logo

фарҳанг

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. МУСОҲИБА ДАР МАВЗӮИ РӮЗ

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии мардуми кишвар тадбирҳои оқилона ва саривақтӣ меандешад. Эҳё, ҳимоя, таблиғ ва густариши намунаҳои фарҳанги миллӣ аз қадамҳои устувор дар ин самт ба шумор мераванд. Шариф Комилзода, директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ – тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанг, андешаҳояшро дар ин бора дар суҳбат бо хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият» баён дошт:
- Тоҷикистон яке аз давлатҳои мутамаддини ҷаҳон буда, дорои фарҳанги суннатии қадимтарини моддиву ғайримоддӣ мебошад. Дар фарҳанги суннатии тоҷикон намунаҳои зиёди ҳунарҳо ва анъанаҳои мардумӣ мавҷуданд, ки тӯли таърих дар натиҷаи робитаҳои фарҳангӣ ва сиёсӣ ба кишварҳои дигар гузаштаанд ва имрӯз баъзе халқҳои минтақа он намунаҳоро ҷузъи фарҳанги худ низ мешуморанд. Чунончи, Ҷашни Наврӯз, шоҳасари мусиқии «Шашмақом», ҳунарҳои заргарию зардӯзӣ, атласу адрасбофӣ, таомҳову либосҳои анъанавӣ ва монанди инҳо нахуст дар байни тоҷикон рушду такомул ёфта, сипас ба фарҳанги халқҳои дигар гузаштанд.
Боиси ифтихор аст, ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баъзе кишварҳои дигар соли 2010 тибқи қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид Ҷашни фархундаи Наврӯз мақоми байналмилалиро соҳиб шуд.  Инчунин, дар феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО сабт гаштани намунаҳои беҳтарини мероси фарҳанги ғайримоддии тоҷикон яке аз самтҳои дигари фаъолияти сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар феҳристи мазкур то кунун се номинатсияи тоҷикон: «Шашмақом» (соли 2008, ҳамроҳ бо Ӯзбекистон), «Оши палав ҳамчун хӯроки анъанавӣ ва фазои иҷтимоию фарҳангии он дар Тоҷикистон» (2016) ва «Наврӯз» (2016, ҳамроҳ бо Афғонистон, Эрон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Ироқ, Покистон, Туркия, Туркманистон ва Ҳиндустон) сабт шудаанд.   Айни  замон  ду номинатсияи дигар – мусиқии суннатии тоҷикон «Фалак» ва «Санъати чакандӯзӣ дар Тоҷикистон» барои сабт ба феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО пешниҳод шуда, мавриди омӯзиши комиссияи мазкур қарор дорад.
Қобили зикр аст, ки бо ташаббус ва дастгириҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 номинатсияи «Чакан» ба феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид шуд, ки барои таҳия ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳои он саҳми олимони муассисаи мо назаррас аст.
Барои эҳёву тарғиби касбу ҳунарҳои мардумӣ ва кашфи истеъдодҳои нави ҳунарӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ силсилаи фестивалу озмунҳо, аз ҷумла «Ҳунар омӯз…», «Чакомаи гесӯ», «Ҳунар беҳтар аз зар бувад», «Сад ранги чакан», «Атласу адрас», «Оши палав», «Ҷилваи рангҳо», «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг», «Сайри гули лола», «Дастархонороӣ», «Кадбонуи беҳтарин», «Мисгарӣ ва оҳангарӣ», «Кулолӣ, чӯбтарошӣ ва сабадбофӣ», «Нон шудам шоистаи ҳар хон шудам» ва ғайраҳо доир шуданд, ки дар оянда низ баргузории чунин фестивалу озмунҳо дар назар аст. Ҳадаф аз ин чорабиниҳо рушди устувори ҳунарҳои бадеии мардумӣ, ҷалби сайёҳон ба мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва ба ин васила тарғиби анъанаҳои неки ниёгон, арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги волои халқи тоҷик мебошад.
Албатта, бо ин ва далелҳои зиёди дигар метавон гуфт, ки тадбирҳое, ки аз ҷониби Ҳукумат, бавижа Сарвари давлат дар ин самт роҳандозӣ шуда истодаанд, аллакай самар оварданд. Ин аст, ки айни ҳол дар миқёси ҷумҳурӣ 6805 ҳунарманд фаъолият мебарад, ки бевосита дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, баланд бардоштани обрӯю нуфузи Тоҷикистони маҳбуб, муаррифии фарҳангу санъати миллӣ ва ҳунари волои халқи тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ саҳми худро мегузоранд.

Нигина РАҲМОН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.04.2020    №: 63    Мутолиа карданд: 749
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед