номаҳо
"НАВРӮЗНОМА" - И ПЕШВОИ МИЛЛАТ НАШР ГАРДАД
Мусаллам аст, ки пас аз расидан ба Истиқлолияти давлатӣ, хоса шурӯъ аз соли 1993-юм дар кишварамон Наврӯз бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шукӯҳ таҷлил мегардад. Ҳамасола дар ин ҷашни муқаддаси ниёгонамон суханронӣ мекунанд. Муҳтавои ин суханрониҳо асолати Наврӯзро бештару беҳтар бароямон ошно месозад. Ҳамзамон, зимни ин суханрониҳо Сарвари давлат дастуру маслиҳатҳои судбахш медиҳанд, ки иҷрои онҳо барои худшиносӣ, боло рафтани сатҳи маърифати аҳли ҷомеа ва ободонию шукуфоии Тоҷикистони азиз мебошад.
Мавриди зикри махсус аст, ки пештар ҳеҷ як сарвари вақти давлат бо меҳру муҳаббат ва самимияти хоса Наврӯзро истиқбол намекард ва моҳияти онро ба мардум намегуфт. Дар ин чанд сол бо ташаббуси бевоситаашон дар ин ҷашн, аз ҷумла ба пирон, маъюбон, ниёзмандон, камбизоатон, ёрии моддӣ мерасонанд, хатнасури фарзандони онҳоро баргузор мекунанд.
Мурод аз ин навиштаҳо он аст, ки хуб мешуд, матни тамоми суханрониҳои Пешвои миллат ба муносибати таҷлили Наврӯзи оламафрӯз дар шакли китоби алоҳида нашр ва ба хонандагон дастрас гардад. Аз онҳо мо беҳтарину асоситарин маълумотро дар бораи Наврӯз пайдо карда метавонем. Чунин як китоб ба яқин, дар шинохти асолати ин ҷашн беҳтарин васила маҳсуб меёбад.
Бояд ин нуктаро ҳам махсус таъкид намоям, ки забони матни ин суханрониҳо басо ширину фаҳмову равон мебошанд ва барои даркаш ба ҳеҷ мушкил рӯ ба рӯ намешавем.
Зулфия САФАРОВА, донишҷӯи коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба
номи П. Бӯйдоқови ноҳияи Рӯдакӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.03.2020 №: 61 Мутолиа карданд: 3117