фарҳанг
ХУДШИНОСӢ САРЧАШМАИ БАҚОИ МИЛЛАТ
Бояд зикр намуд, ки ду қутби ба ҳам мухолифи ҷаҳони муосир дар бозори геополитикӣ ва нооромиҳову даргириҳо дар давлатҳои Сурия, Ироқ ва Афғонистон, кӯшиши аз нав тақсим кардани минтақаҳо ва зуҳуроти нави ҷанги сард моро ҳушдор медиҳанд, ки аз хатару таҳдидҳои нав бохабар бошем. Дар ин маврид Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд: “Мо набояд зери ниқоби ислом ба анъанаҳои башарӣ ва фарҳангии ислом зарба занем”. Пажӯҳиш ва муаррифии мероси фарҳангии Осиёи Марказӣ аз ҷониби олимон ва пажӯҳишгарони гуногуни олам аз арҷгузорӣ ба илму маърифат, таъриху тамаддун ва мероси пурғановати мо дарак медиҳад. Аз ҷумла, нашр ва муаррифии осори “Тоҷикони водии Хуф” - и Михаил Андреев, “Ним асри пажӯҳиши Осиёи Марказӣ” - и Андрей Мадҷӣ ва “Сафарнома” - и Носири Хусрав.
Аз ин хотир, се асари имрӯз дар Тоҷикистон нашршуда барои ҳар як шаҳрванди кишварамон муҳим ва омӯзандаанд. Бояд қайд намуд, ки ҳар се асар ваҳдатсозию башарпарвариро таҷассум мекунанд. Насли наврас аз китоби “Тоҷикони водии Хуф”- и Михаил Андреев ба Хуфи Боло савора расидани як олими бузург ва ҷонфарсоиҳои ӯро дар омӯзиши этнографияи миллати мо дарк мекунад. Пажӯҳиши мазкур дар илми мардумшиносӣ беҳтарин асар шинохта шудааст. Ӯ ба ҷамъоварии маводи китоби “Тоҷикони водии Хуф” ҳанӯз аз соли 1902 сар карда буд. Маҳз дар ибтидои қарни бист олимон Андреев, Писарчик, Эделман, Пахалина истилоҳи тоҷикони водиҳои Ишкошим ва Хуф, болооби Амударё ва соҳили Панҷро истифода бурдаанд.
Александр Шишов дар китоби “Тоҷикон” соли 1910 мардуми соҳили рӯди Панҷ, Шуғнон ва Рӯшонро тоҷикони қадим ном бурдааст. Мутаассифона, имрӯз як зумра ҷудоихоҳон, ки аз таърихи гузаштаи мо хабар надоранд, баъзан дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз нофаҳмиву камогоҳӣ истилоҳи “мо тоҷик нестем” - ро паҳн мекунанд. Ба тоҷики асил будани мардуми Бадахшон дар ноҳияҳои Шуғнон, Рӯшон, Ишкошим дар қарни ХIХ касе шубҳа надошту надорад. Ҳанӯз соли 1916 ҳангоми таҳия ва тарҷумаи китоби “Таърих” ин нуқта зикр шуда буд. Ба ин сабаб, нашри ин китобҳо, бахусус “Тоҷикони водии Хуф”, моҳияти бузурги ватанпарастӣ дошта, ба таблиғи ғурури миллӣ мусоидат мекунад.
Ҳамзамон, дастрасии васеъ ба ин китоб ду ҷанбаи муҳими иҷтимоӣ - сиёсӣ низ дорад. Пеш аз ҳама, мо аз анъанаҳои ориёиҳои қадим огоҳ гашта, аз зуҳуроти бегонапарастӣ даст мекашем. Дуюм, мо бояд ба насли наврас зиндагии пурмашаққат, фоҷиавӣ, тохтутози бегонагон, асорати мардум дар асри ХIХ - ро фаҳмонем. Омӯзиш ва мутолиаи китоби “Тоҷикони водии Хуф” хеле муфид аст.
Шарқшиноси маъруф Андрей Мадҷӣ 50 соли умри худро ба пажӯҳиши Осиёи Марказӣ бахшида буд. Дар осори Мадҷӣ таърихи этнофарҳангии гузаштагони мо гирд омадааст. Мероси илмии мавсуф моро ҳушдор медиҳад, ки танҳо ҳаёти осоишта, сулҳу субот решаи илму фарҳангро шодоб мекунад.
Дар китоби олим ва меъмор Мунаввар Мамадназаров маълумоти нодир аз меъморӣ, ҷуғрофия ва ҳам ҷаҳонгардӣ гирд омадааст. Хуштар аз он, ин маълумотҳо дар такя ба асари гаронарзиши Носири Хусрав – “Сафарнома” таҳия шудаанд. Воқеан ҳам, ин паҳлуи пажӯҳиши осори Носири Хусрав нав аст. Ин пажӯҳиш бори дигар диди нозук ва мӯшикофонаи файласуфи бузургро ба муҳити атроф собит менамояд. Ҳамзамон, Мунаввар Мамадназаров сайёҳони имрӯзро ба хати сайри сафарҳои Носири Хусрав ҷалб мекунад.
Дар маҷмӯъ, пажӯҳишу омӯзиш ва таҳқиқи таъриху фарҳанги Осиёи Марказӣ ҳамеша дар маркази асосии таваҷҷуҳи олимону файласуфон, таърихнигорону ҷомеашиносон ва сиёсатмадорону шарқшиносони ҷаҳон қарор дошт ва ин раванд ҳанӯз ҳам идома дорад. Чунин таваҷҷуҳи махсуси аҳли маърифат ва илм ба осори таърихиву фарҳангии Осиёи Марказӣ аз нақши калидӣ доштани он дар созандагии тамаддуни башарӣ ва пешбурди тафаккури инсонӣ шаҳодат медиҳад.
Қозидавлат ҚОИМДОДОВ,
намояндаи доимии Ташкилоти
Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.03.2020 №: 61 Мутолиа карданд: 647