ ин деҳаро ба як макони тамошобоби сайёҳону меҳмонон табдил додааст.
Иштирокчиёни Фестивали фарҳангии ҷавонони хориҷиро аз даромадгоҳи деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара сокинон, хусусан наврасону ҷавонон дар даст Парчами давлатӣ истиқбол гирифта, ба варзишгоҳи марказии деҳа бурданд. Дар он ҷо масъулину сокинон бахшида ба Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ҷамъомади тантанавӣ омода карда буданд. Меҳмонон нахуст аз намоиши намунаи ҳунарҳои мардумӣ, бозиҳои миллии варзишӣ, расму оин ва анъанаҳои наврӯзӣ, монанди ҳафтсину ҳафтшин, дидан намуда, аз таомҳои миллии суманак, оши бурида, атола ва далда чашиданд.
Зимни барномаи консертӣ меҳмонони хориҷӣ бо арғуштҳои тоҷикӣ сокинонро мутааҷҷиб сохтанд ва мизбонон кӯшиш менамуданд рақси ҳиндую афғону русу чиниву ҷопониҳоро бо телефонаш ба навор гиранд.
Меҳмонон аз тамошои ин мавзеъ, ки, воқеан, як хатсайри хуби туристӣ барои меҳмонону сайёҳони дохиливу хориҷист, баҳра бардоштанд, рӯҳашон болидаву табъашон шод гашт. Раҳораҳ аз меҳмоннавозии мизбонон мегуфтанду тавсифи боду ҳавои форами деҳа мекарданд.

ҚАСРИ ФАРҲАНГ ВА ҶИЛОИ ҲУНАРИ ҶАВОНОН
Нимаи дуюми рӯз, пас аз хӯроки нисфирӯзӣ дар чойхонаи барҳавою зебоманзару мунаққаши “Хуррамшаҳр”, дар қасри фарҳанги ноҳияи Данғара барномаи фарҳангӣ – фароғатии ҷавонони кишварҳои иштирокчӣ оғоз ёфт. Нахуст, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Абдулло Раҳмонзода меҳмонону иштирокдорони фестивалро ба муносибати Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрику таҳният гуфт ва ба кори чорабинӣ барору комёбӣ таманно кард.
Ҳамин тариқ, дар барномаи фарҳангӣ намояндагони ҳар як кишвар бо навбат суруду тарона ва рақсу бозиҳои хешро пешниҳод мекарданд. Ҳозирин аз сурудхонӣ ва рақсиданҳои ҷавонони ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон, Россия, Чин, Афғонистон, Олмон, Корея, Туркманистон, Фаронса, Ҷопон, Туркия, Ҳиндустон ва Тоҷикистон ба ваҷд омада, баҳри маҳорату ҳунари баланди онҳо самимона каф мекӯфтанд. Хусусан, бо забонҳои якдигар тарона хондану арғушт рафтани ҷавонони тоҷику ҳиндую афғон ба тамошобининон бештар писанд омад. Дар хотимаи барномаи фарҳангӣ сароидани суруди ҳунарманди шинохтаи тоҷик Тобиш Ҳилолӣ “Қасам ба номат, эй Ватан”  якҷо бо намояндагони Чин ва ҳамовозии ҷавонони дигар миллатҳо дар нақароти он ба чорабинӣ ҳусну таровати дигар бахшид. Ҳар яке бо меҳру самимияти баланд мегуфтанд:
Қасам,
Қасам,
Қасам ба номат, эй Ватан!
Ба ҷойи ошиқони шермарду
ғӯрамарги ту
Бинои шуҳрату шони туро бунёд
хоҳам кард,
Туро обод хоҳам кард...
Магар шунидани ин суханҳои самимӣ аз забони бавижа ҷавонони афғон, ки даҳсолаҳо боз гирифтори фоҷиаҳоянд, осон аст? Ҳаргиз не ва лаҳзае саргузашти мардум ва кишвари онҳоро пеши назар наоварда наметавонем...

БОЗГАШТ
Пас аз анҷоми чорабинӣ соат қариб 18 буд, ки меҳмонону иштирокдорони фестивал озими шаҳри Душанбе шуданд...
Гумон мекунам, ки ташкилкунандагони чорабинӣ – роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” – и назди ин кумита ба мақсади худ, ки муаррифии фарҳанги миллӣ, мустаҳкамсозии дӯстиву рафоқати ҷавонони ҷаҳон, ташаккули заминаҳои ҳамгироии ҷавонон ва рушди фарҳангҳо маҳсуб мешуд, расиданд. Зеро ҳар як иштирокчӣ дар ин сафар дӯстону ҳамфикрони нав пайдо карданд, аз фарҳанги таомули якдигар огоҳ шуданду ҳамдигарро бештар омӯхтанд. Он фазое, ки субҳи ин рӯз ҳангоми оғози сафар мушоҳида мешуд, замони баргаштан тамоман шакли тоза дошт: субҳ иштирокчиёни ҳар кишвар танҳо бо ҳамватанони хеш суҳбат мекарданд, вале бегоҳ дар ҳар автобус, ба қавле, “маҳфили дӯстии халқҳо” оростанд ва ба якдигар аз таассуроти ин саёҳат мегуфтанду хушҳолӣ мекарданд...
Самимияту муҳаббат ва покӯбиҳои ҷавони миллатҳои иштирокчӣ ҳангоми рақсидан дар ҳавои савту навои тоҷикӣ дар шаҳри Норак, Ҷашни Наврӯзии деҳаи Пушинг ва барномаи фарҳангии қасри фарҳанги ноҳияи Данғара таассуроту фасониву тавсифи дигар доранд, ки ҳунари бо сухан ифода карданашонро надорам. Фикр мекунам, лаззату асари онҳо дар дидан бештар аст.
Ҳамин аст, нишони эҳёгариву муттаҳидӣ ва инсондӯстиву ҳамгироии Ҷашни Наврӯзи тоҷикон ва фестивали ҳақиқии ҷавонон!

Бахтовар КАРИМЗОДА, “Ҷумҳурият”,
Душанбе – Данғара – Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.03.2020    №: 58    Мутолиа карданд: 740
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед