logo

ҳуқуқ

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ: "ҶИНОЯТКОРӢ ДАР БАЙНИ НОБОЛИҒОН КОҲИШ ЁФТ"

Содиршавии ҷиноят ва ҳуқуқвайронкунӣ аз ҷониби ноболиғон яке аз масъалаҳои нигаронкунанда буда, ҷиҳати пешгирии он аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пайваста чорабаниҳои зарурӣ роҳандозӣ мешаванд. Хушбахтона, дар натиҷаи амалӣ намудани тадбирҳои таъсирбахш мизони ҷинояткорӣ байни ноболиғон дар як соли охир коҳиш ёфтааст.

Дилшод Хайруллоев, прокурори раёсати назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, коҳиши ҷинояткорӣ дар байни ноболиғонро тасдиқ намуд ва дар суҳбат бо хабарнигори  “Ҷумҳурият” иброз дошт, ки соли 2019 аз тарафи ноболиғон ва бо иштироки онҳо 873 ҷиноят сабт шудааст, ки дар умум нисбат ба як соли пеш 34 ҷиноят кам мебошад.
Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта 277 ноболиғ дар ҷиноятҳои гурӯҳӣ, аз ҷумла 134 нафар дар якҷоягӣ бо калонсолон ва 143 нафар дар гурӯҳи ноболиғон, иштирок кардаанд. Аз шумораи умумии ноболиғоне, ки дар ин давра ҷиноят содир кардаанд, 223 хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 2 хонандаи мактаби миёнаи махсус, 3 хонандаи омӯзишгоҳи касбӣ ва 479 нафар бекор (дар ягон муассиса таҳсил намекунанд), мебошанд. Соли сипаришуда 7 ҳолати содир намудани ҷиноят аз ҷониби ноболиғон бо истифодаи корд сабт гардид.
Новобаста аз он ки 70 дарсади ҷиноятҳои аз ҷониби ноболиғон содиршударо дуздӣ ташкил диҳад ҳам, лекин назар ба соли 2018 - ум 12 ҳолат ё 1,9 дарсад кам шудааст. Ҳамзамон, зиёдшавии ҷиноятҳои дуздӣ аз ҷониби ноболиғон дар вилояти Суғд, шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Рӯдакӣ ва Файзобод ба чашм мерасад.
Дилшод Хайруллоев дар суҳбат бо мо оид ба раванди татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва аҳамияти он дар камолоти ҷавонон изҳор дошт, ки ин санади муҳими меъёрии ҳуқуқиест, ки аз иҷрои он чӣ гуна ба воя расидани насли наврас, рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар вобастагии зич дорад. - Ҳолати риоя ва иҷрои қонуни мазкур таҳти назорати доимии мақомоти прокуратура қарор дошта, ҷиҳати ошкор, пешгирӣ ва бартарф намудани қонунвайронкуниҳо дар ин самт мунтазам санҷишҳо гузаронда мешаванд. Дар давраи муайян бо мақсади фаҳмондани мазмуну муҳ-тавои қонун, нақши он дар таълиму тарбияи насли наврас, масъулияти падару модарон, шахсони онҳоро ивазкунанда, омӯзгорон ва дигар ташкилоту муассисаҳои масъул аз ҷониби мақомоти прокуратура 1800 вохӯриву суҳбат гузаронда шуда, дар 213 ҳолат тавассути воситаҳои ахбори омма намоишу суҳбатҳо интишор шудааст, - таъкид намуд ӯ.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки маҳз беназорат мондан, ба кори фоиданок машғул нагаштан ва аз омӯзиши илму ҳунар ғофил мондани ноболиғон  аз сабабҳои асосии даст ба ҷиноят задани онҳост. Ҳамчунин, собит шудааст, ки бархе падару модарон уҳдадориҳои худро ҷиҳати таълиму тарбияи фарзанд ба таври дахлдор иҷро намесозанд.

Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.03.2020    №: 62    Мутолиа карданд: 1078
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед