иқтисод
ХАТЛОН. БОҒДОРӢ ОМИЛИ САНОАТИКУНОНӢ
Аз нигоҳи олимону мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, мавқеи ҷойгиршавии бештари шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон барои бунёди боғу токзор муносиб буда, дар ин минтақа имконияти хуби парвариши дарахтони гуногуни мевадор, аз ҷумла ситрусӣ, мавҷуд аст. Кишоварзони вилоят солҳои охир бо мақсади таъмини аҳолӣ бо меваҳои хуштамъу лазиз майдони боғотро васеъ мекунанд.
Баробари ба ҳосил даромадани ҳазорҳо навниҳолони боғҳои гуногунмева, ки қисмати зиёдашон дар ду - се соли охир шинонда шудаанд, аз ин пас дар вилоят соҳаи боғдорӣ ба таври лозима рушд хоҳад кард. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафарҳои кориашон ба вилоят бо назардошти вуҷуд доштани имконияти бунёду барқарорсозии боғу токзорҳо ва дар ин замина таъмини амнияти озуқаворӣ, содироти меваҳои хушсифат ва таъсиси ҷойҳои корӣ барои мардуми деҳот дастуру маслиҳатҳои судманд дода, роҳбарияту масъулони соҳаҳои дахлдорро вазифадор намуда буданд, ки ҷиҳати рушди соҳаи боғу токпарварӣ чораҳои даркорӣ андешанд.
Тавре Сорбон Шарифов, мутахассиси пешбари шуъбаи рустанипарварии сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон марбут ба рушди соҳаи мазкур иттилоъ дод, ҷиҳати амалисозии «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» то имрӯз дар тамоми шаклҳои хоҷагидорӣ дар масоҳати 47000 гектар боғи нав бунёд гардид, ки 103 фоизи нақшаи пешбинигардидаро ташкил медиҳад. Илова бар ин, соли 2020 бунёди 1020 гектар боғи нав дар назар аст. Айни ҳол дар шаҳру ноҳияҳои вилоят маъракаи ниҳолшинонӣ ҷараён дорад. Рафти иҷрои барномаи болозикр муайян намуд, ки дар ноҳияҳои Данғара 5536, Ховалинг 3523, Балҷувон 2126, Муъминобод 3084, Шамсиддин Шоҳин 3363, Кӯшониён 2157, Ҷалолиддини Балхӣ 2153 ва Панҷ 2148 гектар заминҳои бекорхобида баробари бунёди боғҳои нав ба гардиши кишоварзӣ ворид шуданд.
Ҳадафи барномаи мазкур таъмини аҳолӣ бо озуқаворӣ, ғанисозии сабади истеъмолӣ, таъмини корхонаҳои коркард бо ашёи хом ва афзун гардондани имкониятҳои содироти маҳсулот буда, ин иқдом барои амалисозии ҳадафи чоруми стратегӣ - саноатикунонӣ заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.
Олимону мутахассисони соҳа бо назардошти шароити иқлим ва бо мақсади татбиқи босамари барномаи болозикр тавсия медиҳанд, ки шинондану парвариши намудҳои гуногуни дарахтони мевадиҳанда, назири себ, нок, биҳӣ, олу, лимӯ, зардолу, шафтолу барои боғдорони вилоят мувофиқ аст. Айни ҳол татбиқи барномаи номбурда бо мақсади бунёди боғу токзорҳои нав, табдил додани навъҳои камҳосил ба навъҳои серҳосилу хушсифати ба содирот нигарондашуда, инчунин, дар асоси бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ баланд бардоштани ҳосилнокии онҳо ва дар маҷмӯъ зиёд кардани истеҳсоли меваю ангур идома дорад.
Анвар ҲАФИЗ, “ Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.03.2020 №: 61 Мутолиа карданд: 749