номаҳо
"ҶУМҲУРИЯТ" НАШРИЯИ БЕҲТАРИН АСТ! НОМАИ ШОДБОШИИ ЯК ХОНАНДАИ РӮЗНОМА
Тамоми кормандон ва мухлисони рӯзномаи маҳбубамон – «Ҷумҳурият» - ро ба муносибати «Нашрияи сол» эътироф шуданаш самимона табрик мегӯям.
Ҳанӯз соли 2017, вақте ғолиби рубрикаи «Интеллект» гашта, ба идораи рӯзнома омада будам, дар мулоқот бо сармуҳаррири он Қурбоналӣ Раҳмонзода гуфтам, ки «Ҷум-ҳурият» нашрияи беҳтарин аст ва инро бояд эътироф кард. Қ. Раҳмонзода, ки табиатан марди фурӯтананд, гуфтанд, ки ҳама талоши мо баҳри мувофиқ ба завқи хонандагон омода намудани мавод аст ва ба кори мо танҳо хонанда баҳо дода метавонад. Ва мебинем, ки имрӯз кӯшишҳои кормандони рӯзнома самар оварданду «Ҷумҳурият» нашрияи сол эълон шуд.
Боиси хушнудии мо аст, ки «Ҷумҳурият» саршори навгониҳост. Имсол низ рубрикаи «Интеллект» ба «Интеллект +» табдили ном карда, рубрикаи нав бо номи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» таъсис ёфт. Рӯзнома бо ин иқдомаш мардумро ба китобхонӣ ташвиқ намуда, дар татбиқи сиёсати фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши бориз мегузорад.
Гузашта аз ин, маводи рӯзнома, ки гуногунмавзӯву хонданбобанд масоили мубрами рӯзро бозгӯ буда, рӯзномаи маҳбубро миёни алоқамандонаш боз ҳам дӯстдоштанӣ мегардонад.
Бори дигар аҳли қалами рӯзномаро ба муносибати 95 - солагии ин нашрияи бонуфузи кишвар, ки ҳамсоли Тоҷикистон асту пири матбуоти тоҷик ва ҳамчунин «Нашрияи сол» эълон шуданаш шодбош мегӯям. Мо ҳар шумораи «Ҷумҳурият»-ро бесаброна интизорӣ мекашем ва барои боз ҳам ҷолибтар намудани он ба кормандон завқи саршор таманно менамоем.
Абдукабир ЗУБАЙДУЛЛОЕВ,
сокини ноҳияи Айнӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.03.2020 №: 61 Мутолиа карданд: 3230