logo

сиёсат

МАШВАРАТИ КОРӢ БО РОҲБАРОНУ ФАЪОЛОНИ ВИЛОЯТИ СУҒД

25 март дар шаҳри Гулистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир карданд.

Дар кори машварат натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии вилояти Суғд дар соли 2019 ва ду моҳи соли 2020 баррасӣ гардида, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вусъати корҳои ободонӣ, рушди соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон, Бобоҷон Ғафуров ва Спитаменро натиҷагирӣ карда, аз раванди корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоят, шаҳру ноҳияҳои он ва иҷрои нишондиҳандаҳои рушди соҳаҳои афзалиятнок дар ҳафт моҳи соли 2019, асосан, таъмин шудааст.
Дар соли 2019 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти вилоят ба 20 миллиарду 500 миллион сомонӣ баробар шудааст, ки 26,5 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварро ташкил медиҳад.
Сатҳи камбизоатӣ дар вилоят назар ба соли 2018-ум 0,5 банди фоиз коҳиш ёфта, сатҳу сифати зиндагии мардум беҳтар гардидааст.
Ҳоло Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии вилояти Суғд барои солҳои 2016 - 2020, инчунин, барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳру ноҳияҳои вилоят татбиқ шуда истодаанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати самаранок ва босифат татбиқ намудани барномаҳои қабулгардида ҳамкориро бо вазорату идораҳо, шарикони рушд, соҳибкорону сармоягузорон ва дигар ҷонибҳои манфиатдор таҳким бахшанд.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят соли 2019 ба 13 миллиард сомонӣ расида, дар муқоиса бо соли 2018-ум 12,9 фоиз ва дар ду моҳи соли 2020 назар ба ҳамин давраи соли гузашта 20,2 фоиз зиёд шудааст.
Дар ду моҳи соли 2020 ҳаҷми маҳсулоти саноати истихроҷи маъдан нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10 фоиз афзудааст.
Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят вазифадор шуданд, ки корҳои назоратиро ҷиҳати сари вақт амалӣ гардидани лоиҳаҳои бунёди корхонаҳои металлургӣ аз ҷониби сармоягузорони хориҷӣ, ҳалли масъалаҳои ҷудо намудани замин ва ба расмият даровардани онҳо пурзӯр намоянд.
Дар натиҷаи тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати мамлакат доир ба беҳтар гардондани фазои сармоягузорӣ соли 2019 ба вилоят қариб 1,8 миллиард сомонӣ сармояи мустақим ворид шудааст.
Гарчанде нишондиҳандаи мазкур нисбат ба соли 2018 афзоиш ёфтааст, вале барои расидан ба ҳадафи саноатикунонии босуръати мамлакат ва бо дарназардошти имкониятҳои вилоят ҳоло ҳам қонеъкунанда нест.
Беш аз 70 фоизи сармояи мустақими хориҷӣ дар соли 2019 танҳо ба шаҳри Гулистон рост омада, дар шаҳрҳои Исфара, Конибодом, Истиқлол, Истаравшан ва ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Ҷаббор Расулов, Спитамен, Мастчоҳ ва Деваштич сармояи хориҷӣ, умуман, ҷалб нашудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои онро вазифадор карданд, ки фаъолияти худро дар самти ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ тақвият бахшида, имкониятҳои сармоягузориро ба сармоягузорони хориҷӣ ҳарчи бештар муаррифӣ намоянд.
Зимни машварати корӣ бо фаъолони вилоят Президенти мамлакат вазъи соҳаҳои чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ, занбӯриасалпарварӣ, боғдорӣ, истифодаи самараноки замин, истеҳсолу содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар ва дигар соҳаҳои афзалиятноки мамлакат, аз ҷумла маориф, тандурустӣ, фарҳангро дар вилоят баррасӣ карда, барои ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дар ин самт васеъ истифода намудан аз ҳама шароиту имкониятҳо дар назди роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дастуру супоришҳои мушаххас гузоштанд.
Дар охир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боз ҳам хубтару беҳтар гардондани шароити зиндагии мардум, вусъати корҳои ободонӣ, таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои вилоят, таъсиси ҷойҳои корӣ, ислоҳи камбудиҳои мавҷуда ва инкишофи босуботи соҳаҳои иқтисодӣ, алалхусус бахшҳои истеҳсолӣ ба роҳбарону масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он супоришҳои мушаххас доданд.
Дар кори машварат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии вилояти Суғд дар соли 2019 ва ду моҳи соли 2020 раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раисони яқ қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳисобот доданд.
Таъкид гардид, ки то имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои вилоят тибқи нақшаи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ беш аз 4000 бинои навбунёд ба истифода супурда шуда, корҳо дар иншооти дигари ҷашнӣ бомаром идома доранд.
Ҳамчунин, дар кори машварат раисони шаҳрҳои Хуҷанду Панҷакент ва ноҳияи Мастчоҳ оид ба омодагӣ ба ҷашнҳои миллӣ - 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ, Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва таҷлили 5500 - солагии Саразм ҳисобот доданд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни баромади худ аз номи мардуми меҳнатдӯсти вилоят ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тамоми талошҳову ташаббусҳо ва ғамхориҳояшон изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.03.2020    №: 59 - 60    Мутолиа карданд: 792
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед