logo

фарҳанг

КИТОБ. ВАСФИ ГАНҶЕ, КИ НОЁБ АСТ

Беҳтарин падидаи фарҳангӣ китоб аст. Одамони бомаърифати олам китобро чун гавҳари қимматбаҳо, сарчашмаи дониш, воситаи таълиму тарбия ва мероси як насл ба насли дигар пазируфтаанд. Миллати тоҷикро ҷаҳониён, аз замони қадим, тавассути илм, адабиёт ва санъати волояш мешиносанд. Таърихи тоҷиконро маҳз китобҳо ҳифз ва ба оламиён муаррифӣ намудаанд. Аз ин ҷост, ки мардуми мо нисбат ба китоб ва китобдорон боэҳтиром сухан меронанд.
Имрӯз ҳам китоб шиносномаи шоистаи миллати мост. Китобхона бошад, махзани маданияти миллии тоҷик, рукни беназири фарҳанги миллӣ буда, дар ташаккули тамоми бахшҳои ҷомеа нақши бузург дорад.
Китоб ба хонанда маънӣ медиҳад, одамонро ба кору фаъолияти наҷиб моил менамояд, зиндагиро дар назаргоҳашон пурҷило нишон медиҳад. Он ганҷинаи тафаккур аст, махзани умеду орзу, раҳнамо ба олами донишҳост, он дурри гаронбаҳоест, ки шаъшаа бар хаёл афзуда, маъниҳои баланди ҳаётию иҷтимоиро ангезиш медиҳад. Оинаест, ки мо дар он таъриху зиндагии худро мебинем. Ҳамаи хубиҳои инсон аз китоб аст. Агар касе ҳам китоб нахонда бошад, маърифате, ки аз одамону ҷомеа, аз муҳити атроф гирифтааст, боз аз китобҳои хондаи онҳост. Китоб хубтарину нодиртарин мӯъҷизаест, ки ба одамон ҳадя шудааст. Пас, эҳтиромаш вазифаи муқаддаси ҳамаи мост. Ҳар қадар, ки мо онро азизу мӯътабар шуморем, он моро ба зинаҳои баланди илм, маърифат ва одамият мекашад.
Китоб шамъи дили инсон, роҳбару роҳнамои ӯ дар зиндагист, ки аз нури он метавон неку бад ва нафъу зарарро шинохт.
Аз ҷамъи офаридаи инсон ба мо наздиктарин, бузургтарин ва бебаҳотарин китоб аст. Ҳамагон хуб медонем, ки миллати соҳибтамаддуни тоҷик аз қадимулайём китобдору китобхон буд ва баҳри савияи донишу малакаи фарзандони хеш саъю кӯшиши худро дареғ намедорад. Маҳз, ҳамин китобдӯстии тоҷикон дар арсаи таърих буд, ки фарзонафарзандони ин миллатро ҷаҳониён мешиносанду эҳтиромашонро ба ҷо меоранд.
Имрӯзҳо таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат нисбат ба соҳаи китобдорӣ зиёд мешавад. Махсусан, дастгириву ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат аст, ки дар ҷумҳурии азизамон китобхонаҳои наву замонавӣ сохта мешаванд. Яке аз чунин иқдомҳои Ҳукумати мамлакат ин бунёди бинои наву муҳташами Китобхонаи миллии Тоҷикистон мебошад. Ин аст, ки таваҷҷуҳи мардуми китобдӯсту китобхони тоҷик нисбат ба китоб зиёд гашта, китобхонаҳои мамлакат барои тамоми хонандагонашон шароити мусоидро барои баланд бардоштани савияи дониши истифодабарандагонаш муҳайё менамоянд.

Маҳмадҷон АБДУЛҚОДИРЗОДА,
сардори сарраёсати Хадамоти
назорати давлатии тандурустӣ
ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
дар вилояти Хатлон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.03.2020    №: 62    Мутолиа карданд: 587
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед