logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ интизор аст.

ЧАЙНВОРД БАХШИДА БА ҶАШНИ НАВРӮЗ

1. Асосгузори Ҷашни Наврӯз
2. Рӯзи аввали баҳорро чӣ ном мебаранд?
3. Яке аз «ҳафтшин».
4. Яке аз «ҳафтсин».
5. Номи яке аз давраҳои Ҷашни Наврӯз дар замони Сосониён.
6. Ширинии аз ҳама дӯстдоштатарини ин ҷашни баҳорӣ.
7. Абурайҳони Берунӣ дар кадом китоби худ қайд намудааст, ки «Наврӯз – нахустин рӯз аст…»
8. Яке аз давлатҳое, ки дар он Наврӯз ҷашн гирифта мешавад?
9. Яке аз «ҳафтмим».
10. Наврӯз дар луғат ба кадом маъно омадааст?
11. Яке аз гулҳое, ки рамзи Наврӯз аст.

Таҳияи СУРУШ ҒАФУРОВ, сокини деҳаи Урметани  ноҳияи Айнӣ

ҶАВОБ БА «САВОЛҲО БАХШИДА БА РӮЗИ МАТБУОТИ ТОҶИК» АЗ 13 МАРТИ СОЛИ 2020
1. Бухорои Шариф, соли 1912.
2. 5 май.
3. "Ҷумҳурият".
4. Воҳиди пулӣ.
5. Овози тоҷик.
6. Шарҳи мавзӯъ.
7. Мирзо Муҳиддин Мансуров ва Мирзосироҷи Ҳаким.

Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru

Масъули рубрика
Зулола БОБОРАҶАБОВА


БУЗУРГТАРИН «ШОҲНОМА»-И ДУНЁ ДАР ҲИНДУСТОН РӮНАМОӢ ШУД
Чанде пеш дар Ҳиндустон асари безаволи ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ «Шоҳнома», ки  аз рӯи ҳаҷм дар олам бузургтарин мебошад, муаррифӣ гардид. Он аз 540 сафҳа иборат буда, 32 килограмм вазн дорад. Дарозиаш 90 ва бараш 50 сантиметрро ташкил медиҳад.
Барои мураттабу муназзам кардани китоб пажӯҳишгарон, хаттотон ва масъулини бахши фарҳанги Ҳиндустон 6 сол ранҷ бурдаанд. Коғаз, ранг ва сандуқчаи вижа, ки «Шоҳнома» - ро дар он нигоҳ медоранд, дастӣ сохта шуда, саҳифаҳои онро 42 минётураи классикӣ оро медиҳад.
Дар назар аст, ки бузургтарин «Шоҳнома» - и дунё дар дигар кишварҳои дунё низ ба намоиш гузошта шавад.
Ёдовар мешавем, ки то истилои Британияи Кабир адибону олимони Ҳиндустон ба ин забон тасаллути кофӣ доштанд ва ишқу алоқаи ҳиндуҳо ба осори гаронмояи адабиёти мо аз он сарчашма мегирад.
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР


Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст

Рубрикаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, ғолибон бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз гардонда мешаванд. Мувофиқи талабот, довталабон бояд номи муаллифони матнҳои пешниҳодшударо пайдо ва ба идораи рӯзнома пешниҳод намоянд.

Мошин берақами давлатӣ буд ва шишаи пеш сӯрохи санг ё тирзада дошт ва хоку гили зиёде ва пайи чараксаи об ё хокборон. Ба назар ранги асири фирорӣ метофт, ки бо сад азоб аз зиндон гурехта бошад. Ва инак барозро дамгардон барояд сусттар аз сангпушт, вале ҳама рангу пайи ронанда тарангу кашида, ки на мошин, балки ӯ зӯр зада ва азоб кашида роҳи ноҳамвори сангу ғӯтдоштаро мепаймуда бошад.
* * *
Омад баҳору сайри гулистон ғанимат аст,
Базми висоли ғунчаи хандон ғанимат аст.
Бо қомати хамида равам сӯи бӯстон,
Назораи бунавшаву райҳон ғанимат аст.

Ҷавоб ба рубрикаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз 13 марти соли 2020

Ӯрун Кӯҳзод
Мирзо Турсунзода

Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru

Масъули  рубрика 
Зулола  БОБОРАҶАБОВА


НИМШӮХИВУ  НИМҶИДДӢ
Суқрот
Яке аз шогирдони Суқрот бисёр мехост ба ӯ монанд бошад. Ҳарчанд хеле ҷавон буд, барои ба мақсуд расидан, якбора ришашро давонд, асои гаронбаҳояшро ба як таёқи чӯбин иваз кард, ҳатто камзӯли навашро ҷо-ҷо шикофт, то худро чун Суқрот фақир вонамуд созад.
Албатта, кирдорҳои мурид аз чашми устод дур намонд ва боре, маънидорона, ба ӯ чунин гуфт:
- Дигар азоб кашида, тақлид накун, писарам, шуҳратпарастии туро ман аз сӯрохи камзӯлат мебинам.
Аз русӣ тарҷумаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ


ТАМБАШАВӢ ВА УСУЛИ ПЕШГИРИИ ОН ДАР ФИЛИППИН
Дар Филиппин бар зидди тамбашавии нақлиёт дар роҳ усулҳои гуногунро истифода мебаранд. Аз ҷумла, мошинҳое, ки охири рақамҳои давлатиашон бо ададҳои 1 ва 2 анҷом меёбанд, ҳуқуқи дар рӯзи душанбе ба роҳ баромаданро надоранд. Ҳамин тавр, автомобилҳои охири рақамҳояшон бо 3 ва 4 анҷомёфта рӯзҳои сешанбе, 5 – 6 чоршанбе, 7 – 8 панҷшанбе, 9 ва 0 рӯзи ҷумъа ҳаққи ҳаракат дар роҳро надоранд. Дар рӯзҳои истироҳатӣ бошад, чунин маҳдудиятҳо вуҷуд надоранд.
Таҳияи С. АШУРОВ


НАВРӮЗ ДАР ЧИН ВА ОЗАРБОЙҶОН
Дар қисмати ғар-бии вилоятҳои Чин Ҷашни Наврӯзро на танҳо қавмҳои турктабор, инчунин, чиниҳо низ истиқбол мегиранд. Дар ин рӯз мардум либосҳои идона ба бар намуда, бо гулдастаҳои зебо ва  ҷуссаи аз гил тайёршудаи говмеш ҷониби ибодатгоҳ мераванд. Говмешро аз бамбук ва коғазҳои ранга – сиёҳ, сафед, сурх, сабз ва зард омода мекунанд. Ин рангҳо рамзи 5 унсури  коинотро (оташ, об, металл, дарахт ва гил), ки олам аз онҳо иборат аст, таҷассум менамоянд. Баъдан, назди  ибодатгоҳ ҷуссаҳои гилиро шикаста, говмеши аз бамбук сохтаро оташ мезананд.
Дар Озарбойҷон  бошад, Наврӯз чор ҳафта қабл аз  баробаршавии шабу рӯз таҷлил мегардад. Пеш аз Ахирчоршанбе –  охири сешанбеи пеш аз Наврӯз оташ меафрӯзанд ва ҳар нафари дар ин маросим ширкатдошта, сарфи назар аз синну сол, аз болои оташ мепарад. Чизи аҷибе, ки дар ин ҷашн ба чашм мерасад, ин  рӯи мизи ҳар яке аз онҳо оина ва тухми рангкардашуда аст. Ба пиндори озариҳо, вақте ки тухм ба як тараф мегардад, он фарорасии Соли навро ифода мекунад. 
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


5 СОЛ ДАР ОБ Ё ҚИССАИ АҶИБИ ЯК КУЛОҲ
Лойам МакНамара аз соҳили Фанори Ирландия кулоҳеро пайдо намуд, ки рамзи Донишгоҳи давлатии Луизиана ва тамғакоғази Иттиҳоди байналмилалии инжинерҳо оид ба баҳрабардории мошинҳои сохтмониро дошт.
Ин рамзҳо имкон доданд, ки МакНамара бо соҳиби кулоҳ Мэттю Боннет тавассути шабакаи иҷтимоӣ  дар тамос шавад. Мэттю Боннет шарҳ дод, ки соли 2015 дар округи Бел Часс дар наздикии Орлеани Нав кор мекард  ва кулоҳаш ба дарёи Миссисипи  афтода буд. Аҷобатро бубинед: пас  аз гузашти панҷ сол он дар Ирландия, ки ҳазорҳо километр аз ИМА дур аст, пайдо гашт.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА 


ФИЗИКА ХОНДАН ДАРКОР…
Аз хотироти Сергей Петрович Капитса аст, ки қисса мекунад:
- Солҳои 60-ум як гурӯҳ олимони  ядрошинос, ки ҳама  докторони илм буданд, барои истироҳат ба баҳри Сиёҳ мераванд. Чун ба соҳил мерасанд, мехоҳанд саёҳаташонро бо нӯшбоди хотирмон оғоз бахшанд, вале ҳарчанд мекобанд, барои кушодани сарпӯши пластмассии шишаи шароб асбобе пайдо намекунанд. Ноилоҷ аз марди фақирсурате, ки поёнтар дароз кашида, худашро, ба қавле, офтоб медод, мадад мепурсанд.
Оворагард, ки аз наздик талбандаро мемонд, аз кисааш гӯгирдеро бароварда, донаи онро оташ медиҳад ва сарпӯши пластмассии шишаро каме гарм карда, ба осонӣ мекушояд.
Чун мебинад, ки олимон ба якдигар ҳайратзада менигаранд, ошнои ноошно, бо лаҳни ба худ хос, чунин мегӯяд:
- Ҳайрон нашавед, ҷанобон, дар вақташ физикаро хондан даркор буд, физикаро!
Аз русӣ тарҷумаи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ


МОҲҲОИ ДАРОЗУ КӮТОҲ ДАР МУШТ
ИН АҶИБ АСТ
Баъзан, шумо кадом моҳ аз 30 ва кадомаш аз 31 рӯз иборат буданашро фаромӯш мекунед. Агар тақвим надошта  бошед, метавонед барои муайян кардани моҳҳо муштҳои  худро истифода баред. Яъне, буғуми ангуштҳо моҳҳои дароз (31 рӯз)  ва байни онҳо моҳҳои кӯтоҳро (30, 29, 28 рӯз) нишон медиҳанд.
Таҳияи Гулистон МАВЛОНАЗАРОВА


100 ФАКТИ ТАЪРИХӢ
Зеландияи Нав аз аввалинҳо шуда, ҳанӯз соли 1893 ба занҳо ҳуқуқи баробари интихобкунандагӣ дод, дар ҳоле ки занони Швейтсария ҳуқуқи овоздиҳӣ ва интихобшавиро соли 1971 ва Лихтенштейн соли 1984 ба даст овардаанд.
Соли 1603 пас аз марги маликаи Британияи Кабир Елизаветаи I дар гардеробаш беш аз 3000 сарулибос шумурданд. Духтари Пётри I маликаи Россия Елизавета Петровна бошад, баъди худ наздики 15000 сарулибос вогузоштааст.
Соли 1712 шоҳи Шведсия Карли XII қарор баровард, ки аз солшумории григорианӣ ба юлианӣ баргарданд. Ин боис шуд, ки ба моҳи феврал ду рӯз илова шавад ва дар натиҷа ҳамон сол дар Шведсия 30 - юми феврал вуҷуд дошт.
Аз русӣ тарҷумаи М.СӮФИЗОДА


ОСОРХОНАИ БАДАНИ ОДАМ
На чандон дуртар аз пойтахти кишвар – шаҳри Амстердам осорхонаи бадани одам мавҷуд аст, ки аз тамошояш кас ба ҳайрат меояд. Дохили он шаҳри мукаммалеро мемонад, ки аз узвҳои инсон таркиб ёфтааст.
Узвҳо тавре сохта шудаанд, ки ба ҳақиқӣ буданашон ҷойи шубҳа намемонад. Аҷибаш ин ки, кори узвҳо дар экрани махсус  нишон дода шуда, сайёҳон онро бо айнаки формати 5D тамошо мекунанд. Бахусус, тамошои пайдошавии ҷанин ва инкишоф ёфтани он мароқовар аст.
Бояд гуфт, ки лоиҳаи бунёди осорхона  тӯли 12 сол таҳия шуда, сохтмонаш 2 сол тӯл кашид ва ин бинои 35 - метра бо харҷи 30 миллион доллари ИМА қомат афрохт.
Вуруд барои кӯдакони то 6 - сола ва нафарони асабашон хароб ба осорхона манъ буда, макони хубе барои дӯстдорон ва пажӯҳишгарони анатомияи одам ба ҳисоб меравад.
Таҳияи Меҳрангез ҚОДИРОВА


ДАР ТИҶОРАТ  ХИЁНАТ МАКУН
Марде рамаи гӯсфанд дошт. Ӯро чӯпоне буд бағоят порсо ва солеҳ. Ҳар рӯз шири гӯсфандонро дӯшида, ба назди соҳибаш мебурд. Он мард чанде об бо шир ҳамроҳ карда, аз чӯпон мехост, то онро бифурӯшад. Чӯпон чандон он мардро насиҳат мекард ва панд медод, ки бо мардум хиёнат макун, аммо гӯш намедод.
Рӯзе гӯсфандонро дар рӯдхона бихобонд ва худ дар баландие рафту бихуфт. Фасли баҳор буд, борон рехт, селе сахт андар рӯдкада омад. Ва гӯсфандонро бибурд ва ҳалок кард. Рӯзи дигар чӯпон ба хонаи соҳиби гӯсфандон бе шир омад. Мард пурсид, ки: "Чаро шир наовардӣ?"
Чӯпон гуфт: «Эй хоҷа, ман нагуфтам, ки об бар шир наёмез ва хиёнат макун. Он обе, ки ба мардум ба нархи шир дода будӣ, ҷамъ шуда гӯсфандони туро бибурд».
 Он мард пушаймон шуд, аммо пушаймонӣ дигар суд надошт.
Таҳияи Фахриддин ЗАРОБИДДИНОВ


РЕЙЧЕЛ КАРСОН
Биологи амрикоӣ Рейчел Карсон яке аз чеҳраи шинохтаи олам аст, ки қисми бештари фаъолияти худро баҳри тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист бахшидааст.
Соли 1962 асараш «Баҳори ором», ки дар он зарари пеститсидҳо ва дигар заҳрхимикатҳо ба одамон ва ҳайвоноту наботот ба риштаи таҳлил кашида шудааст, ба табъ мерасад ва  ӯро шуҳраи ҷаҳон мегардонад.
То ин дам дигарон низ дар бораи хатарнокии заҳрхимикатҳо ба  муҳити зист менавиштанд, вале танҳо ба Рейчел Карсон даст дод, ки бо асари худ таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба ин мушкилоти глобалӣ ҷалб созад.
Маҳз китоби ӯ сабаб шуд, ки дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва як қатор давлатҳои олам агентии ҳифзи муҳити зист таъсис ёбад ва ҳаракатҳо барои беҳбуд бахшидани вазъи экологӣ ҷоннок шаванд.
Таҳияи Нигина РАҲМОН


МЕРОСИ ҶАҲОНИИ ЮНЕСКО
То соли 2019 ба рӯйхати мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО аз 167 кишвари узв 1121 объект (869-то фарҳангӣ, 213-то табиӣ ва 39-то омехта) ворид шудааст. Инак, рӯйхати 10 кишваре, ки дар онҳо аз ҳама бештар объектҳои мероси ҷаҳонӣ ҷойгиранд:

1. Италия – 56
2. Ҷумҳурии Мардумии Чин – 55
3. Испания – 48
4. Олмон– 46
5. Фаронса – 45
6. Ҳиндустон – 38
7. Мексика – 35
8. Британияи Кабир – 32
9. Федератсияи Россия – 30
10. Ҷумҳурии Исломии Эрон – 24
Таҳияи Комрон САФАР


10 КИШВАРИ ХУРДТАРИН ДАР ҶАҲОН
6. Лихтенштейн
Масоҳати кишвар 160,4 км2 аст. Он бо Швейтсария ва Австрия ҳамсарҳад аст ва яке аз сарватмандтарин давлатҳо ба ҳисоб меравад. Дар ин ҷо нисбат ба аҳолӣ дида, ширкатҳои гуногун зиёдтар сабти ном шудаанд.

5. Сан - Марино
Сан - Марино 61 км2 масоҳат дошта, дар ин ҷо аҳолии аз ҳама ками кишварҳои аъзои шӯрои Аврупо зиндагӣ мекунад. Он қадимтарин кишвари мустақили ҷаҳон аст, ки 3 сентябри соли 301 таъсис ёфтааст. Ғайр аз ин, Сан - Марино яке аз сарватмандтарин кишварҳо дар ҷаҳон буда, даромадаш аз хароҷоташ зиёд аст.
Таҳияи Наргис АТОЕВА


ҚАЛЪАИ ҲОҲЭНЗАЛСБУРГ – ИФТИХОРИ АВСТРИЯГИҲО
Ин мероси гаронбаҳои фарҳангӣ яке аз қалъаҳои зеботарин, боҳашаматтарин ва бузургтарини  Аврупо маҳсуб ёфта, таърихи дерина дорад. Он соли 1077 бо ташаббуси архиепископи Залсбург Гебҳарди I дар қуллаи кӯҳи   Мёнҳсберг сохта мешавад. Тӯли солиёни зиёд қалъа борҳо мавриди таҷдиду навсозӣ қарор  гирифта, густурдатар мегардад ва айни замон масоҳаташ 30 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Тақрибан, наздикиҳои соли 1500 барои дастрас намудани хӯрокворӣ дар қалъа фуникулёр (аввалин роҳи танобӣ дар ҷаҳон) бунёд меёбад ва аз ҳамон давра то ба ҳол дар хизмати сокинони шаҳри Залсбурги Австрия  ва сайёҳони зиёд, ки ба дидани он меоянд, қарор дорад.
Австриягиҳо аз  қалъаи Ҳоҳэнзалсбург, ки, воқеан, дар арсаи олам дижи камназир шинохта мешавад, ифтихори беандоза доранд ва, ба ҳамин хотир, соли 1977 ба муносибати 900 - солагии он тангаи ҷашнӣ баровардаанд.
Аз русӣ тарҷумаи Ш. ШОКИРОВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.03.2020    №: 58    Мутолиа карданд: 1217
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед