номаҳо
БА ЁРӢ ЭҲТИЁҶ ДОРАМ!
Наздики як сол аст, ки фарзанди 25 – солаам Қамчиев Шодрӯз Илолович бемори музмини гурдаҳо мебошад. Эҳтиёҷи ҷарроҳӣ барои пайвандкунии гурдаҳо дорем. Ба мақомоти болоӣ муроҷиат кардем. Шаш ҳазор сомонӣ ёрӣ расонданд. Аммо барои ҷарроҳӣ 48 ҳазор сомонӣ лозим аст, ки ин маблағро надорем. Албатта, пайвандон, хешовандону наздикон кумак намуданду 30 ҳазор сомонӣ ҷамъ овардем. Дар ин муддат маблағи ҷамъоварда барои ташхис, харидани доруҳои зарурӣ ва хуну дигар амалҳо сарф шуд. Ба ҷуз ин, тамоми ҳайвонҳои хонагӣ, яъне гову гӯсфанду бузҳоро фурӯхтему пулашро дар табобати фарзандамон харҷ намудем.
Барҳақ изҳор доштаанд, ки ранҷи бемордорӣ аз бемор будан мушкилтар будааст, хосса агар он бемор фарзандатон бошад. Дарун – дарун кас хомӯш месӯзаду хокистар мешавад.
Бояд зикр бикунам, ки 48 ҳазор сомонӣ танҳо барои ҷарроҳӣ лозим аст. Барои табобату ба по хезондани бемор 100 ҳазор сомонӣ зарур мебошад.
Ҳамин тавр, ман дар андешаи ҷамъоварии ин маблағ мебошам ва ба ёрӣ бисёр ниёзмандам. Ба мақомоти дахлдор, шахсони саховатпеша бо ин зарурат муроҷиат мекунам. Ноумед нестам. Бовар дорам, ки вазъи ногувори маро мефаҳманд ва дасти ёрӣ дароз мекунанд.
Бешак, ин танҳо мушкилоти ман нест. Бархе пештар, бархе имрӯз, бархе фардо ба он ҳатман рӯ ба рӯ шуданду ҳастанду мешаванд. Маълум аст, ки на ҳама ин маблағҳои калони заруриро пайдо карда метавонанд. Ногузир масъалаи мазкур бояд ҳарчӣ зудтар ҳалли худро биёбад, то ниёзмандону камбизоатон аз он ранҷ набаранд.
Илол ХОШОКОВ, ноҳияи Лахш
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 31.03.2020 №: 62 Мутолиа карданд: 3303