logo

фарҳанг

ЖУРНАЛИСТИКАИ ТЕАТРӢ. АНДЕШАҲОЕ, КИ БОЯД ГУФТ

Солҳои охир мафҳуми «журналистикаи театрӣ» на танҳо дар воситаҳои ахбори омма, балки дар адабиёти илмӣ низ мавриди истифода қарор мегирад. Бо ин истилоҳ бори нахуст дар «Луғати муосири театриву драмавӣ» вохӯрдем, ки муаллиф А. Баканурский онро чунин тавзеҳ додааст: «Журналистикаи театрӣ системаи жанрҳои рӯзномаву маҷаллавиест, ки дар маводи онҳо мушкилоти ҷории ҳаёти театрӣ инъикос мешаванд. Ба жанрҳои журналистикаи театрӣ тақриз ба нахустнамоишҳои театрӣ, обзори мавсими театрии сипаришуда, портретҳои эҷодӣ, мусоҳиба, мақолаҳои проблемавӣ, хотираҳои ходимони театрӣ, ҳамчунин, анонси нахустнамоишҳои дарпешистода шомил мешаванд. Маводи вобаста ба мушкилоти театрӣ ҳам дар ҷаридаҳои махсусгардондашудаи театрӣ ва ҳам маҷмӯаҳои санъатшиносиву фарҳангшиносӣ ва ҳам  нашрияҳои ҷамъиятиву даврӣ ҷой дода мешаванд».
Ба таъбири дигар, дар тавзеҳи А. Баканурский журналистикаи театрӣ аз системаи жанрҳое иборат аст, ки онҳоро як ҷанбаи асосӣ – мавзӯи театрӣ ба ҳам овардааст.  Ӯ, ҳамзамон, истилоҳи мазкурро ҳамчун фаҳмиши бунёдии соҳа тавзеҳ медиҳад, зеро дар луғати зикргардида мақолаҳои «Нақди театрӣ» ва «Публитсистикаи театрӣ» ҳамчун қисматҳои асосии «журналистикаи театрӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Дар ин хусус олими шинохтаи Ҷумҳурии Беларус Т. Орлова таҳти унвони «Журналистикаи театрӣ» китоби дарсӣ низ дорад.
Бояд тавзеҳ дод, ки дар даврони шӯравӣ, дар замони театршиносии академӣ, чунин тарзи масъалагузорӣ ба гӯшаи хаёли касе ҳам намеомад, зеро он замон нақди театрӣ ҳамчун қисмати алоҳидаи эҷоди адабӣ шумурда шуда, дорои қонуниятҳои хос буд.
Имрӯзҳо таъбири журналистикаи театриро ҳатто ба сифати антитезаи  нақди театрӣ истифода мебаранд. Яке аз чунин муаллифон В. Борзенко нақди театриро ҳамчун як ҷузъи таркибии журналистикаи театрӣ медонад. Ҳарчанд муаллиф дар нигоштаҳои аввалаш мафҳуми мазкурро эҳтиёткорона истифода мекард, вале вақт собит намуд, ки ҳақ бар ҷониби ӯст. Чуноне ки таҳқиқи рушди афкори театршиносӣ дар ҷаҳон нишон медиҳад, то оғози садаи ХХ тамоми маводе, ки оид ба театр иншо мегардид, ҳеҷ чизи дигаре ба ҷуз журналистикаи театрӣ набуд.
Ба ғайр аз муқарризони намоишҳои театрӣ дар ин самт журналистони навқалам, ходимони театр ва ҳатто тамошогарон қувва месанҷиданд.
Қатъи назар аз ин, таърихи таҳқиқи масъалаи мазкур омӯзиши дақиқро тақозо дорад. Дар садаи ХХ журналистика ва нақди театрӣ бо таҳаввулоти зиёде рӯ ба рӯ шуданд. Дар даврони шӯравӣ театршиносӣ ба як шохаи алоҳида, муҳим ва пурқуввати илмӣ табдил ёфт. Ба шарофати он нақди театрии ҳирфавӣ низ рушд кард. Аз ин лиҳоз, аксари коршиносон бар ин назаранд, ки даврони шӯравиро метавон замони нуфузи нақди академӣ арзёбӣ намуд.
Раванди ташаккули афкори эстетикӣ ва театриву фарҳангшиносии тоҷик ҳамчун илми ҷудогона ва дар шакли  аврупоӣ, бахусус пас аз ҳамроҳ  шудани Осиёи Марказӣ ба империяи Россия оғоз гардид. Амали мазкур ба шиносоии бештари халқи тоҷик бо афкори фарҳангшиносии кишварҳои аврупоӣ, ки дорои санъати пешрафтаи театрӣ буданд, ҳусни оғоз бахшид. Театри касбии тоҷик дар оғози садаи ХХ ба фаъолият шурӯъ кард. Таъсиси театри ҳирфавӣ ба рушди ҳунарҳои таҳиягарӣ, бозигарӣ, саҳнаороӣ ва театршиносиву нақди театрӣ асоси воқеӣ гузошт. Ҳунармандони тоҷик дар асоси усулу равияҳои нави эҷодии аз мактаби театрии рус азбарнамудаашон ба комёбиҳои ҳунарӣ ноил гаштанд. Маҳз дар ҳамин гуна шароит асоси театршиносии тоҷик равнақ ёфт.
Таҷрибаи солҳои нахустини фаъолияти театри ҳирфавӣ низ собит кард, ки танҳо бо такя ба таҷрибаи театри рус, дар раванди таъсири мутақобилаи ҳунари суннатии миллӣ ва дастовардҳои эҷодии театри ҷаҳонӣ метавон санъати театрие офарид, ки ба талаботи ҷомеа ҷавобгӯ буда, завқи тамошобинонро боло барад. Зимнан, ба рушди журналистикаи театрии тоҷик аз бисёр ҷиҳат театршиносии рус таъсир расонд. Журналистикаи театрии тоҷик ҳамвора бо театрҳои нахустини тарғиботӣ шакл гирифта, барои ба вуҷуд омадани театри ҳирфавии сохти нав заминаҳои мусоид гузошт.
Ба касе пӯшида нест, ки ҳолати кунунии нақди театрӣ дар ҷумҳурӣ нигаронкунанда мебошад. Аз нигоҳи аввал, чунин ба назар мерасад, ки касе дар ин самт фаъолият надорад. Вале ҳастанд шахсоне, ки дар ин ҷода заҳмат мекашанд. Ин ҳолатро метавон ба таври истисно нақди театрӣ низ номид. Яъне, холигии баамаломадаро танҳо журналистон пур карда истодаанд. 
Дар воситаҳои ахбори омма ба масъалаҳои инъикоси ҳаёти театрӣ журналистони ҳирфавӣ машғуланд, ки ин бурди асосии онҳост. Журналистон вобаста ба формати нашрияи худ воқеаҳои театриро мунъакис месозанд.  Мушкили асосӣ дар он аст, ки то ҳол дар ҷумҳурӣ нашрияи махсуси театрӣ вуҷуд надорад. Вобаста ба ин, журналистон маҷбуранд ба жанрҳои ҷиддии нақд камтар даст зада, нигоштаҳои худро ба талаботи идораҳояшон мутобиқ созанд.
Агар вазъияти баамаломада бо ҳолати дигар кишварҳои пасошӯравӣ муқоиса шавад, маълум мегардад, ки вазъият он қадар фарқи ҷиддӣ надорад. Тавре муҳаққиқи соҳаи журналистика Н. Катериненко оид ба ҳолати журналистикаи театрӣ дар Федератсияи Россия иброз доштааст: «Яке аз сабабҳои асосие, ки журналистон якбора дар бораи ҳама чиз ба навиштан оғоз намуданд, ҳамон аст, ки онҳо ба театр омада, аз намоишҳои сусту беҳунарона офаридашуда дилтанг мешаванд (Аз ин рӯ, шиносҳои ман, ки аксар аҳли зиё ҳастанд, бо шунидани сухани волои «театр» рӯй турш мекунанд). Нақди ҷиддиро нашрияҳои ялаққосии имрӯза низ қабул надоранд. Онҳо ҳам бо ҳамон мақоме замзама доранд, ки хонандагон аз дигар ҷаридаҳо мешунаванд. Агар мабодо нақди ҳирфавие ба вуҷуд ояд, он ҳам аз тамаллуқкорӣ ва таърифи  аз будаш зиёд иборат хоҳад буд. Журналистонеро, ки ҳунармандон ва асарҳои хому хаталаи онҳоро танқид мекунанд, дар театрҳо намеписанданд ва ба театрашон даъват намекунанд. Кам касоне  ёфт  мешаванд,  ки  бихоҳанд  дар  «рӯйхати сиёҳ» - и театр ҷой гирифта бошанд».
Аз нигоштаҳои Н. Катериненко бармеояд, ки, воқеан ҳам, яке аз сабабҳои дар ҳолати бад қарор доштани журналистикаи театрӣ ҳамон асарҳои аз бадеият ории намоишҳои баъзе аз театрҳои кишвар мебошад. Чуноне ки таҷриба нишон медиҳад, ҳамин ки як асари хуб пайдо шавад, мунаққидони соҳа ба он назарногирона нигоҳ кунанд ҳам, журналистон зуд ба тарғибу ташвиқаш даст мезананд.
Имрӯз барои дар бораи асарҳои саҳнавӣ ҳукм баровардану онро шарҳу тавзеҳ додан маълумоти касбӣ ва таҷрибаи кофӣ на он қадар зарур аст. Ҳамин кофист, ки як намоиши театрро тамошо кунеду дар борааш андешаҳоятонро бигӯед. Ё бо яке аз ходимони театрӣ вохӯрда, тамоми масъалаҳои намоишро «ҳаллу фасл намоед». 
Хурсандиовар аст, ки дар кишвари мо низ журналистикаи театрӣ андак - андак шакл гирифта истодааст. Умед дорем, ки дар солҳои наздик он ба яке аз самтҳои маъмулии журналистика табдил меёбад. Аз ин рӯ, вақти он расидааст, ки дар бораи таълими асосҳои журналистикаи театрӣ дар донишгоҳу донишкадаҳо андеша намоем.

Муҳаммадуллоҳи ТАБАРӢ,
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.04.2020    №: 63    Мутолиа карданд: 620
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед