фармонҳои президент
ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Фаластин таъйин намудани Раҷабиён М. Д.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Раҷабиён Маҳмадалӣ Давлатшо ҳамзамон сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Фаластин таъйин карда шавад.
Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 1 апрели соли 2020, № 1514
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 02.04.2020 №: 64 Мутолиа карданд: 1990