logo

иқтисод

ХУҶАНД. ОРЗУҲО ҶОМАИ АМАЛ МЕПӮШАНД

Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бунёду навсозии 510 иншооти муҳими таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст. То ин дам 343 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Маъмури Юсуфзод, котиби матбуоти дастгоҳи раиси шаҳр, ба «Ҷумҳурият» иттилоъ дода, гуфт, ки дар шаҳр корҳои созандагию ободонӣ вусъати тоза касб намудаанд. Соҳибкорон ва афроди накукор дар бунёди мактабу бунгоҳҳои тиббӣ, марказҳои фароғатию истироҳатӣ, хизматрасонӣ, гулгашту хиёбонҳо, иншооти истеҳсолӣ, майдончаҳои варзишӣ, ободонию перостани кӯчаю маҳаллаҳо ва сабзкорӣ бо ҳам сабқат мекунанд. Ҳамин аст, ки рӯз ба рӯз маҳаллаҳои тозабунёди шаҳр низ зеботар гашта, ба ҳусни шаҳр ҳусн меафзоянд.
Чанде пеш дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳр бо иштироки раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода маркази савдои либосҳои мардона, ки аз тарафи соҳибкори ватанӣ Мақсудҷон Набиев бунёд ёфтааст, ба истифода супурда шуд.
Раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода, гуфт, ки бо иқдомҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо ба марҳалаи рушд ворид гардида, пешрафти босуботи иҷтимоию иқтисодӣ ва татбиқи ислоҳоти фарогир дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла бахши хусусӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ, таъмин гардид. Хушбахтона, дар ҳамаи самтҳои хизматрасонӣ ва истеҳсолӣ соҳибкорони шаҳр намунаи ибратанд.
Баробари ин, дар маҳаллаи Чашмаи Арзанаи шаҳр маркази таълимии ҳунарҳои мардумии «Дастони моҳир» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Мақсад аз ташкили марказ дар доираи корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баланд бардоштани ҳунару истеъдоди кӯдакону наврасон, эҳёи анъанаҳои миллӣ, эҳтиром гузоштан ба суннатҳои мардумӣ, инчунин, боло бурдани дарки зебоипарастӣ мебошад.
Фирӯза Нуруллозода, муовини раиси шаҳр, зимни ифтитоҳи марказ ба ташаббускори ин иқдом гирандаи гранти раиси шаҳр, ғолиби озмуни «Кадбонуи беҳтарин» Назира Қурбонова изҳори миннатдорӣ намуд, ки як макони ноободро бунёд намуда, барои омӯзиш ва аз худ намудани касбу ҳунар барои духтарон шароит муҳайё кардааст.
Дар маркази таълимӣ бонувон давоми ду моҳ соҳиби касбу ҳунар ва шаҳодатнома мегарданд. Минбаъд дар марказ омӯзондани дӯзандагӣ, кашидадӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, бофандагӣ, муҳрабофӣ, кешбофӣ ва ҳунарҳои дигари миллӣ дар назар аст. Ҳамчунин бонувони ҳунаромӯз бо идрорпулӣ низ таъмин хоҳанд шуд. 
Бо эътимод метавон гуфт, ки то Ҷашни муқаддаси 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ бо заҳмати аҳлонаи кулли мардуми шаҳр тамоми нақшаҳои ояндасоз дар амал татбиқ гардида, зиндагии мардум зинати тоза мегирад.

Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.03.2020    №: 61    Мутолиа карданд: 1042
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед