logo

иқтисод

ЗИНДАГӢ МЕШУКУФАД. БАРДОШТ АЗ НОҲИЯИ ДАНҒАРА

Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Данғара баҳри сарсабзу хуррамгардонии гулгаштҳои шаҳраку деҳот, назди ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳо дар маҷмӯъ, 17000 бех ниҳоли сояафкану боровар, ороишӣ, ҳамешасабз, инчунин 163100 дона гули лола ва 50340 - то гули садбарг шинонданд.

Бино ба иттилои сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия Хуршед Тоиров, имсол аз хориҷи кишвар 290 бех чинор оварда ва дар маҳалу кӯчаҳои шаҳраки Данғара шинонда шуд. Ҳамзамон, барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани иди Наврӯз дар 129 кӯза ниҳол, дар гулдонҳо ба миқдори 3240 дона гули лола шинонданд, ки онҳо аз тарафи муассисаи ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунӣ парвариш меёбанд. Кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зист бо мақсади беҳдошти муҳити зист, афзун намудани захираҳои табиат, баланд бардоштани маърифати экологӣ каналҳо ва ҳудуди шаҳраку маҳалҳоро аз партовҳо тоза месозанд. Ба наздикӣ шуъбаи ҳифзи муҳити зист бо иштироки идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия дар соҳилҳои канали обпартои деҳаи Меҳтари Ҷамоати деҳоти Оқсу, бо мадади аҳолӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ тозагии соҳил гузаронд. Бо ёрии нақлиётҳои вазнини боркаш, як адад партовгоҳ дар ҳаҷми 25 метри мукааб пурра тоза ва аз кӯчаҳои Световой, М. Турсунзода ва М. Нуралӣ партовҳои зиёд бароварда шуданд. Тоза нигоҳ доштани муҳити зист, ки ҳаёти осоиштаву солимии мардум аз он вобастагии калон дорад, рисолати аслии кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия мебошад.

Холназар КАСИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.04.2020    №: 63    Мутолиа карданд: 827
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед