фарҳанг
ТАФАККУРИ ТЕХНИКӢ ТАФАККУРИ ЗИНДАГИСОЗ АСТ. БАРДОШТ АЗ МУЛОҚОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО АҲЛИ ИЛМ
Мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиёни ҷомеа дар арафаи таҷлили Наврӯзи фархундапай ба як анъанаи нек мубаддал гаштааст. Ин навбат низ мулоқоти Пешвои муаззами миллат бо рӯҳияи баланд ҷараён дошт. Президенти мамлакат таъкид доштанд, ки зиёиёни кишвар дар муддати се даҳсолаи охир дар таҳкими давлатдории навини тоҷикон, муаррифии таъриху фарҳанги миллӣ, адабиёти оламшумул ва санъату ҳунар саҳми муносиб гузоштаанд.
Ҳамзамон, зикр гардид, ки имрӯз бе илму инноватсия, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ қадаме ба пеш гузошта намешавад. Аз ин хотир, Вазорати маориф ва илм вазифадор шуд, ки дар асоси талаботи нав ва бо мақсади мутобиқ сохтан ба меъёрҳои байналмилалӣ, инчунин, баланд бардоштани сифати таълим стандартҳои давлатӣ ва нақшаву барномаҳои таълимиро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот таҷдиди назар намоянд.
- Маро саодати иштирок дар ин мулоқоти басо самимию гуворо насиб гардид ва аз он ба хулосаҳои муҳим расидам. Аз суханони пурмуҳтаво, саршор аз муҳаббат ба обу хоки диёр, асолати миллии Пешвои миллатамон ба ваҷд омадам. Бахусус, Сарвари давлат ҷиҳати рушду такомули соҳаи афзалиятноки ҷомеа – маориф дилсӯзонаю ҳадафмандона сухан ронда, таъкид доштанд, ки дар сиёсати давлатии кишвар соҳаи илм ва маориф дар мадди аввал аст. Равона гардидани ҳаҷми зиёди маблағи буҷети давлат ба соҳаи мазкур гувоҳи раднопазири ин гуфтаҳост. Зеро таҷрибаи давлатдории кишварҳои мутараққӣ собит намуданд, ки афзалият додан ба соҳаи муҳим кишаварро дар ҳама ҷода пешрав мегардонад. Махсусан, тақвият додани тафаккури техникии аҳолӣ дар навбати аввал қобилияти зеҳнии ҷавонон барои пешрафти илмҳои бунёдӣ ва техникию технологӣ фазои мусоид фароҳам меорад. Ин нукта ва раванди татбиқи 20 - солаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиӣ - дақиқ ва риёзӣ аз ҷониби Сарвари давлат баёни ҳамаҷиҳатаи худро ёфтанд, - изҳор дошт Осим Каримзода, сардори раёсати маорифи вилояти Суғд.
- Бори нахуст дар чунин мулоқоти сатҳи баланд бо иштироки Пешвои муаззами миллат ширкат карда, баҳри пешбурди соҳаи маориф дар солҳои баъдӣ бардошти зарурие ба худ гирифтам. Вазифаҳои мушаххас назди мо - кормандони соҳаи маориф гузошта шуданд ва моро танҳо зарур аст, ки бо ҷиддияти тамом хонандагонро дар рӯҳияи ҷиддии омӯзиши фанҳои табиӣ ва дақиқ таълим диҳем. Ҳавасмандгардонии устодони фанҳои табиатшиносӣ ва дақиқ шароит фароҳам меоварад, ки солҳои наздик натиҷаҳои чашмрас ба даст оварем, - гуфт Мухтасар Ҳайдаров, сардори раёсати маорифи шаҳри Истиқлол.
- Сарвари давлат аз ҳамаи масъулини соҳаи маориф ба таври қотеона талаб карданд, ки шавқу завқи донишҷӯёнеро, ки дар донишкадаҳои техникӣ таълим мегиранд, боло бардорем, то навоварию ихтироъкорӣ ва татбиқи онҳо дар истеҳсолот эҳсос шавад,- мегӯяд Мӯҷиба Ҷавҳарова, директори филиали Донишгоҳи давлатии техникии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара. - Дар ду се соли охир ҷиҳати навоварию ихтироъкорӣ дар мактаб таваҷҷуҳ зиёд мешавад. Ҳоло аз тарафи донишҷӯёни бахши мо дар самти омодасозии қаҳва бо истифода аз гиёҳҳои ватанӣ, коркарди хурмои маҳаллӣ пазируфта, соҳиби патент ҳам шудааст. Тасмим гирифтаем, ки ҳарчи зудтар ба татбиқи истеҳсолии онҳо муваффақ шавем.
Дар маҷмӯъ, на танҳо иштирокдорон, балки кулли мардуми заҳматписанди вилоят аз ин вохӯрӣ бардошту таассуроти наҷиб доранд ва ба оянда дилашон гармтар метапад.
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 31.03.2020 №: 62 Мутолиа карданд: 637